Дар бораи сармуҳаррир

Сармуҳаррири маҷаллаи «Иқтисодиёти Тоҷикистон»

Қаюмов Нуриддин Қаюмович

Маълумоти шахсӣ: таваллуд 15 июни соли 1937, миллат тоҷик

Маълумот: олӣ, Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро (соли 1961) бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм намуд, доктори илмҳои иқтисод, академики АИ ҶТ.

Фаъолияти касбӣ:

Солҳои 1956-1961 – таҳсил дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин

Солҳои 1961-1981 – аспирант, ходими калони илмӣ, мудири шӯъба, ҷонишини директори Институти иқтисодиёти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 1981-1993 – директори Институти иқтисодиёти банақшагии давлатии Тоҷикистон

Соли 1994 – мушовири давлатии сарвари давлат оиди сиёсати иҷтимоӣ-иқтисодӣ

Солҳои 1995-1998 – директори Маркази тадқиқоти стратегӣ

Солҳои 1998-2001 – ҷониши вазири иқтисод ва робитаҳои байналхалқии хориҷӣ

Солҳои 2001-2010 – директори Институти тадқиқотҳои иқтисодии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 2012-2013 – мудири шӯъбаи масъалаҳои бахши воқеии иқтисодиёти Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Аз соли 2013 то кунун – мудири шӯъбаи макроиқтисодиёт ва тадқиқоти минтақавӣ

Доираи рағбати илмӣ: муҳоҷирати иқтисодӣ ва ҳамкории байналхалқӣ, макроиқтисод, сиёсатии иқтисодии Тоҷикистон

Мақолаҳо: қариб 400 мақолаҳои илмӣ дар Тоҷикистон ва хориҷ аз он