МОДЕЛҲОИ ФИЗИКИИ ЗУҲУРУ ПАҲНШАВИИ КОРОНАВИРУС

123123

Таҳти ҳамин мавзӯъ санаи 15.06.2020 дар толори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Шӯрои ҳамоҳангсозӣ ҷиҳати муайянсозии роҳҳои пешгирӣ аз паҳншавӣ ва таҳлилҳои илмии олимони соҳаҳои гуногун барпо гардид, ки дар кори он физикҳо, кимиёшиносон, олимони биолог ва вирусологҳо ширкат намуданд.

Шӯроро президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ намуда, зимни суханронӣ таъкид кард, ки риояи меъёрҳои санитарӣ-эпидемиологӣ шарти зарурии мубориза бо коронавирус мебошад. Номбурда аз эҳёи COVID-19 дар қитъаи Осиё изҳори нигаронӣ карда, илова намуд, ки эҳтимолан сироятёбии шаҳрвандон аз бемории коронавирус дар кишвар то ахири моҳи  сентябр идома меёбад.

Ҳангоми баррасии ин беморӣ олимон омилҳои иқлимӣ, зичии аҳолӣ ва авзои санитарӣ-эпидемиологиро мавриди муҳокима қарор дода, теъдоди сироятшавандагонро то анҷоми пандемия 8800 ном бурданд.

Директори Институти физикаву техникаи ба номи академик С. Умарови АМИТ Фарҳод Шокир бо маърӯзаи илмӣ моделҳои физикӣ ва сенарияҳои паҳншавии коронавирусро баррасӣ карда, тамоюли пайдоиш, вусъатёбӣ ва таназзули онро мутобиқ ба чаҳор сенария муҳокима намуд. Ба андешаи ӯ, вусъати паҳншавии пандемия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то санаи 20-уми июли соли равон идома меёбад.

Дар кишвари мо 93 дар сади ҳудудро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, аммо оилаҳое низ мебошанд, ки то 40 нафарро дар бар мегирад. Аз ҳамин хотир, ҳангоми баррасии моделҳо бояд вазъи дохилии кишварҳоро ба инобат гирифт. Дар ҳоле ки дар аксар кишварҳои Осиё мавҷҳои такрории COVID-19 мушоҳида мешаванд.