
Дастоварди навбатии илмӣ дар Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ.
Боиси ифтихор аст, ки ходими пешбари илмии шуъбаи таҳқиқоти иқтисодиёти бахши воқеии Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ, номзади илмҳои иқтисодӣ Абдуалимов Баҳром Абдулазимович рисолаи доктории худро дар мавзуи "РОҲҲОИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САМАРАНОКИИ ИСТИФОДАИ ЧАРОГОҲҲО ДАР ЗАМИНАИ ПРИНСИПҲОИ ЗАМИНИСТИФОДАБАРИИ УСТУВОР" аз рӯйи ихтисоси 5.2.6.Иқтисодиёти соҳаи кишоварзӣ дар Шурои диссертатсионии 6D.КОА-016 назди Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур бомуваффақият ҳимоя намуд. Мавзуи рисолаи илмӣ хеле мубрам буда, ҳадафи таҳқиқоти диссертатсионӣ дар коркарди муқаррароти назариявию методологии таҳияи системаи ташкили истифодаи оқилонаву самараноки чарогоҳҳо дар заминаи присипҳои заминистифодабарии устувор ва коркарди тавсияҳои амалӣ ҷиҳати баланд бардоштани иқтидори иқтисодии чарогоҳ барои таъмини рушди човодории чарогоҳӣ, ки барои таъмини гузариш ба кишоварзии устувор мусоидат менамояд, ифода мегардад. Олим дар рисолаи илмии худ дар доираи тавсифи равиши назариявӣ доир ба муносибатҳои замин ва истифодаи оқилонаву самараноки чарогоҳҳо таҳқиқот бурда, хусусиятҳои ташкили истифодаи самараноки чарогоҳҳо дар системаи заминистифодабарии устувор, инчунин асосҳои назариявии заминсозии байнихоҷагӣ ва дохилихоҷагиро дар минтақаҳои чорводории чарогоҳӣ мавриди таҳқиқ қарор додааст. Натиҷаҳои ба дастомада метавонад дар коркарди таъминоти методии равандҳои заминсозӣ, чарогоҳҳои ободшудаи дар иқтисодиёти кишоварзӣ ва баҳодиҳии самаранокии истифодаи онҳо истифода шавад. Нерӯи зеҳнии илмию эҷодии ин олими ташаббускор замина мегузорад, ки муҳтавои илми иқтисодро дар сатҳи ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ муаррифгар бошаду пайваста онро дар замири аҳли илм роҳандозӣ намояд. Ҷомеаи меҳнатии Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ устоди азизро бо ин дастоварди илмии назаррас муборакбод намуда, барояшон ободии рӯзгор, комгориву тавфиқ, сарбаландиву зафармандиро таманно менамояд.
Муфассалтар





