Семинари илмӣ-назариявӣ

Рӯзи 22 майи соли 2019 дар толори Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки олимону мутахассисони муассисаҳои илмии АИ ҶТ семинари илмӣ-назариявӣ баргузор гардид, ки дар кори он директори Институти иқтисодиёт ва демографияи АИ ҶТ, узви вобастаи АИ ҶТ, д.и.и., профессор Саидмуродов Л.Ҳ. дар мавзӯи “Суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо кормандони соҳаҳои молия, бонкдорӣ, андоз, гумрук ва сармоягузории кишвар ва вазифаҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳо аз ин мулоқот” баромад намуданд.

IMG_7666

IMG_7678