ТАРҒИБИ АМНУ ОБОДӢ ДАР ОСОРИ АҲМАДИ ДОНИШ

Ҷамъияту ваҳдат омили суботу оромии ҷомеаҳо, сарҷамъиву ҳамбастагӣ, якдигарфаҳмиву муваффақиятҳо ва наҷот аз парокандагиву нобасомонии миллатҳо ҳисоб меёбанд. Иттифоқу якдилӣ дар ҳаёти инсоният нақши калидӣ мебозанд ва маҳз дар фазои сулҳу осоиш ва ваҳдату иттиҳод метавон ба ҳадафу мақсадҳои бузурги хеш расид.

Ин неъмати бузургро дар ҳар замон адибону мутафаккирон ва оммаи мардуми бедор мавриди васфу ситоиш қарор додаанд. Ҳеҷ фозиле аз баёни эҳсосоти отифии хеш перомуни ваҳдату иттиҳод канор буда наметавонад.

Аз ҷумла, мутафаккири бузуруги тоҷик, Аҳмади Дониш (1827-1897) дар бораи фазилати ваҳдату якдилӣ ва пешгирӣ аз ҳар гуна ихтилофу низоъ, хавфи ноамнӣ маслиҳату тавсияҳои муфиду хуб додааст, ки қобили таваҷҷуҳанд. Чунончи ӯ менависад: Роҳи мардумононро аз хавфи роҳзанону дуздон ба сатвати (қуввати) сиёсат эмин дорад. Ва ҳар кӣ дар роҳе ба изову тааддӣ (азияту озор) мутаарризи (дучори) мардуме шудааст, ба наколу уқубат (ҳукму ҷазо) ӯро ибрати дигарон гардонад ва дар мамлакат ҳар ҷо, ки маҳалли хавф бувад, агар имкони иморат бувад, иморат кунад ё нигаҳбон гузорад.

Дар ҳақиқат, бидуни ваҳдату иттиҳод, сиёсату ҳукуматсолорӣ  ҳеч пешрафту тараққиёт ва ободкориву созандагӣ буда наметавонад. Сабабгори ваҳдату оромӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки пас аз побарҷо сохтани ваҳдату якдилӣ, роҳи ободкориро пешаи сиёсати созандаи худ гирифт. Бе сабаб нест, ки Пешвои миллат дар Паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ ин андешаро чунин таъкид намуданд: “Нақшаву барномаҳои қабулкардаи мо доир ба рушди миллӣ, ки имрӯзу фардои миллату давлатро ба ҳам пайванд медиҳад, бо заҳмати аҳлонаву созандаи мардуми Тоҷикистон пайгирона амалӣ шуда истодаанд.

Роҳсозиву роҳкӯшоӣ аз аҳдофи бузурги ҳукумати Тоҷикистон маҳсуб ёфта, ба мақсади мустаҳкам намудаи сатҳи зиндагии мардум нигаронида шудааст. Ҳамчунон ки Пешвои муаззами миллат ба он ишора намуданд, “Роҳсозивуроҳкӯшоӣ – нишонаи рушди Тоҷикистонаст”.

Асрҳои XVIII-XIX, ки даврони рӯ ба тараққиву бедории мардумони Аврупову Русия буданд, донишманду мутафаккири маъруфи тоҷик Аҳмади Донишро бетарафу бетаваҷҷуҳ намонда, фикри ислоҳоту азнавсозии ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ ва фарҳангии мардумони Бухорову Самарқандро дар зеҳни ӯ ҷой кардаанд. Аз ин рӯ, мутафаккир бо ғояву идеяҳои нави равшангарона ба майдон баромада, барои рушду тараққӣ ва бедории халқу миллат тадбирҳои мушаххасу қатъӣ андешида, пешкаши аҳли аморату мардуми соҳибназар намуд.

Аҳмади Дониш дар осори хеш, бахусус дар “Рисола дар назми тамаддун ва таовун”-и худ, афкору назарҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодии хешро далелмандона пешкаши хонандагони гиромӣ намуда, дар бораи фазилати роҳсозиву пулсозӣ ривояту ақволи бузургонро дар маърази диққати умум мегузорад.

Ӯ асарашро дар мавзӯъҳои миёнаравӣ ва муназзам сохтани ҳаёти амирону мутааллиқону зердастон ва тариқи зиндагии сутуда ва миёнаравӣ дар умури муояша (ҳамзистӣ) ва нақшаи рушду тараққии давлатдории Аморати Бухоро ва дар бораи фазилати роҳсозиву пулсозӣ бо истифода аз оёту аҳодис ва афкору андешаҳои олимону орифону файласуфон ва таҷрибаи амирони гузашта, монанди Арасту, Искандари Мақдунӣ, Анӯшервони Одил, Ғаззолӣ, Фузайл ибни Аёз, Алии Ҳамадонӣ, амирони умавӣ ва аббосӣ, амирони сомонӣ ва фикру пешниҳодҳои муфиду бикр ба онҳо арза кардааст.

Аҳмади Дониш, дар баробари тавсияву машваратҳо мардумро ба итоату фармонбардории подшоҳон, таҳаммулпазирӣ, ҳамёриву ҳамкорӣ, тарғиби илму дониш ва касбу ҳунар ва амсоли ин ахлоқи ҳасана даъват кардааст. Ӯ масъалаи бекориву бешуғлиро сахт мазаммат намуда, сабаби фитнаву фасод медонаду ба умаро муроҷиат мекунад: «Мардумоне, ки аъзои солим доранд, нагузорад, ки бешуғл бошанд, ба муздурии корҳои мулкӣ ва дурустии роҳҳову пулҳо ва иморот ба заҷр баркашад ва музд диҳад, то дуздию муқмирӣ (қиморбозӣ) накунанд».

Аҳмади Дониш ҷаҳонбиниву машоҳидаҳои худро аз рушду тараққии кишварҳои пешрафта бо сароҳат ба аҳли замона арза менамуд. Чунончи, ӯ хабар медиҳад: Ва ин маслак алявм (имрӯз) дар дували (давлатҳои) низомӣ ба аҳсан ваҷҳе ҷорист, ки дар роҳҳо манзилҳо ба ҳар ду фарсахе камобеш муқаррар карда, бар он касон муҳайё доранд, ки асбҳо аз подшоҳӣ ба кироя нигоҳ медоранд, то агар касе хоҳад, бетаваққуф саворӣ мекунад. Ва шавореъ (кӯчаҳо), ки ба умронот (ободиҳо) наздик аст, то миқдори даҳ фарсах ҳамаи роҳ аз ду тараф дарахтони бузург сабз кардаанд, то мардум ба соя гузаранду гумроҳ нашаванд. Ва он ҷо, ки аз иморот берунтар аст ва тарбияти ниҳол мутааззир, ба ҳар саду панҷоҳ қадам чӯбеву устувоне бардоштаанд барои аломат. Ва фаросихи масофат дар онҳо муайян карда, то ҳар касе бидонад, ки аз роҳ чӣ рафта ва ба манзил чӣ монда.

Мутафаккари бузург аз фоидаву манфиатҳои роҳсозиву пулсозӣ ёдовар шуда, дар боби фазилати ин амали нек чунин изҳори назар кардааст:

Дар вилоят ҳар ҷо, ки работу пулу обхона ҳоҷат бошад, ё роҳ аз мамарри селу борон хароб шуда, дар таъмири онҳо ба қадри имкон кӯшад, то ояндагонроу равандагонро осоиш бошад. Чӣ он сарвар (с) фармуд: Ҳар кӣ пуле бино кунад бар роҳгузари мусулмонон, то бар вай осон гузаранд, Худойи азза ва ҷалла осон гардонад бар вай гузаштани пули сиротро.

Дар ҷое дигари рисола ӯ дар боби зарурати гузоштани аломату нишонаҳои роҳ чунин машварат медиҳад: “Ва дар манозили баида (дур) аломат насб кунад наздики ҳамдигар, то ояндаву раванда бероҳ нашавад.

Амалидошти тавсияи донишманди тоҷик дар ҳамаи давру замонаҳо, бахусус, дар даврони кунунӣ, муфиду ногузир буда, садди бисёр ҷинояту иштибоҳоти ислоҳнопазир мегардад. Ҳатто дар собиқ давлати абарқудрати Шӯравӣ, бо вуҷуди пешрафту тараққиёт, ба василаи донишпажӯҳону мутарҷимони тоҷик барои дар хизмати ҳамагон қарор додани андешаву афкори ислоҳотпарваронаи Аҳмади Дониш аз тавсияҳову маслиҳатҳои ӯ баҳравар шуда, барои татбиқу амалигардонии он таваҷҷуҳ зоҳир менамуданд.

Имрӯзҳо дар Тоҷикистон, бахусус шаҳри Душанбе аз ҷониби Ҳукумати кишвар дар муддати ду сол ду чорроҳаи сесатҳа ё эстакада сохта ба истифода дода шуда, дар доираи амалишавии лоиҳаи “Беҳтар намудани ҳолати роҳи минтақавии Душанбе – Турсунзода, қитъаи роҳ аз буриши хиёбони Ибни Сино бо хиёбони Исмоили Сомонӣ то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе” бунёд гардиданд.

Амалишавии ду тарҳи мазкур ба ҳаракати бемамониати нақлиёти транзитӣ, ҷамъиятӣ ва боркашонӣ дар шаҳри Душанбе мусоидат карда, рафтуои бехатари пиёдагардонро дар ин қитъа таъмин менамояд ва чунин роҳҳои чандқабата (эстакадаҳо) бори аввал дар Тоҷикистон сохта шудаанд, ки зодаи даврони соҳибистиқлолии кишвари азизи мостанд.

Бидуни шубҳа, кафилу раҳбару ҳомии ҳамин ҷамъияту иттиҳод, ваҳдату ҳамбастагӣ ва рушду камоли ҳангуфти миллату давлати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон – марди фозили сабақгирифта аз мероси бузурги ниёконамон мебошад, ки тоҷикон таҳти сарварии эшон ба марраи муроди дил расиданд.

Ҳамин тариқ, андешаву ишораҳои Аҳмад махдуми Дониш дар ин маврид чунин натиҷагирӣ кардан мумкин аст, ки ҷамъияту иттиҳод ва ваҳдату ягонагӣ дар ҳамаи давру замон лозиму зарур буда, кулли афроди ҷомеа дар ҳифзу нигаҳдорӣ ва барои наслҳои оянда расондани ин неъмати бузург масъулу саҳим мебошанд ва бояд миллатро ҳамеша аз газанду хатарҳо эмин нигоҳ дошта, дар самти иттиҳоду ҷамъиятсозӣ ва ваҳдату якдилӣ ба қуллаҳои муваффақият ноил гарданд.

 

Исроилов Раҳматшо

корманди илмии Маркази мероси хаттии назди Раёсати АМИТ