Шариф Раҳимзода, директори Институти иқтисодиёт ва демография: «Ҷавонону наврасон бе омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва дақиқ наметавонанд муҳаррики рушди босуръати давлат дар тамаддуни саноатӣ бошанд»

ДУШАНБЕ, 15.02.2021 /АМИТ«Ховар»/.

шеф

Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 26 январи соли 2021 ироа шуд, дар ҷомеа  такони ҷиддӣ ба миён овард. Аз ҷониби Президенти мамлакат «вазоратҳои молия, маориф ва илм, Академияи миллии илмҳо ва вазорату кумитаҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ доранд, вазифадор карда шуданд, ки якҷо бо роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоҷиҳати таҷҳизонидани кабинетҳои фанҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ тадбирҳои фаврӣ андешида, аз натиҷаи корҳо ба Ҳукумати мамлакат гузориш диҳанд. Илова ба ин, ба хотири боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону ҷавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон ҳамасола озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони «Илм – фурӯғи маърифат» гузаронида шавад».

Ин дастури Пешвои миллатро кулли мардуми кишвар, бахусус зиёиён, олимону муҳаққиқон хуб  пазируфтанд. Зеро ҳамзистӣ дар ҷомеаи имрӯза талаб менамояд, ки сатҳи дониши наврасону ҷавонони мо ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯй бошад. Ҷавонону наврасон бидуни аз худ намудани донишҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ наметавонанд муҳаррики ташаккулу рушди босуръати кишвари худ дар тамаддуни индустриалӣ бошанд. Таърихи кишварҳои индустриалӣ шаҳодат медиҳад, ки густариш, сатҳ ва ё зинаҳои камолоти ҷомеаи инсонӣ, рушди устувори ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии он вобаста ба болоравии сатҳи фарҳангӣ ва тамаддуни индустриалӣ суръат мегирад.

Чунин изҳор намуд бардоштҳои хешро аз Паёми навбатии Пешвои миллат директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Шариф РАҲИМЗОДА ба хабарнигори АМИТ “Ховар”. 

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, дар Паёми соли гузашта Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2020-2040-ро Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи илму маориф эълон  намуда  буданд ва ҷиҳати татбиқи ин ташаббус аз ҷониби Ҳукумати мамлакат нақшаи чорабиниҳо таҳия ва тасдиқ гардид. Ҳадафи ин ташаббуси Пешвои миллат  ташаккул ва пойдор намудани заминаи зарурӣ барои рушди ҷомеа дар давраи  тамаддуни техникиву технологӣ мебошад.

Пешрафти ҷомеа хосияти динамикӣ дошта, тағйироти таркибии он ба рушди тамаддуни  моддӣ, техникӣ  ва технологӣ  алоқаманд мебошад. Бинобар ин, неруҳои истеҳсолкунандаи ҷомеа чун асоси пешрафти ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ пазируфта шудаанд. Маҳз тамаддуни моддӣ сараввал ба объекти муносибатҳову созишҳои иқтисодӣ мубаддал гардида,  манфиатҳои ҷомеаро рӯи кор меорад.

Пойдорӣ ва густариши тамаддуни  техникиву технологӣ ба сатҳи паҳноии конгитивии (захираи итилоотӣ-донишии) ҳар фарди ҷомеа пайвастагӣ дорад. Кашфиёти воқеии ин на кашфи «заминҳои нав», балки имконияти нигоҳу диди нав, густаришу сайқалёбии хиёбони андешаи фардҳои ҷомеа мебошад. Миёни фардҳои ҷомеа, бахусус, чунин фардҳо ва ё ҷавононе, ки иқтидори мафкуравиашон хеле баланд аст, нақши гиреҳкушоро мебозанд. Маҷрои инноватсионӣ маҳз ба онҳо алоқамандӣ дорад. Ин аст, ки дар баробари гузаронидани озмунҳо дар самти рушди фанҳои гуманитарӣ ва бозёфти истеъдодҳои нав зарурати бозёфти чунин истеъдодҳо дар байни дорандагони дониш аз фанҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ ба миён омадааст,-менависад олими иқтисодшиноси мамлакат.

«Озмунҳои қаблӣ, аз ҷумла «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» як нуктаи бисёр муҳимро собит намуданд: дар байни наврасону ҷавонони мо истеъдодҳои нодир ба воя расида истодаанд, ки мо бояд онҳоро ҳамаҷониба дастгириву ҳавасманд гардонем. Умедворам, ки дар озмуни навбатӣ истеъдодҳои наврасу ҷавон донишу маҳорати хешро санҷида, дар оянда барои пешрафти илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ нақши арзишманд мегузоранд».

Аз ҷумла, ҷавонон ва насли нави ҷомеа дар муносибат  ба муҳит ва навгониву кашфиёт бештар завқ дошта, онҳоро зуд дарку эҳсос мекунанд. Ҳарчанд фаъолияти онҳо зоҳиран ва ё дар назар аз дигарон фарқ намекунад, дар асл андешаронии онҳо вобаста ба таъсири технологияҳои иттилоотӣ дигар аст. Маҳз бо шарофати онҳо тоифаи нав ва ё табақаи созандагони ҷомеа, ки ба муносибатҳои бовиҷдонона дар зиндагиву муҳит афзалият медиҳанд, ташаккул меёбад.

Ҳоло ҷавонони мо аз рӯи вазифаҳои дар назди худ гузошта ва  сифати амалу фаъолият ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд: онҳое, ки мунтазам ба омӯзишу пажӯҳиш машғуланд ва онҳое, ки нақши ташкилотчигиву созандагиро иҷро мекунанд. Маҳз дар асоси ҳамкориву робитаи устувори ин гурӯҳҳо  ҷомеа густаришу инкишоф ёфта,  тамаддунҳои нав ба майдон меоянд. «Бинобар ин, зарур аст, ки ташкил ва баргузории ин чорабинӣ (озмуни навбатии ҷумҳуриявӣ зери унвони «Илм – фурӯғи маърифат») дар сатҳи бисёр баланд ба роҳ монда, маблағи барои ҷоизаҳо пешбинигардида зиёд карда шавад». Дар ин росто  иқтидору сатҳи фитратии ташкилотчиёни ин озмун – роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаву касбӣ, мақомоти маҳалии давлатӣ ва ғайраҳо низ нақши калидӣ дорад.

«Нуктаву хулосаҳое, ки аз Паёми Пешвои муаззами миллат ба Маҷлиси Олии кишвар бармеоянд, бори дигар собит месозанд, ки густариши тамаддуни моддиву техникӣ, пеш аз ҳама, аз фаъолияти пурсамари онҳое, ки мунтаззам ба омӯзишу пажӯҳиши илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиатшиносӣ машғуланд,  вобаста аст. Ин ҷо мо, ҷавонон – зиёиёни ҷомеаи навинро,  ки поя ва ё элитаи он ба ҳисоб мераванд, дар назар дорем. Моро зарур аст, ки имрӯзҳо бо мақсади таъмини рушди сармояи инсонӣ  корҳои зиёдеро ба анҷом расонем. Дарвоқеъ, имрӯзҳо норасоии мутахассисон дар иншооти бузургу инноватсионии кишвар ҳис карда мешавад. Ин аст, ки дар майдони баҳсу талошҳои элитаи сиёсии кишвар дарки зарурати тайёр кардани мутахассисони баландпоя, муҳимияти истифодаи омили ташаббусу эҷодкории фардӣ ва сифати сармояи инсонӣ дар рушди тамаддуни техникӣ ва индустриалӣ эҳсос мешавад.

Зиёиёни ҷомеа, ки мунтазам ба омӯзишу тадқиқоти илмӣ, бахусус, дар бахшҳои техникиву технологӣ шуғл доранд, зери таваҷҷуҳи хосса ва дастгирии давлат қарор доранд. Дар мамлакат на танҳо низоми ниҳодҳо марбут ба ҳифзи амволи зеҳнӣ таҳияву коркард шудаанд, балки заминаҳои қонунии мусоиди тадбиқи андешаҳои илмӣ ва роҳ ёфтани онҳо дар раванди истеҳсолот, умуман фаъолияти иктисодӣ фароҳам оварда шудаанд»,- тазаккур дод Шариф Раҳимзода.

Гурӯҳи дигари ҷомеа, ки нақши ташкилотчигӣ ва бунёдкориро иҷро мекунанд, бо  таҳсилот, бозомӯзӣ ва баландбардории ихтисос алоқамандии зич дорад. Дарвоқеъ, маҳз таҳсилот дар рӯҳияи эҷодкориву созандагӣ, ки «такомули шуури техникӣ ва иқтисодии ҷомеа»-ро суръат мебахшад, тақозои низоми бозорӣ ва ҷомеаи индустриалӣ мебошад. Инкишофи иқтисодиёти муосир ва тезутунд шудани рақобатҳои иқтисодии дохилӣ ва байналмиллалӣ, вазъиятеро эҷод кардааст, ки муваффақиятҳои техникиву технологӣ, тавлидиву тиҷоратиро ҳамон иттиҳодияҳо ва ё корхонаҳо касб мекунанд, ки агар рақобатпазир бошанд.

Дар ин раванд табиист, ки сатҳи баланди касбии роҳбарон ва менеҷерон,  омезиши триада — дониш, собиқаи касбию муоширати солим ба ҳайати кормандон ва мавриди амал қарор гирифтани онҳо чун омили муҳими рушди фарҳанги техникиву тамаддуни индустриалӣ хидмат мекунад. Зимнан бояд таъкид кард, ки сурати идеалии роҳбар чунин аст: дигаронро гӯш кардан, лоиҳаҳои навро бо самимият пазируфтан, ба вазифаҳои мураккаб даст задан, тамоми олоту воситаҳоро барои ноил шудан ба ҳадафҳо истифода бурдан ва ғ. Муоширати наздику дӯстона бо кормандон эътимоди онҳоро ба роҳбарият ва зарурати таъмини рушди корхона устувор карда, ба амалӣ гаштани иқдомҳои инноватсионӣ суръат мебахшад. Ин шаҳодати он аст, ки  дониши мушаххас ва дониши махсуси техникиву технологӣ дар муқаддимаи фаъолият қарор дорад.

Дар баробари ин новобаста ба он ки илмҳои иқтисодӣ ба гурӯҳи   илмҳои ҷомеашиносӣ   дохил мешаванд, дар асл асоси онҳоро илмҳои риёзӣ ва дақиқ ташкил медиҳанд. Олоти таҳлили равандҳои иқтисодӣ усулҳои математикӣ ва барномарезиҳои компютерианд. Чуноне ки  аз суханронӣ  ва таҳлилҳои фарогири Пешвои муаззами миллат бармояд, ҷаҳони муосир ва ҷаҳонишавии иқтисодиёт  якчанд хусусиятҳо дорад, ки мустақиман ба масъалаҳои таҳсилоту ташаккули фарҳанги техникӣ алоқамандӣ доранд.

Дар ин робита ҳамсуҳбати мо ба ин ақида аст, ки “рушди хеле босуръат ва зудтағйирёбандаи талаботи ҷомеа ва  техникаву технологияҳо (фарҳангҳои нави техникиву технологӣ) ба афзудани сатҳи номуайяниҳо ва дигаргуншавии сифатии равандҳои иҷтимоӣ-иқтисодии ҷомеа сабаб гардидааст. Дар ин раванд, қобилияти фавран мутобиқ шудан ба равандҳои зудтағйирёбанда ва дараҷаи чандирии рафтор ва аксуламалҳои инсон ба сифати муҳими он ва умуман ниҳодҳои иҷтимоӣ-иқтисодии ҷомеа табдил ёфтааст. Ин қобилият, бечунучаро аз сатҳи дониш ва васеии хиёбони андешаҳои  мутахассисони ҷавонон — созандагони фарҳанги техникиву технологӣ ва ҳамин тариқ, тамаддуни индустриалӣ  бармеояд”.

Дар ҷаҳони муосир маблағгузорӣ ба сармоя инсонӣ пайваста зиёд шуда, дар радифи фаъолияти аввалияи давлатҳо қарор гирифтааст. Бояд таъкид намуд, ки барои ғанӣ гардонидани  қобилияти мутахассисону соҳибкорон чун омили асосии рушди тамаддуни индустриалӣ ташкили бозомӯзӣ ва баланд бардоштани сатҳи таҳсилоти баъдидипломӣ аҳамияти хоса дорад.

Бо дахли ин нукта ҳамсуҳбати мо пешниҳод менамояд, ки «таъсиси мактабҳои соҳибкории саноатӣ, бозомӯзии мутахассисони самтҳои техникиву технологӣ дар шароити рушди босуъати илму технология зарурати замони муосир мебошад. Бояд таъкид намуд, ки талабот ба дониш дар синни 30-35 ҷиддитар мешавад. Маҳз ташкили муассисаҳои бозомӯзиву баландбардории ихтисосҳои техникиву технологӣ, мунтазамияти таҳсил ва қонеъгардонии талабот ба донишҳои нав рушди ҷомеаро дар шароити нав таъмин менамояд. Диплом  ва ё дараҷаҳои илмиро метавон як маротиба гирифт, аммо пай дар пай  аз худ кардани донишҳои тахассусии воқеӣ хеле муҳим аст. Зарур аст, ки дар муассисаҳои таҳсилотии баъдидипломӣ  барномаҳои кӯтоҳмуддат, ки дар онҳо такрори омӯзиши донишҳои қаблан гирифташуда ҷой надорад ва аз нигоҳи сарфаи вақт ва мутобиқ ба талаботи фаврии донишомӯзон мебошанд, таҳия гарданд».

Дар мамлакат тамоюли омӯзиши фардӣ (индивидуалӣ), яъне завқи фардии на ба интихоби муассисаҳои таҳсилоти касбӣ асосёфта, балки ба барномаҳои таснифшуда, ки ба ниёзи фардӣ мутобиқанд, ба чашм мерасад. Дар баробари ин,  таҳияву коркарди барномаи ягонаи  мушаххас, ки ба талаботи ҳар фарди ҷомеа ҷавобгӯй бошад,  мавқеи  худро дорад.

Бинобар ин, дар пояи ташкили ниҳоди «устоду шогирд» дар муасисаҳои таҳсилоти касбӣ, бахусус таҳсилоти олии касбӣ  устодони бонуфуз, олимони соҳибмактаб бояд дар асоси мониторинги завқу талаботи донишҷӯён барномаҳои фардии таҳсилоти касбиро дар ҳамоҳангӣ бо барномаҳои  таҳсилотии амалкунанда ташкил  намоянд, то тавонем дар ин замина талаботи донишҷӯёни хоҳишманди таҳсилоти фардиро қонеъ намоем.

«Зарур аст, ки нуфузи самтҳои амалии таҳсилот  боло бардошта шавад. Дар ин ҷода ташкили филиалҳои кафедраҳо дар субъектҳои хоҷагидорӣ ва иҷрои рисолаҳои илмӣ дар асоси маводи корхонаҳои мушаххас талаботи замони муосир мебошад. Дар навбати худ чунин амал сабаби он мегардад, ки таъкидҳои пай дар пайи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба вусъат бахшидани омезиши илму истҳсолот ҷомаи амал пӯшанд.

Ҳамин тариқ, Паёми Пешвои муаззами миллат ҳамчун муҳаррики  рушди ҷомеа ва ё барномаи нави стратегӣ наврасону ҷавонони имрӯзаро ба омӯзиши фанҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ сафарбар намуда, олимону пажуҳишгаронро  вазифадор менамояд, ки дар ин раванд саҳми арзанда дошта бошанд»,-изҳор намуд дар хатми суҳбат директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Шариф Раҳимзода.