Рӯзи 25 ноябри соли 2020 дар толори Шӯрои олимони Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Роҳҳои таъмини рушди инноватсионии КАС-и Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар оғози кори конференсия директори Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Шариф Рахимзода бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуданд.
Ҳамзамон, дар кори конференсияи мазкур директори Институти иқтисодиёти кишоварзӣ ва таҳлили системавии АИКТ – д.и.и., профессор, академики АИКТ Пиризода Ҷ.С. академики АМИТ – Қаюмов Н.Қ., узви вобастаи АМИТ – д.и.и., профессор Саидмуродов Л.Ҳ., узви вобастаи АМИТ – д.и.и., профессор Исломов С.И., мудири шуъбаи технологияи инноватсионӣ, проблемаи об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ – д.и.и., профессор Пулодов Я.Э., мудири шуъбаи озмоишгоҳи генетика, селексия ва тухмипарварии ИБФ ва ГР АМИТ – д.и.к., профессор Партоев Қ., профессори ДСРТ – Ашуров И.А., профессори кафедраи географияи ДОДТ ба номи С.Айнӣ – Муҳаббатов Х., дотсенти Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон – Ҳомидов А., профессори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шотемур ва дигар шахсони даъватшуда иштирок ва баромад намуданд.