27 декабри соли 2019

Рузи 27 декабри соли 2019 дар Институти иктисодиёт ва демографияи АИ ҶТ Шӯрои олимон баргузор гардид.

Рӯзномаи ҷаласаи Шӯрои олимон аз масъалахои зерин иборат буд.
1. Ҳисобот дар бораи натиҷаҳои фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ва илмӣ-ташкилии ИИваД АИ ҶТ дар соли 2019
2. Оид ба натиҷаҳои конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалии «Нақш ва моҳияти сармояи инсонӣ дар рушди инноватсионии Тоҷикистон»
3. Ҳисоботи илмии бахши таҳқиқоти институтсионалӣ ва иқтисодиёти бахши иҷтимоии шуъбаи таҳқиқотҳои институтсионалӣ ва иқтисодиёти бахши иҷтимоӣ
4. Ҳисоботи илмии бахши кластерикунонии иқтисодиёти миллии шуъбаи таҳқиқотҳои минтақавӣ ва ҷойгиркунии қувваҳои истеҳсолкунанда
5. Дар бораи тасдиқ намудани Нақшаи чорабиниҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва илмӣ-ташкилии ИИваД АИ ҶТбарои соли 2020
6. Масъалаҳои ҷорӣ.

Ҳимояи диссертатсия

20 декабри соли 2019, соати 13:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.KOA-021 назди Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимояи диссертатсияи Соҳибов Фирдавс Ҳасанович дар мавзӯи «Самтҳои асосии баланд бардоштани амнияти иқтисодии гидроэнергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои дарёфти дараҷаи номзади илмҳои иқтисодӣ аз рӯи ихтисоси 08.00.05 – Иқтисодиёт ва идораи хоҷагии халқ (бехатарии иқтисодӣ) баргузор гардид.

Ҳимояи диссертатсия

06 декабри соли 2019, соати 13:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.KOA-021 назди Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимояи диссертатсияи Бурҳонов Идибек Баҳромбекович дар мавзӯи «Таъмини иттилоотию таҳлилии идоракунии давлатии рушди низоми иҷтимоию иқтисодии минтақа» (дар мисоли вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон) барои дарёфти дараҷаи номзади илмҳои иқтисодӣ аз рӯи ихтисоси 05.13.10- Идоракунӣ дар низомҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ баргузор гардид.

Ҳимояи диссертатсия

06 декабри соли 2019, соати 10:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.KOA-021 назди Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимояи диссертатсияи Шарифӣ Фирӯза Бурихонзода дар мавзӯи «Такмили механизмҳои идоракунии хизматрасониҳои бахши давлатӣ» (дар асоси маводҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон) барои дарёфти дараҷаи номзади илмҳои иқтисодӣ аз рӯи ихтисоси 05.13.10- Идоракунӣ дар низомҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ баргузор гардид.

Конференсияи ҷумҳуриявии илмию-амалӣ

Рӯзҳои 5-6 декабри соли 2019 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи миллии таҳқиқоти илмии мақсаднок оид ба масъалаҳои рушди инсон, таъмини минбаъдаи принсипҳои демократӣ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ барои солҳои 2013 – 2028 ва дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2019 №79 «Дар бораи нақшаи баргузории чорабиниҳои илмӣ ва илмию техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019» конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ дар мавзӯи «Нақш ва моҳияти сармояи инсонӣ дар рушди инноватсионии Тоҷикистон» баргузор гардид.
Конференсияро бо сухани ифтитоҳӣ директори Институти иқтисодиёт ва демографияи АИ ҶТ, узви вобастаи АИ ҶТ, д.и.и., профессор Саидмуродов Л.Ҳ. кушода, ба диққати иштирокчиён масъалаҳои баррасишавандаи конфронсро расонид.
Дар кори конференсия ноиби Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои сиёсатшиносӣ, профессор Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз, академики АИ ҶТ – Раҳимов Р.К., узви вобастаи АИ ҶТ Исламов С.И., намояндаи Бонки Ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алишер Раҷабов,, Маркази тадқиқоти стратегии назди ПҶТ, Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон (АМИТ) «Ховар», вазорату идораҳо, донишгоҳҳою муассисаҳои илмӣ ва дигар шахсони даъватшуда иштирок намуданд.

IMG_1625

IMG_1616

IMG_1663

IMG_1640

Шӯрои олимон

Рузи 29 ноябри соли 2019 дар Институти иктисодиёт ва демографияи АИ ҶТ Шӯрои олимон баргузор гардид.
Рӯзномаи ҷаласаи Шӯрои олимон аз масъалахои зерин иборат буд.
1. Дар бораи фаъолияти Шӯрои олимони ҷавони Институти иқтисодиёт ва демографияи АИ ҶТ
2. Ҳисоботи илмии бахши иқтисодиёти нақлиёти шуъбаи таҳқиқотҳои минтақавӣ ва ҷойгиркунии қувваҳои истеҳсолкунанда
3. Масъалаҳои ҷорӣ
3.1. Дар бораи ба нашр тавсия намудани монографияи илмии шуъбаи таҳқиқоти фаъолияти берунии иқтисодӣ ва рушди муносибатҳои интегратсионӣ – «Таджикистан на пути цифровой экономики»

Шӯрои олимон

15 ноябри соли 2019 дар толори Шӯрои олимон бо иштироки тамоми шуъба ва бахшҳои илмии Институт ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба таҷлили «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир гардид. Муовини директор оид ба корҳои илм ва таълим, д.и.и., профессор Мирсаидов А. Б. ҳозиронро бо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, доир ба саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии сулҳ ва дастовардҳои назарраси даврони Истиқлолияти давлатӣ ва низоми идораи президентӣ суханронӣ намуданд. Дар ҷаласа инчунин, мудири бахши таърихи афкори иқтисодӣ, х.к.и.- Ҷалолов Ш. А. дар мавзӯи «Президент – кафили Истиқлолияти миллӣ» презентатсия (рӯйнамо) намуданд.

Шӯрои олимон

Рузи 25 октябри соли 2019 дар Институти иқтисодиёт ва демографияи АИ ҶТ Шӯрои олимон баргузор гардид.
Рӯзномаи ҷаласаи Шӯрои олимон аз масъалаҳои зерин иборат буд.
1. Оид ба семинари илмӣ-назариявӣ бахшида ба 110-солагии академик Нарзиқулов Ибодулло Қосимович.
2. Натиҷаҳои аттестатсияи дохилии аспирантони бахши рӯзона ва ғоибонаи Институти иқтисодиёт ва демографияи АИ ҶТ.
3. Ҳисоботи илмии бахши демографияи оилаи шуъбаи демография.
4. Ҳисоботи илмии бахши иқтисодиёти истифодаи захираҳои табиати шуъбаи таҳқиқкотҳои минтақавӣ ва ҷойгиркунии қувваҳои истеҳсолкунанда.
5. Масъалаҳои ҷорӣ.
Рафти омодагӣ барои ташкил ва гузаронидани конфренсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Нақш ва аҳамияти сармояи инсонӣ дар рушди инноватсионии Тоҷикистон».

Конференсияи байналмилалии илмӣ – амалӣ

25 октябри соли 2019 дар Академияи бонкӣ ва молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон конференсияи байналмилалии илмӣ – амалӣ дар мавзӯи «Ҳамгироии Ӯзбекистон ба бозори ҷаҳонии молиявӣ: тамоюлҳои асосӣ, мушкилот ва дурнамо» баргузор гардид, ки дар кори он н.и.и., ходими пешбари илмии шуъбаи таҳқиқотҳои назариявӣ, таърихи иқтисод ва афкори иқтисодии Институт Шарипов Б.М. иштирок ва баромад намуданд.

11111

Ҳимояи диссертатсия

18 октябри соли 2019, соати 13:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.KOA-021 назди Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимояи диссертатсияи Сафаров Азизулло Исматуллоевич дар мавзӯи «Такмили методикаи арзёбӣ ва ояндабинии фаъолияти иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои дарёфти дараҷаи номзади илмҳои иқтисодӣ аз рӯи ихтисоси 05.13.10- Идоракунӣ дар низомҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ баргузор гардид.