ҶАЛАСАИ УМУМӢ

Рӯзи 28.10.2020 дар толори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷаласаи умумӣ барпо шуд.

Бинобар ҳамроҳшавии Академияи соҳавии самти тандурустӣ ва тиб ба АМИТ аз якуми январи соли 2021 шуъбаи илмҳои биология ва тиб барҳам хӯрда, дар заминаи он ду шуъбаи нав таъсис мешаванд:

Аввал, шуъбаи илмҳои биология ва сониян, шуъбаи илмҳои тиб ва фармасевтӣ аз таърихи 1-уми январи соли 2021 ба фаъолият шуруъ хоҳанд кард. Ҳамчунин, ноиби президент дар бахши тиб бо раъйдиҳии аъзои Академияи миллии илмҳо интихоб мегардад.

Дар ҷаласа байни олимон баҳсҳои густурда ба вуқуъ пайвастанд. Ба истиснои академик Меъроҷов ҳама ба ҷонибдорӣ аз тағйироти зикршуда овоз доданд.

Бояд мутазаккир шуд, ки илмҳои тиб аз зумраи донишҳои амалӣ маҳсуб мешавад ва низоми илмҳои клиникиро ташкил медиҳад. Бинобар ин, назорати илмии ҳамаи муассисоти илмии самти тиб аз таърихи 1-уми январи соли 2021 ба дӯши АМИТ вогузошта мешавад.

3.98

3.99