Онлайн-конференсия

Рӯзи 27 ноябри соли 2020 дар толори Шӯрои олимони Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо назардошти қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 феврали соли 2020 №156 «Дар бораи Нақшаи баргузории чорабиниҳои илмӣ ва илмию техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020» онлайн-конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ дар мавзӯи «Консепсияи инноватсионии рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон: асосҳои назариявӣ, муаммоҳо ва самтҳои амалисозии он» баргузор гардид.

DSC_0014

Дар оғози кори конференсия директори Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Шариф Рахимзода бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуданд. Ҳамзамон, дар кори онлайн – конференсия ноиби Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ – д.и.с., профессор Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз, вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон – д.и.и., Кабир Шералӣ, муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдои  Ҷумҳурии Тоҷикистон – н.и.и. дотсент Ашурбой Солеҳзода, академики АМИТ – Қаюмов Н.Қ.,узви вобастаи АМИТ- д.и.и., профессор Саидмуродов Л.Ҳ. ва дигар шахсони даъватшуда иштирок ва баромад намуданд.

 DSC_0027

DSC_0037