Идомаи мақола

Ғояҳои асил ҷовидонанд: ҷомеа ва шаклгирии
мафкураи ҷавонон

«Фалсафаи ҳаёт ин аст, ки ояндаи ҷомеа, идораи давлату миллат, ҳифз кардан ва афзун намудани музаффариятҳои Истиқлолият ба дасти ҷавонон мегузарад. Ҳамин аст, ки дар ҷаҳони пуртазоди муосир мубориза барои мафкураи ҷавонон торафт пурзӯр мегардад».

Эмомалӣ Раҳмон

4. Решаҳои иҷтимоии шаклгирии мафкура

Коҳиш ёфтани сатҳи мафкуравии аъзоёни ҷомеа, бахусус, чавонон, ба вуқӯъ омадани ихтилофоти мафкуравӣ ва нерӯгирии бархе аз равияҳои ақидавӣ, решаи иҷтимоӣ дорад. Чуноне маълум аст, Тоҷикистон нисбат ба дигар давлатҳои ИДМ, давраи гузариши солҳои 90-умро хеле харобовару шадиттар аз сар гузаронид, ҷанги шаҳрвандӣ иқтисодиёт ва маҷрои ҳаёти иҷтимоии мардумро фалаҷ карда буд. Нуфузи бекорон ва аз ин лиҳоз, теъдоди муҳочирати меҳнатӣ сол аз сол афзуд. Аслан як ду нафари аъзоёни ҳар як оилаҳои тоҷик, барои пайдо кардани даромад ва таъмини ҳаётгузаронии оилаҳои худ дар сохтмону хоҷагиҳои ёрирасони Федератсияи Русия ва Қазоқистон ба кор мераванд. Беш аз 50 фоизи муҳоҷирони меҳнатиро ҷавнони то синни 35 сола ташкил медиҳад. Дар кишвар ҳарчанд ҷои кор ҳаст, аммо музди миёнаи моҳонаи номиналӣ соли 2010 дар иқтисодиёти кишвар 80 доллар буд, ки баробар қариб ба 10 фоиз маоши миёнаи номиналии моҳонаи коргарони Федератсияи Русияро ташкил медиҳад. Имрӯз мегуем, ки сатҳи камбизооатӣ аз 80% ба 45% поён фаромадааст. Ҳамин 45 фоизи нуфузи камбизоатон, дар мавриди берун аз назар мондан, метавонад чун захираи афзудани ҷараёнҳо ва ё равияҳои мазҳабӣ гарданд. Охир, мегӯянд, “гурусна бо шер панҷа мезанад”, яъне камбизоатро бо пул ба «ҷасорат» даъват кардан осон аст. Ҳоло он, ки ин равияҳо барои шомил намудани ин тоифаи ҷомеа ба сафи худ маблағхои муайянеро дареғ намедоранд, зеро барои рушди онҳо аз хориҷи кишвар маблағгузориҳои кофӣ ворид мешавад. Илова бар ин, ҳарчанд нуфузи камбизоатон кам шуда бошад ҳам, аммо афзудани камбизоатии нисбӣ, яъне паст будани дараҷаи болоравии даромади онҳо, сатҳи зиндагии онҳо аз дараҷаи болоравии даромаду сатҳи зиндагии нуфузи ками қишри дороёни ҷомеа ва ё афзудани фарқияти хеле калони даромади дороён ва камбизооату миёнаҳолон, ки аксаран чун рӯ задани нобаробарии иқтисодиву иҷтимоӣ арзёби мегардад, ба чашм мерасад. Ин ҷо, омилу сарчашмаи мавҷуд будани тафриқаи калони даромадҳои оилаҳоро, аслан иқтисоди пинҳонӣ ва ё ғайрирасмӣ, амалҳои коррупсионӣ боис гаштааст. Ҳарчанд ин фаъолиятҳо ноаён аст, аммо худи аъзоёни ҷомеа дар гардиши он қарор гирифтаанд, бархӯрд доранд ва дар сӯҳбатҳо ошкоро ҳам оид ба ин падидаҳои номатлуб ҳарф ҳам мезананд: бархе аз ноумедӣ онҳоро гуё чун меъёри имрӯзаи ҷомеа арзёбӣ мекунанд, ки ин коҳиши мафкуравӣ барои ворид гаштани мафкураҳои бегона фазои мусоид месозад. Ҳамин тарик, ин равияҳои мазҳабиву тундрав далелҳои иҷтимоӣ-иқтисодиро чун олоти тарғиботӣ ва шомил гаштани ҷавонон ба сафи худ истифода мебаранд. Аён аст, ки охирҳои солҳои 90-ум, маҳз дар натиҷаи муборизаи беамони давлат зидди авбошону роҳзанони силоҳбадаст, гурӯҳи ҷинояткорони муташаккил ва дигар ҳодисоти зӯроварӣ, оромиву суботи ҷомеа пойдору устувор гашт: мардум метавонад шабу рӯз куҷое хоҳанд гашту гузор намоянд, оромона чорабинию маросимҳо гузаронанд, осуда хобанд ва ғ. Пас, давлат қодир аст, падидаҳои бавуқӯъоии иқтисоди пинҳонӣ ва коррупсиониро бечуну чаро аз байн барад ва чи тавре, ки ба чашм мерасад, фаолияти давлат дар ин самт низ, устувор гашта истодааст.
Барои бартараф кардани таъсири манфии решаҳои иҷтимоии шаклгирии мафкура ва эчоди меъёрҳои солими иҷтимоӣ зарур аст, ки корҳои зеринро дар кулли ниҳоду ҷузъҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа ба иҷро расонем:
Якум. Муҳимтарин омил дар роҳи шаклгирии мафкураи устувор – ин рӯҳияи баланди миллӣ ва давлатдорӣ мебошад. Вақте, ки ҷавонони тоҷик аз ғояву ифтихори миллӣ саршор ҳастанд, дарк менамоянд, ки ҷомеае, ки онҳо зиндагӣ доранд дар марҳилаи бунёдсоз қарор дорад, заҳматҳои шабонарӯзии онҳо барои рушди минбаъда ва фараҳи оянда равон шудааст ва ифтихор доранд, ки ин вазифаи таърихӣ ба дӯши онҳост. Чунин руҳияву иродаи бузург мафкураи ононро аз ҳар гуна ақоиди бегона (берун аз доираи арзишҳои миллӣ) лаппиш дода наметавонад. Охир, чуноне, ки таҷрибаҳои ҷаҳонӣ шаҳодат медиҳанд он миллатҳое, ки имрӯз соҳиби давлати мутараққӣ шудаанд, заминаҳои онро маҳз дар давраи гузариш таҳрезӣ карда буданд, беш аз 80 фоизи даромади худро на барои истеъмол, балки барои саромоягузорӣ дар бунёди иншоотҳои бузург сафарбар карда буданд ва оид ба ояндаи наслҳои худ андеша мекарданд. Дар ин ҷода мисолҳои таърихии давраи гузаришу тақдирсози кишварҳои мутараққии имрӯзаи ҷаҳонро бояд чун заминаи шаклгирии ғоя метавон мисол овард: ислоҳот ва давраи гузариши Ҷопон, Чин, Олмон, Франсия ва ғ. Масалан, нависанда ва файласуфи франсавӣ Франсуа Волтер дар давраҳои таърихии миллатсозии кишвараш чунин таъкид дошт: «Муҳаббат ба Ватан ҳеч гоҳ чашми маро ба дастовардҳои хориҷиён намебандад. Баръакс, ҳарчанд Ватанамро бештар дӯст дорам, ҳамон андоза кӯшиш менамоям, ки кишварамро бо бозёфтҳо аз сарчашмаҳои дигар ғанӣ гардонам». Худо кунад, ки дар ҷавҳари ҳастии ҳар як ҷавони кишварамон низ тафаккури устувори пур аз олудаи ғояву ифтихори миллӣ нерӯ гирад. Бинобар он, ҷуръат намуд, ки ин ғояи асилро бо таҳлилҳои воқеии ҳаётӣ ва эътимодбахш бар мафкураи ҳар як фарди тоҷик гудозем ва аз ин хотир, ин кор бояд дар ҷавхари фаъолияти мафкуравии зиёиён, бузургсолон ва ҷавонон карор гирад.
Дуюм. Коргоҳҳои мухталиф новобаста аз шакли моликияташ хонаи дуюми коргарон, такягоҳ ва сарчашмаи ҳаётгузаронии онҳо мебошад. Маҳз ин ҷо, иттилоот зуд паҳну кабул мешавад ва дар майдони мубодилот қарор мегирад. Оростани маҳфилхои мунтазами баландбардории сатҳи сиёсиву-фарҳангӣ ҷомеаи кормандон қобилияти вокеъбинонаро дар қабулу коркарди иттилоот нерӯ бахшида, шаффояти ҳар гуна иттилоотро таъмин месозад. Шаффофияти фаъолияти корхона, бахусус, фаъолияти молиявии он, чуноне дар боло ишора кардем, пеш аз ҳама барои кормандони худи коргоҳҳо бошад. Зеро агар корманд аз вазъи воқеии фаъолияти корхонааш бохабар бошад, пас, чун узви корхона ҳам ба муваффақият ва ҳам бо нокомии корхона изҳори ҳамраъйӣ менамояд. Дар ин раванд мафкура ва савқҳои иҷтимоӣ (аз савқҳои биологӣ, эгоистӣ ҷудо мешавад), санъати ҳамзистӣ ва дар иттиҳод фаъолият бурдан, ки зербинои меъёрҳои ратсионалии ҷомеа мебошанд, ташаккул меёбад. Муҳимаш дар он аст, ки коргар бояд дар идоракунии корхона (аслҳои худидоракунӣ) иштирок дошта бошад, овоз дошта бошад. Маҳз дар ҳамин раванд коргарон ба субъекти фаъоли иҷтимоӣ (ки аз сифатҳои роботӣ ва ё фармудакорӣ ҷудо мешавад) табдил меёбанд. Аз тарафи дигар, роҳбар бояд аз лиқоб ва ё симои “ноаён”-и худ берун ояд, манфиатҳои аҳли меҳнати корхона ва ё ташкилотро аз манфиати шахсии худ боло гузорад, дӯсту ғамхори кормандони худ гардад: аз вазъи оилавии кормандон, ҳаёти иҷтимоии онҳо огаҳ бошад, ёрдами молиявию маънавӣ расонанд, дар ғаму шодии онҳо шарик бошад ва ғ. Ташаккули чунин фазои солим дар сатҳи ниҳодҳои микроииқтисодӣ, дилгармӣ ва эътимоди кормандонро нисбат ба низоми иқтисодӣ-иҷтимоии ҷомеа комил менамояд ва ҳамин тариқ ононро аз лағшиши мафкуравӣ эмин медорад.
Сеюм. Бояд таъкид намуд, ки ҷараёнҳои бунёдгароиву мазҳабгароӣ сифати фаромиллӣ гирифтааст, бинобар он, онҳо шабакаҳои васеи ҷаҳонии худро дар кишварҳои ИДМ таъсис ҳам додаанд. Азбаски аксари ҷавонони мо берун аз кишвар дар муҳочирати меҳнатӣ мебошанд (асосан дар Русия ва Казоқистон), аз ҳамин хотир онҳо низ, аз таъсири ин равияҳо берун намемонанд. Аммо, аз сӯҳбатҳову тадқиқотҳои иҷтимоӣ аён мегардад, ки ҳисси ватандориву миллатдӯстӣ, ҳуввияти миллӣ, ғурури ватандорӣ ва диёрсозии онҳо болотар аст, нисбат ба бошандагони ватанӣ. Зеро, дурӣ аз Ватан, арзиши муҳаббат ба меҳан, авлоду пайвандон ва ниёгонро дучанд менамояд. Ана ҳамин афзалияти равонӣ онҳоро водор месозад, ки рафтору амалҳои худро вобаста ба шаклгирии мафкуравии пайвандони худ, ки дар дохили кишвар қарор доранд, муаяйн намоянд. Бинобар он, ташкили марказ ва ё ассосиатсияи муҳоҷирон, соҳибкорони тоҷикони бурунмарзӣ дар ҳар як маҳалҳо зарурати замони имрӯз мебошад. Дар ин марказҳо бо туфайли ташкили шӯрову ҷаласаҳо, интернет-мулоқотҳо онҳо метавонанд аз вазъи ватани худ воқеан бархӯрдор гарданд ва ҳамин тариқ, дар мафкураи худ ғояҳои ваҳдати миллиро, ки омили суботу инкишофи ҷомаи мо гаштааст, парваранд.

Идома дорад…

Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ