мизи мудаввар

11 июни соли 2018 дар толори Шӯрои олимони Институти иқтисодиёт ва демографияи АИ ҶТ мизи мудаввар оид ба таъсис додани платформаи миллӣ байни бахши хусусӣ ва сохторҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷорӣ намудани технологияҳои пешқадам ва коркардҳои илмӣ ҷиҳати рушди саноати меваю сабзавот доир гардид. Дар кори мизи мудаввар намояндагон аз вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, кишоварзӣ, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ, Кумитаи бехатарии озуқавории назди ҲҶТ, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди ҲҶТ, донишгоҳҳои технологӣ ва аграрии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии “Хӯрокворӣ” ва дигар ташкилоту идораҳои дахлдор иштирок ва суханронӣ намуданд.