Учёный Совет

26 июня 2020 года состоялось очередное заседание учёного Совета Института экономики и демографии НАНТ.

На заседании Совета были рассмотрены следующие вопросы:

  1. Отчет о результатах научно-исследовательской и научно-организационной деятельности ИЭД НАНТ за 6 месяцев 2020 года
  2. Состояние публикации научных монографий сотрудников ИЭД НАНТ за последние пять лет
  3. Об утверждении Плана мероприятий Института экономики и демографии Национальной академии наук Таджикистана по подготовке к 29-летию Дня независимости Республики Таджикистан
  4. Об утверждении Плана мероприятий ИЭД НАНТ на зимний период 2020-2021 гг.
  5. Об итогах республиканской научно практической конференции на тему «Ускоренная индустриализация Республики Таджикистан: структурные сдвиги в национальной экономике»
  6. Текущие вопросы

6.1. О рекомендации к публикации научной монографии заведующего сектором миграции населения, отдела демографии, к.э.н. Бобоев А.А. «Современные проблемы миграции населения Республики Таджикистан»

IMG_20200626_100317

IMG_20200626_100703

IMG_20200626_102309

Республиканская научно – практическая онлайн-конференция на тему: «Ускоренная индустриализация Республики Таджикистан: структурные сдвиги в национальной экономике».

19 июня 2020 года в Институте экономики и  демографии НАНТ в контексте реализации Национальной стратегии развития Республики Таджикистан на период до 2030 года и на основании Постановления Правительства Республики Таджикистан от 29 февраля 2020 года, №156 «О плане проведения научных и научно –технических мероприятий в Республике Таджикистан на 2020 год» в режиме онлайн состоялась республиканская научно  – практическая  конференция  на тему: «Ускоренная индустриализация Республики Таджикистан: структурные сдвиги в национальной экономике».

На открытии конференции с приветственной речью выступили  вице -президент НАНТ, член корр. НАНТ, д.п.н., профессор – Мухаммад  Абдурахмон Навруз и директор Института экономики и демографии НАНТ,  д.э.н.,  профессор Шариф Рахимзода.

В работе конференции участвовали и выступили с докладами ответственные лица министерств промышленности и новых технологий, экономического развития и торговли, транспорта, сельского хозяйства и других заинтересованных ведомств и организаций Республики Таджикистан.

Согласно программе участники онлайн-конференции всесторонне рассмотрели следующие вопросы.

– теоретико-методологические проблемы индустриально-инновационного развития экономики Таджикистана;

– индустриальное развитие и изменения в структуре национальной экономики, формирование и развитие межотраслевых связей и устойчивые, качественные процессы общественного воспроизводства;

– критерии оценки индустриального развития страны и роль ускоренной индустриализации в формировании и развитии индустриальной цивилизации;

– формирование инвестиционной, инновационной и институциональной инфраструктуры отраслей промышленности страны;

– промышленная политика страны: приоритеты в производстве экспорто-ориентированной и импортозамещающей продукции;

– современное состояние, проблемы и перспективы развития обрабатывающей и добывающей промышленности страны;

– оценка современного состояния и проблемы привлечения инвестиций с целью обеспечения в развития промышленности страны.

20200619_101509

20200619_101612

IMG_20200619_115451

ФИЗИЧЕСКИЕ МОДЕЛИ КОРОНАВИРУСА (ОБЗОР)

123123

15 июня 2020 года в зале Национальной академии наук Таджикистана состоялся Координационный совет по выявлению путей предотвращения распространения новой пандемии COVID-19 и научного анализа ученых в различных областях, в котором приняли участие физики, химики, биологи и вирусологи.

Совет открыл президент Национальной академии наук Таджикистана академик Фарход Рахими, который подчеркнул, что соблюдение санитарно-эпидемиологических норм является необходимым условием борьбы с коронавирусом. Он выразил обеспокоенность по поводу возрождения COVID-19 в Азии, добавив, что, вероятно, распространение коронавируса в стране будет продолжаться до конца сентября.
В ходе изучения этой болезни ученые обсудили климатические факторы, плотность населения и санитарно-эпидемиологическую ситуацию, а число зараженных до конца пандемии составило бы 8 800 человек.
Директор Физико-технического института имени академика С. Умарова НАНТ Фарход Шокир с научным докладом обсудил физические модели и сценарии распространения коронавируса, обсудил тенденции его появления, распространения и снижения в соответствии с четырьмя сценариями. По его словам, распространение пандемии в Республике Таджикистан продлится до 20 июля этого года.
При рассмотрении моделей следует учитывать внутреннюю ситуацию в странах. В то время как в большинстве азиатских стран наблюдаются повторные волны COVID-19.

КОРКАРДҲОИ ИЛМИИ ОЛИМОНИ ТОҶИК ДАР МУБОРИЗА БО КОРОНАВИРУСИ COVID-19

Таҳти ҳамин мавзуъ имрӯз (10.06.2020) дар толори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон семинари корӣ баргузор шуд, ки дар он ғайри олимон боз масъулини вазорату идораҳо ва дорусозону дорушиносон ширкат намуданд. Ҳамчунин, дар ҳамоиши мазкур муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Исматуллозода ва Вазири саноат ва технологияҳои нав Файзуллозода Заробиддин Қудрат иштирок доштанд.

Ҳамоишро президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки истеҳсоли маҳлулҳои безараргардонии пандемия ва бемориҳои сироятӣ чун маҳлули гипохлориди натрийи тиббӣ, оби нуқра, дастгоҳи нафаскашии сунъии ёрирасон ва ғайра аз зумраи иқдомҳоест, ки олимони тоҷик онро дар мубориза бо коронавирус роҳандозӣ намуданд. Дар як шабонарӯз ҳадди ақал 10 тонна маҳлули гипохлориди натрий истеҳсол мешавад. Дар мавриди дастгоҳи нафаскашии сунъӣ ҳаминро бояд тазаккур диҳем, ки бо татбиқи дизайн ва каме ороишҳои зоҳирӣ ин маводро метавонем содир кунем.

11062020

Пандемияи нав зуҳуроти тибиист ва илоҷи онро фақат дар табиат бояд ҷуст.Аз 5000 рустаниҳои шифобахш танҳо 132 адади он хусусияти фармокологӣ дошта, имкон дорад аз онҳо маводи доруворӣ таҳия гардад. Бо дарназардошти мавриди коркарди истеҳсолӣ қарор гирифтани рустаниҳои шифобахш Фарҳод Раҳимӣ пешниҳод намуд, ки саноати дорусозӣ роҳандозӣ карда шавад.

Роҳбари Академияи миллии илмҳо ҷиҳати баррасии Қонун дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фарматсевтӣ таваққуф карда, зикр намуд, ки Қонуни мазкур ба боздид ниёз дорад. Ҳамчунин, номбурда таклиф пеш овард, ки дар макотиби мутавассит тадриси фанни “Тарзи ҳаёти солим” ҷорӣ карда шавад.

Академик Мироҷов Ғ.Қ., номзади илмҳои кимиё Имомиён Равшан, сарходими илмӣ Ҷамшедов Ҷамшед ва дигарон дар мунозираҳои таҳқиқӣ иштирок карданд.

Бархе аз шаҳрвандони кишвар бо истифода аз маълумоти тиббии Бӯалӣ Сино, Закариёи Розӣ ва дигар абармардони илми пизишкии асримиёнагӣ тибқи китобҳои Ҳомидҷон Зоҳидов бо номи “Канзи шифо”, “Таърихи тибби қадим” барои хеш дармонҳо омода сохта, масалан, барои рафъ намудани дарди ҷойҳои зарбхӯрда бинобар маълумоти пешиниён кирми лойхӯракро истеъмол мекунанд. Аз ҳамин хотир, ҷорӣ гардидани коркарди рустаниҳои шифобахш ва пайдо кардани саноати дорусозӣ яке аз самтҳое мебошад, ки иқтисоди кишварро метавонад барои тараққӣ ва рушд оварад.

Пандемияи нав зуҳуроти тибиист ва илоҷи онро фақат дар табиат бояд ҷуст.

ЧАШМАИ ОФТОБРО ЧӢ ГУНОҲ? Ё ШАРҲИ АЪМОЛИ ЗАРХАРИДОНЕ, КИ НА АЗ ХУДО МЕТАРСАНДУ НА ШАРМЕ АЗ МАРДУМ ДОРАНД

Дар сомонаи АМИТ мақолаи «Тоҷик, тоҷикият, коронавирус ва нангу номус»-ро, ки ба қалами Азимҷон Раҳмонзода, Зиёев Субҳиддин ва Фирдавс Мирзоёров тааллуқ дорад, хонда ба сомонаҳое, ки муаллифон зикр кардаанд, (аз қабили Ахбор. ком, Паём. нет, Ислоҳ. нет ва амсоли инҳо) муроҷиат карда, то хеле ба худ наомадам.

 

08.11.15Ман бори аввал вориди ин сомонаҳо шудам ва то бадин андоза беномусиву бераҳмӣ, беҳаёиву беимонӣ, манқуртию худобехабарии онҳое, ки худро мухолифин (оппозиция) мехонанд,намедонистам. Ман ин тоифаро дар радифи мухолифин қарор намедиҳам, зеро мухолифони сиёсӣ дар тамоми давлатҳои демократии олам мавҷуданд ва онҳо дар муқобили ҳукумати мавҷуда бо далелу бурҳонҳои дақиқи мантиқӣ қудратнамоӣ мекунанд, қӯшиш мекунанд норасоию камбудиҳои воқеии давлату ҳукуматро ошкор созанд. Ин тоифаро ман як гурӯҳи чалласаводони аз сиёсат дур, ки ҳадафашон танҳо дар миёни ҷомеа барангехтани иғвою дасиса ва дигар нобасомониҳо аст медонам. Дар рӯзгоре, ки мардум бар асари вабои аср мубталои мусибату ғаму андӯҳ шудаасту муҳтоҷи як сухани хубу маслиҳати беғаразона аст, тӯдае аз ҳамватанони мо дар хориҷи кишвар истода, ба қавли Мирзо Бедил чун «саги ақрабгазида аф-афталошу тапишталош» аз ин мусибат ҳангома барпо кардаанд ва гӯё дер боз ин рӯзро мунтазир буданду ба ин васила мехоҳанд аз худ сиёсатмадору ҳомии миллат тарошанд. Посух додан ба чунин даъвоҳои муғризона аслан маъное надорад, зеро ба қавли Шайх Саъдӣ:

 

Ба сияҳдил чӣ суд гуфтани ваъз,

Наравад мехи оҳанин дар санг.

   Шояд ҳамин ҷиҳати масъаларо ба инобат гирифта, муаллифон мақолаи мазкур бештар шеваи накӯҳишу дашномро ба кор гирифтаанд.

Шеваи даъво ва баёни зархаридони тоҷики дар хориҷа буда дар саҳнаи хотироти ман манзараҳои солҳои навадумро ҷилвагар кард.

Ҳизби касиф ва ҳизбиёни беномус

Агар некӯ назар андозем, ҳамаи нобасомонӣ ва фоҷиаҳоро барои мардуми тоҷик дар солҳои навадуми садаи гузашта Ҳизби наҳзати исломӣ оварда буд. Агар ин ҳизб намебуд ҳеч иттифоқи баде намеафтод. Ҳизбе, ки на танҳо аксарияти мардуми кишвар, балки дар дунё ягон давлати абарқудрат барои ба сари қудрат омаданаш имконият намедод, мехост зимоми давлатдориро ба даст гирифта, ҷумҳуриро исломӣ эълон намояд.. Барои амалӣ шудани ҳадафҳои нопоки худ ин ҳизб тавонист як зумра зиёиёнеро, ки худро демократ мегуфтанду аслан аз сиёсат бӯе ҳам намебурданд, бо худ ҳамроҳ созад. Ин демократҳо намедонистанд, ки агар худое накарда ҳизби наҳзат ба сари қудрат ояд, пеш аз ҳама худи онҳоро аз миён мебардорад, чунонки дар баъзе кишварҳои исломӣ ин таҷриба амалӣ шуда буд. Ҳозир ба ёд меорам дар он гирдиҳамоиҳо ин шиорро замзама мекарданд: «Амрико, Амрико, марг ба найрангатон, Хуни шаҳидони мо мечакад аз чангатон!» дар сурате, ки ҳоло хунрезӣ сар нашуда буд. Яъне як пода ҷоҳили боришу сала, бо чашмони хунгирифта давлати абарқудрати дунёро ба ҷанг даъват мекард. Ин ҳикмати Шайх Саъдӣ, ки «Панҷа бо шер задану мушт бар шамшер кори хирадмандон нест»-ро фаромӯш карда буданд. Ва аз оқибати амали худ андеша намекарданд, ки чи фоҷиаҳое ба сари мардум меоранд, зеро пулҳои ҳангуфти  хоҷагони хориҷиашон чашму ақли онҳоро кӯр карда буд.

Хулоса, аз наҳсиву касофатии ин ҳизб Тоҷикистон ба хоку хун кашида шуд. Садҳо ҳазор одамони бегуноҳ кушта шуданд, миллионҳои дигар ба ғурбат рӯ оварданд. Агар мо ин ҳодисаро тафсил бидиҳем садҳо саҳифа пур мешавад. Аммо хиради азалии мардуми шариф ва кӯшишу талошҳои Пешвои муаззами миллат дар як муддати кӯтоҳ боиси хотимаёбии ҷанги шаҳрвандӣ шуд ва сулҳу салоҳ барқарор гардид.

Ин ки сабабгори асосии хунрезию нобасомониҳои солҳои навадум Ҳизби наҳзати исломӣ буд, гуфтем. Акнун хонандаи азиз, худ қазоват кунед, ки ин ҳизб оё ҳуқуқи дуюмбора сар боло кардан дошт? Албатта, не! Онҳо агар як зарра номусу виҷдон медоштанд, бояд майдони сиёсатро тарк мекарданд, аз мардуми шарифи Тоҷикистон бахшиш мепурсиданд, ки муртакиби чунин як ҷинояти нобахшиданӣ гаштаанд. Агар ба ман мемонданд, саркардагони ин ҳизбро сангсор мекардам. Даъвои курсию ҷоҳу мансаб карданд ва онро ҳам соҳиб гаштанд. Бо ин ҳам қаноат накарда, он ҳадафҳои ғаразноки худро бо маслиҳату машварати хоҷагони хориҷиашон идома доданд. Чун мардуми хушбовар ҳамеша шунидани ояту ҳадис, мавъизаву амри маъруфро дӯст медорад, инҳо тавонистанд шеваи кори худро ба ин усул устувор намоянд ва агар ёд дошта бошем, дар ҳама ҷо фиттаҳои амри маъруфу мавъизаҳо садо медоданд. Кор то ҷое расида буд, ки баъзе муллоҳо мардумро гап задан намемонданд, тӯдаеро кофир эълон мекарданд, мисли ин ки аз назди Худо омада бошанд. Ва бадбахтии аксари мардум ҳам дар ин аст, ки мехоҳанд Худоро ба воситаи мулло шиносанд. Онҳо намедонанд, ки аксарияти ин муллоҳо онҳоро ба Худо не, балки ба худашон наздик мекунанд. Дертар ҳам шуда бошад, ин масъала то ҷое ислоҳ шуд. Аммо дар шигифтам, ки бо кадом рӯ имрӯз М.Кабирӣ боз сар боло карда, овоз равшан мекунад? Бок адом рӯ? Фаромӯш кардааст, ки ӯ роҳбари ҳизбест, ки ба сари мардум балоҳои зиёде оварда буд ва шармандавор шикаст хурда маҳкум гардидааст? Ҳизбе, ки мағлуб гаштааст оё ҳуқуқи маслиҳат доданро дорад? Ҳолдонҳо нақл мекунанд, ки дар Олмон агар аз Гитлеру ҳизби фашистии ӯ сухан ба миён орӣ, шунидан намехоҳанд, мамнӯъ аст. Зеро Олмонро барои ҳамаи ҷаҳониён шарманда кард. Ҳизби наҳзати исломӣ ҳам дар ҳамин радиф қарор дорад. Бояд номашро дигар ба забон нагирем, зеро моро дар олам шарманда кард.

Акнун мегузарем ба масъалае, ки онҳо асоси даъвои худ қарор дода, дастак мезананд.

 

Коронавирус ва ҳангомаи душманони миллат

Сару садоҳои зархаридони дар хориҷа будаи бештар дар атрофи вабои ба сари миллати мо омада баланд гардидааст. Ба қавли онҳо гунаҳгори асосии ба вабо мубтало шудани мардум дар Тоҷикистон танҳо як нафар аст.

Биёед, ҳоло ба ин масъала – муносибати онҳое, ки худро “мухолифин”  мехонанд ва ҳукумат,  назари фарохтаре меандозем ва мебинем, ки он дар кишварҳои дигар чӣ гуна аст, зеро ҳар ҳукумате дар замони муосир мухолифин дорад, ки  як амри табиист. Масалан, дар кишвари ба мо наздиктар – Россия, ҳукумат мухолифини шадиде дорад, аммо ҳеҷ кадоми онҳо дар ин марҳалаи бемории кишвар мардумро ба муборизаи зидди ҳукумат даъват накарда, балки баръакс ба ҳамкориву мадад хондааст, то бо ҳамдастӣ аз ин фоҷиа зудтар раҳо шаванд.. Дар ин ҳолат на танҳо мухолифини ҳукуматҳо дар ҳар кишвар, балки ҳатто давлатҳои ба ҳамдигар мухолиф ва дар лагерҳои гуногуни ҳарбӣ қарордошта, ҳамчун Россия ва Итолиё, ба ҳамдигар дасти мадад дароз карда, ҳамкорӣ мекунанд. Оё зархаридони ҳукумати тоҷик чашму ақлу гӯшу ҳуш надоранд, ин ҳамаро намебинанду намедонанд?! На, мебинанду медонанд, вале нафси оромнагирандаи ҳукуматталабиашон намегузорад, ки аз рӯйи адлу инсоф, адолату инсонигарӣ амал кунанд. Рафтори ба ин монанди ин гуна махлуқонро, ки ёрии башардӯстонаи Россияро ба Итолиё ҳамчун амали ғаразнок маънидод карданӣ шуданд, ҳатто Дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг, ки мухолифи Россия мебошад, маҳкум карда чунин гуфт: “Кишварҳо дар шароити ин буҳрони эпидемиологии ҷаҳонӣ ба ҳамдигар бояд кӯмак кунанд”. Вақте ки кишварҳо ва инсонҳои дар лагерҳои мухолиф қарордошта чунин рафтор мекунанду чунин мегӯянд, оё як лаҳза дар бораи ҳифзи ҷони мардум ва манфиати кишвари худ, агар шумо худро зодаи ин марзу бум медонед, андешидан зарур нест?! Оё қарзи виҷдонии ҳар касе ки худро тоҷик ва аҳли Тоҷикистон медонад, дар айни ҳол бо нишон додани вазъи кишвар дар ин буҳрони сироятӣ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хостани мадад нест, ки мардум бар ин бало ҳарчи зудтар ғолиб оянд? Ё монанди шумо ҳукуматро корношоям вонамуд карда, дар зинаи аввал байни мардум тарсу воҳима афканем ва баъдан ҷомеаи ҷаҳониро ҳам аз мадад кардан монеъ шавем? Оё ин амали инсонӣ ва пуштибонии мардум аст? Оё шумо ва пайравони зархаридатон, ки аз номи дини мубини ислом ва демократияву инсондӯстӣ сухан гуфта, ҳам динро бадном  мекунеду ҳам халқро фирефтан мехоҳед, тарс аз Худову шарм аз мардум надоред?!

Ин ҳама ботин ва ғаразҳои нопоки шуморо беҳтар аз ҳама ошкор менамояд, ки танаффурбарангез аст.

Касе намегӯяд, ки  кори ҳукумат дар ин соҳа камбудӣ надорад, аммо ҳоло вақти байрақ кардани он нест, балки ҳангоми он аст, ки бо сарҷамъӣ роҳҳои ҳарчи зудтар аз ин беморӣ халосӣ ёфтанро пайдо кардан аст, вақти бовару эътимодро дар дилҳову рӯҳияҳо қавитар карда, ин марҳалаи хатарнокро камталафоттар тай кардан аст.  Ин ҳоло равиши ҷаҳонии аз ин буҳрон раҳидан аст. Беҳуда нест, ки ҳатто созмони Иттиҳоди Аврупо дар ин масъала аз ИМА ва Президенти он Доналд Трамп, ки ба Чин даъвои гунаҳкорӣ дар буҳрони КОВИД – 19 мекард,  худро канор гирифта, зиддият изҳор кард. Роҳи пешгирифтаи ҳукумати мо, ки ба воситаи карантини нарм раҳо ёфтан буд, дурустии худро нишон дода истодааст, зеро бо вазъияти иқтисодие, ки кишвари мо дорад, ин ягона роҳест, ки иқтисодиёт бо осеби камтар аз он берун барояд, зеро зиндагӣ давом дорад ва он иқтисодиёти солим мехоҳад. Бинобар ин дар ҳар кор ба оқибати он бояд андешид, ки маҳсули нек бидиҳад.

Дар кишвари мо паҳншавии КОВИД-19 дертар оғоз шуд, ки натиҷаи чораҳои саривақтии ҳукумати мамлакат аз пешгирии он буд: сарҳади мамлакат ба зудӣ баста шуд, мусофироне, ки аз кишварҳои дигар бармегаштанд, ҳама ҳатман аз карантини чаҳордаҳрӯза гузаронида шуданд, аз аввалин рӯзҳо таблиғу ташвиқи чораҳои беҳдоштӣ ба мардум оғоз гашт, вале бо вуҷуди ин, вируси фарогир дар кишвар доман паҳн кард ва ҷонҳои азизони моро рабуд, ки аз ин ҷойи гурез ҳам набуд. Тоҷикистон кишвари дарбастае нест, кишвари озоду демократӣ ва дарҳояш ҳамеша боз аст, ки ба он рӯзе даҳҳову садҳо рафту омад доранд ва аз ин рӯ, аз ин вирус барканор намондани он як амри табиӣ ба назар мерасад, дар ҳоле ки бисёр кишварҳои дигари ҷаҳон аз мо хеле пештар ба он мубтало шуданд. Ин барои кишвари мо фурсат дод, ки хасоиси вирусро хубтар шиносем, таҷрибаи муборизаи дигаронро зери даст дошта бошем, бе тарсу ҳарос ва бо имони комили пирӯзӣ бар вирус ба арсаи шифо бахшидани мубталоён ворид шавем. Дар ин ҷабҳа мо ҳоло хуб медонем, ки аз ҳама василаи муассир ва осон барои ҳама риояи қоидаҳои беҳдоштӣ – аз ҷумла, дар пайи ҳар амал бо собун ва оби гарм шустани даст, дар ҳолатҳои зарурӣ пӯшидани ниқоб, эҳтироз аз саломи дастиву оғӯшгирӣ, нигоҳ доштани фосила ҳангоми гуфтугӯ ва барои солхӯрдагон бе зарурат аз хона берун нарафтан мебошад. Кишварҳое, ки ин қоидаҳоро иҷро карданд, ба монанди Чин, Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон бо талафоти нисбатан кам ва зудтар аз буҳрони беморӣ халосӣ ёфтанд. Ин таҷрибаро ҳамаҷониба истифода кардани мо зарур аст. Вақте ки мо бо ин силоҳи муассир ва дар айни ҳол, ба ҳама дастрас мусаллаҳ мешавем, эҳсоси тарс камтар мешавад.

Тарспароканӣ ва дасисаҳои дигари мухолифин

Тавре зикр шуд, зархаридонва пайравони онҳо такрор ба такрор дар тамоми шабакаҳои иҷтимоӣ ҳукумати Тоҷикистонро бо он айбдор карда истодаанд, ки мавҷудияти коронавирусро пинҳон доштанд ва ин боиси авҷ гирифтани вабо гардид. Ба ҳамагон маълум аст, ки то охирҳои моҳи апрел мардум аз ягон чиз бим надоштанд, дар мактабҳои оливу миёна дарсҳо доир мешуданд, тӯю маъракаҳо, ҷаласаву ҳамоишҳо озод барпо мегардиданд ва касе бемор намешуд. Дар авохири моҳи апрел вақте эълон шуд, ки дар кишвари мо ҳам мавҷудияти вирус ба қайд гирифта шудааст, якбора ҳамаро ваҳм зер кард. Кӯчаву растаҳо бидуни ин ки карантин эълон шавад, холӣ шуданд, бештари мардум узлатро интихоб карданд. Рӯхияи мардум ба якборагӣ тағир ёфт.

Воҳима ҳолати равониест, ки дар асари шидати баланди эҳсосоти тарс аз чизе, ҳодисае ё рӯйдоде ба вуҷуд меояд ва қобилияти дарки воқеият ва мантиқан фикр карданро аз инсон мегирад ва боиси ошуфтагии равонӣ мегардад. Воҳима хусусияти инфиродӣ ва иҷтимоӣ дорад ва зуҳури он дар ҳар сурат барои фард ва ҷомеа хатарнок мебошад.

Маълум аст, ки эҳсоси тарс аз ҳаёти худ ва наздикони худ барои инсон як амри табиист, аммо вақте ки силоҳи амният дар даст аст, он кам мешавад ва инсон қудрати рӯҳонии худро барои зафар омода месозад. Чунин бемориҳои фарогир дар таърихи мо кам набуданд, ҳанӯз Абӯалӣ ибни Сино аз он хабар дода, таъкид карда буд, ки дар ин ҳол аввалин ва муассиртарин васила бартараф кардани эҳсоси тарс ва баъдан маҳдуд кардани муносибат бо ашхоси гирифтор ва маҳалли пайдоиши беморист. Тафсилоти ба ҳамин монанд беморӣ – ваборо, дар асарҳои устод Айнӣ дидан мумкин аст, чӣ гуна бачаи ҷавон онҳоро аз сар гузаронида, зинда монд. Бинобар, ин навъи беморӣ тамоман нав нест, ки мо илоҷи онро надонем, илоҷи он маълум аст, аммо мутаассифона, душманони миллати мо онро ба воситаи тарспароканӣ ноилоҷ кардан мехоҳанд. Ин худобехебарон ба ҳамин амал даст зада истодаанд, ки худро ҳомии мардум нишон диҳанд, ҳол он ки ин амал – тарспароканӣ, дар байни мардум сад дар сад барои аз байн бурдани ҷони онҳо мерасонад, ки дар ин ҳолат онҳо на мухолифини ҳукумат, балки душмани ҷони мардуми кишвар мешаванд. Дар асл бигиред, барои ин тоифа, ки роҳнамои онҳо Ҳизби наҳзати ислому роҳбарони он мебошанд ва имрӯзҳо фазои иттилоотӣ ва шабакаҳои иҷтимоиро барои ба манзури ҳукуматталабии худ расидан бо маводи фитнабарангез пур мекунанд, ҷони мардум пашизе қадр надорад. Мардум инро дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дида буд, акнун ба ин дасисаҳои онҳо бовар нахоҳад кард. Онҳо бо роҳи фиреб, ки ҳукумат гӯё барои пешгирӣ ва раҳо ёфтан аз ин беморӣ коре намекарда, ё аз уҳдааш намебаромада бошад, дар байни мардум тарс меафкананд ва агар мардум ба он бовар кунанду тарс хӯранд, дар натиҷа дар вуҷудашон нирӯи муқовимат ва мубориза бо вирус кам шуда, ба ҳалокат дучор мешаванд, аммо ин ҳукуматталабонро заррае ба ташвиш намеорад. Бинобар ин, ҳадафи мо аз ин суханон ҷавоб ба онҳо нест, онҳо бо ин амали ғайриинсонии худ арзиши ҷавобро надоранд, рӯйи сухани мо ба баъзе аз мардум, махсусан ҷавонони ғофил аз мақсади нопоки ин наҳзатиҳову ҳамроҳони онҳо мебошад,  ки аз шабакаҳои иҷтимоӣ  истифода мекунанду ин дасисаҳоро хонда, фирефта шуданашон мумкин аст. Насли калонсол кӣ будани онҳоро нағз медонад, онҳо ботин ва мақсадҳои ғаразноки худро дар солҳои навадуми асри гузашта нишон дода буданд.

Вақте ки инсон ба тарс дода мешавад, ончунон ки мухолифини ҳукуматталаб мехоҳанд, табобати ӯ ба маротиб душвортар мегардад, зеро тарс аз дардҳои доираи рӯҳист, ки илоҷи он бештар ба дасти худи бемор аст, то табиб ва то он замоне ки беморро аз он халос карда нашавад, табобати ҷисмонии ӯ бенатиҷа хоҳад буд. Давои дарди ҷисмонӣ нисбат ба бемории рӯҳӣ, дар айни ҳол тарсхӯрдагӣ, ба табибон осонтар аст, аммо мухолифин бар зидди амали шифокории табибони фидокор, ки дар ин шабу рӯз ҷон ба каф гирифта, барои наҷоти беморон ҷонфидоӣ доранд, фаъолияту мубориза мебаранд. Шумо- зархаридони беимон, дар айни ҳол бо онҳое мубориза доред, ки барои наҷоти инсон ҷоннисорӣ карда истодаанд. Куҷост инсонигариву адлу инсоф?! Шумо хуб медонед, ки тарси шахсӣ ба устувории рӯҳияи солими иҷтимоӣ латма мезанад, ки пойдории давлат бар он асос мегирад, аз ин рӯ, ин роҳро пеш гирифтаед ва аз қурбоние, мардум дар ин роҳ доданаш мумкин аст, заррае парво надоред. Аммо хушбахтона, дар натиҷаи ташвиқу тарғиб ва фаҳмонидани роҳи наҷот аз ин беморӣ, ки ҷомеаи шаҳрвандии тоҷик, ҳукумат ва сохторҳои он ба роҳ андохтаанд, мардум дарёфтанд, ки аз он бо риояи қоидаҳои содаи беҳдошт ва фосилагирии шахсиву иҷтимоӣ раҳо ёфтан мумкин аст. Албатта, ҳоло ҳам ин навъи фаъолиятро густариш додан зарур аст, ки мардум ҳар чи бештару хубтар аҳаммияти наҷотбахши онро фаҳмида иҷро кунанд, бинобар ин ба тамоми аҳли зиёи кишвар, махсусан ба олимону адибон, донишмандони улуми ҷомеа ва инсоншиносӣ зарур аст, ки барои пурқувват кардани рӯҳияи тавоноии мардум ба ҳар гуна мушкилот, аз ҷумла ба ин беморӣ ва ҳамчунин муқовимат бар ҳар гуна ихтилофангези байни ҷомеа ва ҳукумат фаъолияти хешро муассир намоянд. Дар ин ҳол танҳо бо ҳамкорӣ ва якдилӣ бо тамоми сохторҳои ҳукумат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ва боварии комил ба қудрати ҳамкории худ аз ин офат бо талафоти кам раҳо шудан мумкин аст ва ҳар касе ки бар муқобили ин, ҳамчун мухолифину наҳзатиҳо амал мекунад, душмани миллат аст. Хушбахтона, мо ҳоло шоҳиди он ҳастем, ки дар ҷомеаи кишвар ин навъи фаъолият рӯз ба рӯз густариш меёбад, дар баробари сохторҳои ҳукумат, ки дар тамоми маҳалҳо барои пешгирии беморӣ фаъолият доранд, ҷомеаи шаҳрвандӣ низ дар паҳлуи онҳо амал мекунанд. Онҳо на танҳо барои устувории муҳити бовариву ҳамкорӣ, подории рӯҳияи солими иҷтимоӣ, балки бевосита барои таъмини бемористонҳо, табибон, беморон бо маводи зарурӣ саҳм мегузоранд ва бо ин амали худ сарҷамъии ҷомеа ва ҳамкории онро бо ҳукумати кишвар тақвият мебахшанд. Ин навъи фаъолият дар тамоми қишрҳои ҷамъият – шаҳрвандони одӣ, соҳибкорон, ҷавонон рӯз ба рӯз бештар доман паҳн мекунад, ки далели қотеъи ҳамкорӣ ва ҳамрайъии ҷомеаву ҳукумати кишвар мебошад.

Ҳар дида, ки ибрате нагирад кӯр аст…

Одамиро дидаи ибратбин мебояд то аз гузашта сабақ гирад. Ин нуктаро ҳамаи бузургони олам таъкид кардаанд. Ба қавли Шайх Саъдӣ “Қадри офият касе донад, ки ба мусибате гирифтор ояд”. Дар тӯли таърих миллати тоҷик фоҷиаву мусибатҳои зиёдеро паси сар кардааст ва ҳар ки аз роҳи худшиносӣ ба гузашта муроҷиат карда бошад, дар ҳар марҳилаи таърихӣ ба ҳодисаю воқеаҳои хунин мувоҷеҳ гардидани миллати моро мебинад. Яке аз саҳифаҳои хунини зиндагии мардуми мо ҷанги шаҳрвандии солҳои навадум буд, ки бо айби Ҳизби наҳзати исломӣ сурат гирифт ва шоҳидони воқеа манзараҳои хунини онро ҳеч гоҳ фаромӯш намекунанд. Он падида барои мардуми мо дарси ибрат буд. Зеро боварӣ ба ояндаи нек намонда буд. Ҳеч кас бовар надошт, ки зиндагӣ аз нав эҳё мешавад. Шоири маъруф Ашӯр Сафар бо як лаҳни навмедона ва хеле пурдарду муассир изҳори нигаронӣ карда буд:

Як бори дигар ханда ба лаб мешуда бошад,

Дар кишвари ғам базму тараб мешуда бошад?

Шукри Худо ва талошу кӯшишҳои беандозаи Пешвои муаззами миллат, ки кишвари азизи мо дар радифи беҳтарин давлатҳои аз нигоҳи амният таъмини сайёра қарор гирифт. Миллионҳо бор базму тараб, ҷашну тантанаҳо доир шуд, мардум ғаму дардро фаромӯш кард ва зиндагӣ аз нав ҷӯш зад.

Вабоеро, ки инак сайёра ва кишвари моро ҳам фаро гирифтааст, метавон мусибати дигар номид. Ин мусибат дар қиёс бо фоҷеаҳои солҳои навадум ночиз аст, зеро қаҳтиву гуруснагиро дар канор надорад. Зиндагӣ ҷараён дорад, одамон машғули коранд (албатта, бо баъзе маҳудидятҳои эҳтиётӣ), барои табобати ройгони беморон тамоми шароит фароҳам омадааст. Бо вуҷуди ҳамаи ин хотири мардум ҷамъ нест, аз ҳамаи чиз истиҳола мекунанд, кӯшиш мекунанд, ки эҳтиёткор бошанд. Ҳатто дар ҷанозаи ҳамсояи худ намераванд, зеро ҷон ширин аст. Пас хулоса мешавад, ки ба қадру манзалати Инсон (хоҳ мурда, хоҳ зинда) пеш аз ҳама дар амнияту тинҷӣ мерасанд.

Он ҷоҳилони қалтабони ёвагӯ, ки шабакаҳои иҷтимоиро пур аз туҳмату гапҳои подарҳаво кардаанд, як зарра андеша намекунанд, ки лоақал даъвоҳояшон мантиқ дошта бошад. Таҷлили ҷашни Наврӯзро дар Хуҷанд сабаби асосии авҷгирии беморӣ донистаанд. Шумо- хонандагони муҳтарам, худ аз рӯи мантиқ қазоват кунед, ки Пешвои муаззами миллати мо он ҷашну тантанаҳоро тариқи онлайн тамошо накардааст, балки худ иштирокчии бевосита будааст. Яъне чун ҳамеша бо мардуму дар байни мардум. Агар дар он замону макон вирус мавҷуд мебуд, пеш аз ҳама ба ҷони Президенти муҳтарами мо хатар эҷод мекард, зеро ниқобу дигар воситаҳои эҳтиётӣ надошт.

Ё як оқипадари дигараш (маъзарат, ки номи онҳоро намедонам) тӯли барномаи яксоатаи худ дар бораи ҳавопаймое нақл мекунад, ки гӯё аз Олмон ба Душанбе парвоз карда омадаасту намояндагони давлату ҳукумат онро пинҳон медоранд. Бигузор як ҳавопаймо не, балки сад ҳавопаймо омада рафта бошад, барои шумо чӣ аҳамият дорад? Шумо кӣ ҳастед, ки бароятон маълумот пешниҳод намоянд, ки кӣ омаду кӣ рафт?

“Инсоф об мехӯрад аз чашмасори фаҳм”- мегӯяд Мирзо Бедил. Яъне инсофу имони фарди бомаърифат комилтар аз инсофу имони шахси ҷоҳилу бесавод аст. Дар чанд барномаҳои ибтидои моҳи май пахшкардаи ин харкурраҳо дар ҳаққи Президенти муҳтарами Тоҷикистон туҳматҳои зиёде шудааст. Агар онҳо як зарра тааммулу андеша мекарданд, чунин туҳмати бемантиқро намекарданд, зеро тамоми мармдуми шарифи Тоҷикистон ва ҷаҳон медонанд ва шоҳиданд, ки Эмомалӣ Раҳмон ҳамон президентест, ки синаи худро дар байни оташу тир сипар карда, солҳои ҷанг гоҳ ба Афғонистон, гоҳ ба Бадахшону Рашт рафта оташи ҷангро хомӯш кард. Ӯ аз тиру тӯпи шумо натарсид, акнун аз вирус метарсад? Пас аз он ки Пешвои миллат аз муассисаҳои барои бемориҳои сироятӣ омодашуда дидан кард, рӯзи дигар навиштанд, ки Президент пайдо шуд, аммо нохост воқеиятро дар бораи шумораи гирифторони вирус ошкор кард. Аҷиб он аст, ки муддаиёни ватанфурӯши мо, аз ҷумла М.Кабирӣ даъво доранд, ки шумораи гирифторони вирус дар кишвари мо аз сад ҳазор ҳам гузаштааст, аммо масъулин онро пинҳон медоранд, шумораи фавтидагонро ҳам. Биёед андеша кунем, Худо кунад, ки шумораи гирифторону фавтидагон зиёд набошанд, агар бошанд ҳам ошкор кардани онҳо ба фоидаи кор аст? Оё ин таъсири равонӣ надорад?

Хонандаи азиз, биёед одилона қазоват кунем. Онҳое, ки худро “мухолифин” мехонанду як эроди мантиқӣ аз фаъолияти ҳукумат гирифта наметавонанд, оё ҳуқуқи роҳнамоию маслиҳатчигӣ ва даъвои ҳукумат кардан доранд?Эроду айбҷӯиҳои онҳо ба он мақол мемонад, ки касе мегӯяд, думи саги ту каҷ аст. Солҳои навадум он муллову диндороне, ки мехостанд табаддулоти давлатӣ кунанд, саводи сиёсӣ як тараф истад, саводи кофии динӣ ҳам надоштанд. Аммо Кабириву дигар пайравонаш хатмкардагони макотиби олӣ бошанд ҳам аз сиёсату давлатдорӣ фарсахҳо дуранд.

Кирдору рафтор ва даъвову дасисаҳои мухолифинро ин ҷо мехоҳам ба таъбири Шайх Саъдӣ тавзеҳ диҳам. Дар “Гулистон”-и Саъдӣ ҳикояе омадааст, ки он ҷо аз тинати ҳасудону тирадилон ҳикоят мекунад ва порае шеър овардааст, ки чунин байт дорад:

Гар набинад ба рӯз шабпара чашм

Чашмаи офтобро чӣ гуноҳ?

Шабпара, шабпарак, шаббоза, шабёза, шабкӯр, хаффош ҷонварест сиёҳранги шабеҳи муш: дасту пояш бо пардаи нозуке бо ҳам муттасилу ба шакли бол мебошад, ки бо он метавонад мисли парандагон парвоз кунад. Пӯзаи борик ва ду гӯши барҷаставу дандонҳои бисёр тез дорад; чашмҳояш заиф аст ва бо ин иллат дар офтоб наметавонад берун ояд. Рӯзҳоро дар торикӣ ба сар мебарад ва ҳангоми ғуруб берун меояду дар ҳаво парвоз мекунад ва ҳини парвоз ҳашаротро шикор мекунад. Ҳангоми хобидан чанголҳои худро ба ҷое банд мекунаду овезон мешавад. Дар фасли зимистон дар ҷойи торике ба хоб мераваду аввали баҳор бедор мешавад.

Онҳое ки худро мухолифони ҳукумат меноманду аз хориҷи кишвар истода дасисаву иғво ва туҳмату дашномоҳоро ҷониби мо мефиристанд, шабеҳи ҳамин кӯршабпараконанд. Инон нуру рӯшноиро намебинанд ва дидан ҳам намехоҳанд. Зеро тинати зулмонӣ доранд.

Аслан мафҳуми танқид аз вожаи “нақд” аст, яъне сараро аз носара ҷудо кардан. Мушаххас кардани ҳусн (зебоӣ) ва қубҳ (зиштӣ). Агар аҳамият дода бошед, онҳое ки худро “мухолифин” муаррифӣ мекунанд, аслан дар бораи комёбию музаффариятҳои мо дар замони истиқлолият ишорае ҳам намекунанд. Гӯё тӯли ин сӣ сол мо ҳеч коре накардаем, ягон гӯшае обод нашудааст.

Ҳоло бар вазъияти имрӯза дақиқан биандешем, ба он хулоса мерасем, ки ҷомеаи тоҷик ва махсусан ҷавонон бояд ба хубӣ дарк кунанд, ки ҳеҷ ҳукумате бар зидди мардуми худ амал намекунад, зеро бар зидди мардум амал кардан теша ба решаи худ задан аст, ки ҳеҷ солимақле ба он машғул намешавад, бинобар ин ҳамаи иғвову дасисаҳое, ки ба ном мухолифини сиёсӣ барпо мекунанд, танҳо барои ба даст овардани ғаразҳои нопокашон буда, заррае бар манфиати мардуми тоҷик нест. Аз ин рӯ, мо бояд ҳоло аз пештара ҳам зичтар гирди ҳукумати худ ҷамъ оем ва барои ҳар чи зудтар аз чанги ин офати фарогир раҳо шудан чораҳо биандешем, ки аз ҳама заруртаринашон инҳо мебошанд.

Фардро рабти ҷамоъат раҳмат аст,

Ҷавҳари ӯро камол аз миллат аст.

То тавонӣ, бо ҷамоъат ёр бош,

Равнақи ҳангомаи аҳрор бош.

Пешвои миллат- рукне аз муқаддасоти миллӣ

Ҳар як инсон муқаддассоте дорад ва онро гиромӣ дошта аз он ҳимоят мекунад. Аз қабили Ватан, модар, забон ва амсоли ин. Масалан, вақте як нафар модари моро ва ё зану фарзанди моро дашном медиҳад, мо омодаем, ки ӯро ҷазо диҳем, зеро ӯ пардаи номуси моро медарад.

Як туда қалтабони аз имону номусу виҷдон  дур имрӯз даҳону ҳалқи худро дарида фақат густохӣ мекунанд.. Суханҳои носазо мегӯянд, таҳқир мекунанд. Аммо таҳқирҳои онҳо на танҳо барои сарвари кишвар, балки барои кулли мардуми мо равона шудаанд, зеро мо Пешвои миллатро арҷ мегузорем, ба ӯ бовар дорем ва ӯро роҳнамою ҳомии худ меҳисобем.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рукне аз муқаддассоти миллати мо ба шумор мераванд. Дар бораи фазилатҳои ӯ ин ҷо маҷоли сухан рондан нест. Танҳо бояд зикр кард, ки ӯ маҳбуби дили ҳамагон гаштааст. Ба дили мардум роҳ ёфтан ва сазовори боварӣ гаштан кори осон нест. Ҳар як сиёсатмадор орзу мекунад, ки боварии мардумро сазовор шавад, вале наметавонад. Тӯли сад соли охир ягона сиёсатмадоре, ки ба дили мардум роҳ ёфта, мақбули онҳо гаштааст, Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рамзи соҳибистиқлолӣ, озодӣ ва ҳастии мо-тоҷикон, мебошад. Ҳар як тоҷики баномус омодааст, ки барои ҳифзи номусу ваҳдати миллӣ худро дар радифи сарсупурдагони Ватан қарор диҳад. Мо наметавонем муқобили армонҳои миллат қарор гирем.

Биёед аз рӯи воқеият баҳо диҳем. Тӯли сад соли охир дар Тоҷикистон роҳбарони зиёде фаъолият кардаанд, ки ҳар кадом дар рушду нумӯи кишвари мо саҳме доштаанд Аммо ҳеч як роҳбари дигар чун Эмомалӣ Раҳмон маҳбуби дилҳо нагаштааст. Маҳбубияти Президенти моро бояд аз андешаву мулоҳизаҳои касоне мушаххас намоем, ки хоҳони амнияту ободии кишвари мо мебошанд. Биёед сайри кишвар кунем, бо пирону таҷрибадорон суҳбат намоем. Онҳо аз Пешвои миллати мо бо таъзиму такрим ёдоварӣ мекунанд. Масалан, модари солхурдаи ман дар ҳар як намозаш дар ҳаққи Пешвои миллат дуо мекунад, ӯро офтоби мамлакат мегӯяд. Дар чанд маъракаи дигар пирони рӯзгордида мегуфтанд, ки аз шунидани овози ҷаноби олӣ мо хурсанд мешавем, садои ӯ ба дилҳои мо фараҳ мебахшад.

Табиист, ки як нафар роҳбар дар кадом самте, ки набошад, барои ҳамагон хуб буда наметавонад. Он роҳбаре, ки барои ҳамагон мусбию мақбул аст, аслан роҳбари хуб нест. Ин ҷо ривояте дар бораи Мавлоно Ҷомӣ ба ёдам меояд. Назди Мавлоно нафаре омада гуфт, ки фалон одам дар ҳаққи шумо суханҳои хуб гуфт, ситоишҳои зиёде кард. Аз шунидани ин хабар Мавлонои Ҷомӣ андӯҳгин шуда зор-зор гирист. Вақте сабаб пурсиданд Мавлоно гуфт, ки он одам, ки шумо мегӯед, дар бадию палидӣ шуҳрат дорад. Ӯ дар вуҷуди ман чӣ чизи баде дидааст, ки ситоиши маро мекунад?

Аз паҳлуи дигар назар кунем дар олам ҳеч падидае бе хости Худованд зуҳур намекунад ва онҳое ки худро наҳзатию ҳомии ислом мехонанд, бояд эътироф кунанд, ки бе хости Худованд ҳатто як барг аз дарахт намеафтад. Худованди таборак ва таъоло ба ҳар кас аз рӯи дилу нияташ чизе медиҳад. Пешвои миллат ҳам бо ризоияти Худованд ба сари қудрат омадааст. Аз ин рӯ ба қавли шоир:

Чароғеро, ки Эзад барфурӯзад,

Ҳар он кас пуф кунад, ришаш бисӯзад.

Пешвои миллат ифтихори мо-тоҷикон, мебошад. Ӯ на танҳо бо сурату симои зебои худ, балки бо донишу таҷрибаи сиёсии солҳои зиёд андӯхтааш тоҷикону тоҷикистониёнро барои оламиён муаррифӣ менамояд. Аз минбарҳои баланди олам бо забони тоҷикӣ сухан мегӯяд, ҳомии забону фарҳанг ва ҳастии миллати мо мебошад. Ва ҷои ҳеч муболиға нест, ки мисли ӯ сиёсатмадори бузурги дигаре дар тамоми Тоҷикистон нест ва дар ин даҳсолаву бистсолаҳои наздик ҳам пайдо намешавад. Аз ин рӯ, имрӯз вақти он расидааст, ки ҳар як тоҷики бонангу номус ҳидояту роҳнамоиҳои Пешвои муаззами миллатро пеши худ созад.

Бар сари фарзанди одам ҳар чи ояд бигзарад- гуфтаанд бузургон. Ин рӯзҳои бад ҳам мегузаранд. Базму тарабу хурсандиҳо дар пешанд. Имрӯз моро лозим аст, ки  ҳамаи қоидаҳои беҳдошт ва фосилагирии иҷтимоиро, ки мутахассисони тиб тавсия медиҳанд, бечуну чаро иҷро кунем. Махсусан қишри осебпазири ҷомеа – калонсолон, одамони касалиҳои роҳи нафас, дил, қанд  ин талаботро қотеъона риоя кунанд, зеро маҳдудиятҳои ҳуқуқӣ танҳо ба хотири саломати онҳо ҷорӣ карда шудааст. Гурӯҳи дигари ҷомеа, ки фаъолияташон ба истеҳсол ва таъмини моддии мардум вобастааст, аз ҷумла кормандони соҳаҳои кишоварзӣ, истеҳсоли маҳсулоти стратегӣ бо эҳтиёткории ҷиддӣ ва риояи қоидаҳои беҳдошту фосилагирӣ фаъолияти худро давом медиҳанд, то ин ки ҷомеа аз роҳи рушди худ боз намонад. Аз ҷониби мо, аҳли зиё зарур аст, ки дар сангари пеш қарор дошта бошем ва ҳама дар якҷоягӣ – олимону адибон, ҷомеашиносону инсоншиносон, файласуфону ҳуқуқшиносон моҳияти тадбирҳои ҳукуматро, ки барои ғолиб баромадан ба ин офат ба кор андохта мешаванд, ҳамаҷониба ташвиқу тарғиб намуда, барои афзудани қувваи муқовимати рӯҳии мардум ба ин беморӣ хидмат кунем. Мо дар ин чанд моҳе, ки инсоният бо ин вируси фарогир мубориза дорад, дидем, ки маҳз ҳамон кишварҳое, ки муттафиқона бо давлату ҳукуматашон якҷоя амал карданд, бо талафоти камтар аз он раҳо шуданд. Халқи шарифи тоҷик бо амри тақдир рӯзҳои аз ин ҳам вазнинтарро паси сар карда, аз имтиҳонҳои сангини таърих ҳамроҳи давлату ҳукуматаш солиму сарбаланд бурун омада буд. Бинобар он, мо  бовари комил дорем, ки дар ин мубориза ҳам ақлу хирад, ҳамбастагиву ҳамрайъии мардуми шарифи тоҷик бо сиёсати давлату ҳукумат пирӯз хоҳад шуд ва мо бо талафоти камтар аз ин офат бурун хоҳем омад, зеро ҳамаи амалу нияти мо барои ҳифзи ҳаёт – ҳаёти инсон– гаронбаҳотарин арзиши ҳастӣ мебошад.

 

Боймурод ШАРИФЗОДА – директори Институти

забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ

ТОҶИК, ТОҶИКИЯТ, КОРОНАВИРУС ВА НАНГУ НОМУС

Ба ҳаводис ва руйдодҳои олам менигарем. Мавзӯи асосӣ – бадбахтии саросарии олам-коронавирус.

Бузургтарин қудратҳои ҷаҳонӣ натавонистанд, аз он раҳоӣ ёбанд. Давлати қудратманде, ки даъвои кадхудоии дунёро дошт, ё кишваре, ки сесад сол Ҳиндустони бузургро таги чанголи оҳанин гирифта буд, мамлакате, ки роҳро ба сӯйи қитъаи Амрико кушода буд ва дигар кишварҳои бою сарватманд миллионҳо бемор ба бор оварданд. Даҳҳо ҳазор нафар шаҳрвандони онҳо ҷонҳои худро бар асари ин сироят бохтанд.

Ин руйхатро метавон идома дод. Аммо ҳоҷат нест. Мардумони олам фоҷеи одамиро эҳсос мекунанд, мефаҳманд, агар бо кумакҳои моддӣ натавонанд ҳам ақаллан ҳамдардӣ изҳор менамоянд.

Афлотун фармудааст: «Ҷанг ягона руйдодест, ки қудрати маънавии миллатро дар намоиш мегузорад».

 Масъала сари тоҷик, тоҷикият, коронавирус ва нангу номус  меравад. Ҳамагон медонистанд ва медонанд, ки ин фоҷеаи умумибашарӣ наме-тавонист кишвари моро сарфи назар кунад. Акнун ин бадбахтӣ дари хонаи тоҷикро ҳам, тавре ки интизорӣ мерафт, куфт.

Ҳар рӯз аз ин ноҳияву аз он ноҳия, аз ин шаҳр ё аз он шаҳр хабари фоҷеа ба гуш мерасад. Гоҳо ин бадбахтӣ дар пеши чашмони мо сурат мегирад. Одамҳо дар беморхонаҳо, дар хонаҳои худашон бо кумаки духтурон табобат мегиранд. Шукр, аксарашон шифо меёбанд. Давлате, ки дар қаламрави он захираҳои нафту газу дигар сарватҳои пурдаромади табиӣ мавҷуд нест, бо тамоми кушиш ҷон меканад. Барои наҷоти ҳаёти шаҳрвандони худ мубориза мебарад.

Пизишкон, духтурони одӣ ҷон дар кафи даст бисту чор соат дар набард бо марг ҳастанд. Дар ин роҳ қурбон мешаванд. Инро барои худ  қаҳрамонӣ намешуморанд. Ҳисоб мекунанд, ки чунин муносибат барояшон як чизи одӣ аст. Нанг аст. Номус аст. Ватандорӣ аст. Қарзи инсонӣ аст. Ин мубориза ҳамакнун маънавиёти мардуми мо − тоҷикиятро нишон медиҳад.

  Дар рӯзи мурда на ҳама барои сугворӣ меоянд. Баъзеҳо бо интизорӣ, хурсандии ниҳонӣ ва заҳрханда изҳори тасалият мекунанд, то соҳиби майитро низ  бикушанд. Инҳо аз ҷумлаи пасттарин инсонҳои дунё ҳастанд. Фаромуш мекунанд, ки агар на дар ин сурат, агар на имрӯз, на фардо, пасфардо ҳатман дасти тавонои марг дари онҳоро низ мекубад. Интизор бояд бошанд. Аз ин роҳ касеро халосӣ нест.

Одамон, махсусан ҷавонон шоҳид ҳастанд, айнан ҳамин хислатро дар ин рӯзҳои фоҷеабор ифротгароёни палиди наҳзатӣ дар намоиш гузоштаанд.  Дар ҳар як мурдаи тоҷик  онҳо рақсу бозӣ, хушҳолӣ ва якдигарро табрик мекунанд. Барои худ маъракаи хурсандӣ меороянд. Дастони касифи худро сӯйи компютер бурда ниҳоят бесаводона, бо лаҳҷаву ифодаву калимоту таъбирҳои нимэронии туркмаобона ва арабиасли бемавқеъ дар бораи мусибати мардуми тоҷик бо шеваи чуғз таронасароӣ мекунанд ва ба ин васила фазои афкори умумро тағйир доданӣ мешаванд.

  Албатта, ин бесабаб нест, ҷое зиндагӣ мекунанд, мансуб ба аҷнабист, пуле мегиранд мансуб ба аҷнабӣ, афкоре, ки рӯйи коғаз меоваранд, супориши аҷнабиҳост… Кабирӣ, Салимпур, Аюбзод, Истаравшанӣ, Варқӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин ва дигар нохалафоне амсоли инҳо, ки ҳатто бо зикри номи манҳусашон даҳон олуда мешавад, имрӯз аз мусибати мардум суд меҷӯянд ва суиистифода кардан мехоҳанд.

Агар мо гумон кунем, ки инҳо тоҷик нестанд, ғалат мешавад. Агар гуем, ки падарони аслиашон тоҷик нестанд, модарашон дар хонаҳои точикбадбиноне канизакӣ карда истифода шудаанд, эҳтимол иштибоҳ бошад. Агар гуем, ки инҳо дар баччагӣ пеши муллое таълим гирифтаанд, ки дар хилват чун амрад мавриди истифодаи муллои беинсофи зинокор қарор гирифта, мардиву нангу номуси худро дар кудакӣ аз даст додаанд, «омӯхта» шудаанд ва ҳисси одамбадбинӣ дар хуну пуст, мағз андар мағзашон мондааст,  мутаассифона, далел надорем. Ин сифатҳо гарчи тахмин аст, вале тоҷик ва аз Тоҷикистон буданашон бар онҳо яқин.

Аммо чунин тоҷик будан мисли Кабирӣ, Салимпур, Аюбзод, Истаравшанӣ, Варқӣ, Муҳаммадиқбол, аслан набояд ҷойи тааҷҷуби зиёд ҳам бошад. Ин ҷараёни таърихӣ аст. Охир мо тоҷикон ҳазор сол давлат надоштем-ку! Дар давраи бедавлатӣ ҳар касе чизе дар  ниҳодаш буд, барои зинда мондан, ҳадди ақал рифоҳу раҳоӣ  ёфтан,   зери ҳар  ниқобе рӯйи саҳна меомад. Рӯз мегузаронд.

Ба ёд биёред, ёддоштҳои Ҷонон Икромиро дар бораи падараш Ҷалол Икромӣ. Солҳои аввали инқилоб вақте Устод Айнӣ аз Самарқанд ба Бухоро меравад, як гурӯҳ нависандагони ҷавон барои зиёрат пеши эшон меоянд. Устод аслу насаб ва миллати ҳар кадомро мепурсад. Ҷ. Икромӣ аз тарс, ки мабодо ягон гап нашавад, аз тоҷик будани худ мункир мешавад.

Домулло Айнӣ рост ба чашмони шогирди ояндааш нигоҳ карда авлоди Бойзои ховалингии тоҷик буданашро исбот ва дар гардани  ӯ тоҷик буданашро дайн мекунад. Минбаъд Ҷалол Икромӣ ин саргузаштро зери хиҷолат ба писараш нақл кардааст. Аммо дар миёни ин гурӯҳи ватангумкардаи нохалаф куҷо аст Ҷалол Икромӣ, куҷо аст устод Айнӣ??? Куҷо аст шахсияте, ки тоҷики тарсончаки чоплуси раҳгумкардаро гуяд: «Э, палид! Фаромуш накун, падару модарат тоҷиканд, ту аз Тоҷикистон ҳастӣ. Агар барои ин бенангиву беномусӣ туро имрӯз напурсанд, фардо пурсиш дорад. Пурсандаро таърих ном аст. Аз тарафи дигар дар дунё ду чиз ҳаст, ки инсон дар ғоибу ҳозир пеши он бояд посух бидиҳад. Яке осмон болои сар, дигар виҷдон!  Инсоният дар дили одам аст». Аммо дар байни ин гурӯҳак нафаре нест, ки маъниву мантиқи сухани он ду бузургвор – устоду шогирдро дарк карда бошанд. Чунин кушиш ҳам дар гуши хар хондани «Қуръон» аст.

Баъдан ин иғвогарҳо насиҳатгар доранд. Аммо ягонтои онҳо тоҷик нестанд. Хуни тоҷикӣ надоранд. Онон зар доранд. Зар медиҳанд, то сар бихаранд. Зар медиҳанд, то ору номусу нанг ҳангоми ҷанг бихаранд. Онон истифодабарандагони тоҷиконанд. Чунин тоҷиконро мехаранд ва мефурӯшанд. Аз як даст ба дасти дигар медиҳанд. Ин аст мафкура ва маънавиёти як гурӯҳак, ки худҳошонро, «саршиноси тоҷик», «журналисти шинохтаи тоҷик», «нависанда ва рӯзноманигори маъруфи тоҷик», «чеҳраи шинохтаи тоҷик» ном мебаранд. Бубинед, ин гурӯҳаки наҳзатӣ дар ҳар ибора, бешармона ба мансубияти миллӣ – тоҷик будан ишора мекунанд.  Солҳои бистум айнан ана ҳамин хел тоҷикон буданд, ки қариб сабабгори  бедавлатии абадии тоҷикон шуданд. Ва солҳои навадуми асри гузашта боиси эҳтимолияти шикасти бебозгашти давлатдории миллии мо гардиданд.

Аъзои ин гурӯҳак, зоҳиран  одаманд, аммо амалан касоне ҳастанд, ки корбурди вожаи «одам» нисбаташон ҳайф аст. Онҳо ба ҳеҷ ваҷҳ шахсият нестанд. Инҳо идомаи ашхоси тарбиянадидаи ватангадои таърихии хешанд. Ин касали онҳо авлодӣ аст.

Афсус, бойгоние нест.  Бухорои шариф ба ин мартаба нарасид. Агар тасаввур ҳам кунем, ки чунин бойгоние ҳаст, дафтари аъмоли ҳафт пушти ақаллан ҳамин гурӯҳи шашгонаро бояд меомухтем. Дақиқан авлодони онон (Кабирӣ, Салимпур, Аюбзод, Истаравшанӣ, Варқӣ, Муҳаммадиқбол) хеле ашхоси чоплус, дуруя, хоин, дуруғгу, туҳматчӣ, нохалаф ва қатъан мазҳабфурушу номусулмон будаанд. «Бачаи хар яқин, ки хар бошад».

Аммо ба бойгонии Бухорои шариф ҳам чандон ниёзе нест. Шахсияти одии ҳамагӣ чанде аз ҳамин гурӯҳро бубинем. Кабирӣ ҳанноти беморхонаи сироятии ҷумҳуриявист, ки ин муассисаро бо 10 га замини атрофаш фурухт. Пиромуни ин ҳаннотии ӯ даҳҳо бор дар рӯзномаву маҷаллаҳои Тоҷикистон бо истифода аз аксу ҳуҷҷатҳои марбута мақолаҳо ба нашр расидаанд. Гузашта аз ин, Кабирӣ фосиқи  эътирофгардида аст. Қиссаҳои шаҳватрониҳои  ӯ бо расвотарин хонумҳое, ки ному насабу аксҳояшон дар интернет бо худиқрории худи Кабириву он фоҳишаҳо маълуму машҳур аст, ба мардум расидааст. Истаравшанӣ (Саид Юнус) бошад дуздзодаест, ки додар ва занаш бо ҷурми даст доштан дар хариду фуруши маводи мухаддир дар хориҷи мамлакат ба маҳкама кашида шудаанд. Аз як эътирофи худи Истаравшанӣ, ки гуфта буд: «Бобои ман босмачӣ буд!», чи гуна одам будани ин ҷонвар дақиқан муайян мешавад. Ақаллан ба ёд биёред далелҳои таърихие, ки дар китобҳои бузургвори миллати тоҷик Устод Садриддин Айнӣ дар бораи босмачиҳо омадааст. Баъд онро ба ақидаву биниши ин пасмондаи босмачиҳо муқоиса кунед.

 На Кабирӣ дар ҷанозаи модараш (замоне, ки вакили интихобкардаи исломиҳо буд), ширкат кардааст, на Муҳаммадиқболи Садриддин дар мурдаи падараш (падар дар Полша ҷон дод, писар дар Фаронса, ки он мулк на раводид мехоҳад на иҷозат. Билети Маскав-Душанбе барои Кабирӣ як саду панҷоҳ доллар меистод, нархи  поезди Париж-Берлин барои Муҳаммадиқбол ҳаштоду панҷ евро).

Агар одам ба падару модари худ, ки ба умеде фарзанд гуфта, нури чашм гуфта калон мекунад, эҳтирому эътиқод надошта бошад, магар аз чунин ашхос барои дар рӯзи мотами ҳамсояи худ, ҳамватани худ сӯгворӣ кардан бӯйи умед ҳаст? Барои кутоҳии сухан мо аз баёни сифатҳои  намояндагони дигари ин гурӯҳи хиёнаткор ва ватанфурӯш  худдорӣ мекунем, чунки ба қавли Саъдӣ: «андак нишонаи бисёр асту муште намунаи хирвор».

Коронавирус, як мавҷуди одамхор аст. Вирус аст. Ҷонзоди бешуур аст. Аниқ, ки коронавирус тоҷик нест. Бегона аст. Аз  ҷондор ҷойи гила мадор гуфтаанд. Душман дар либоси навъи бактерия омадааст. Тахмин меравад, ки коронавирус маҳсули тахаюли кишвари бад, одами бад аст. Ба ҷойи гиламандӣ мо бо он мубориза мебарем.

 Аммо наҳзат чӣ? Наҳзат!!!? Охир аъзои ҳизби наҳзати террористӣ тоҷиконанд. Мусулмонанд. Аз номи ислом гап мезананд. Наҳзатиҳо зери шиорҳои исломӣ ба муқобили миллати худ ҷанги шаҳрвандӣ оғоз намуда 160 000 ҳамватани худро куштанд. Баъди бозгашт ба Тоҷикистон боз садҳо нафар тоҷиконе, ки ифтихори миллии мо буданд, террор карданд. Агар коронавирус мардумро, одамизотро нашинохта бешуурона кушад, наҳзатиҳо ҳар як тоҷикро шинохта, омӯхта, дидаву дониста бошуурона кушта буданд. Пас, худатон аз рӯйи инсоф қазоват кунед, кадоми инҳо бадтаранд? ХНИчиҳо ё коронавирусҳо!!!?

Шумо таваҷҷуҳ фармоед. Наҳзатиҳо шабу рӯз худо мегуфтанд, ки коронавирус ба Тоҷикистон биёяд. Ҳама медонистанд, ки ин вабо дер ё зуд ба кишвари мо низ меояд. Аммо ҲНИчиҳои террорист пешопеш табли шодӣ мезаданду таҳлукаангезӣ ва тарсафканӣ мекарданд, яъне даст ба коре мезаданд, ки ҳатто душман намекунад. Мамлакати куҳистон, ки ҷамъияташ наздик ба даҳ миллион аст, тамоми кушишҳоро мебинад. Худиҳо, бегонаҳо кумак мекунанд.

Дар ҷумҳурӣ, дар роҳи таъмини ҳифзи сиҳати мардум камбудӣ ҳаст? Албатта, ҳаст. Камбудиҳои ҷиддӣ ҳастанд. Камбудӣ дар тамоми соҳаҳо ҳаст. Кӣ инро инкор кардааст? Магар дар Амрико, дар пурқудраттарин давлати дунё камбудӣ нест, ки беш аз якуним миллион бемори COVID-19 дорад ва беш аз 90 ҳазор шаҳрванди он кишвар ҷони худро дар паи хуруҷи ин беморӣ бохтааст? Магар дар Инглистон камбудӣ нест, ки 236 ҳазор гирифтор ва 34 ҳазор қурбонӣ додааст? Ва ин раванд дар тамоми кишварҳои қудратмандтарини дунё босуръат идома дорад.

Дар тамоми давлатҳои дунё, аз ҷумла дар ҳамсоякишварҳои мо − Чин бо якуним миллиард аҳолӣ ва кишварҳои ҳамсояи туркзабонамон ин вабои аср вуҷуд дорад ва фоҷеаофаринӣ мекунад. Одамон бо он муборизаи беамон мебаранд.

Аз рӯйи инсоф, вақтро дареғ надоред, дари интернетро кушоед. Муносибати тамоми мардумонеро, ки берун аз кишварҳои худ зиндагӣ мекунанд (чиниҳо, русҳо, узбекҳо, қазоқхо, кирғизҳо, яҳудиҳо, зангиҳо ва ғ.), омӯзед. Ба саҳмгузории онҳо дар мубориза бо ин беморӣ дар ватанашон эътибор диҳед, таҳлил кунед ва баъд ба навиштаҳову гуфтаҳо ва умуман, муносибати тоҷикони наҳзатии террористе, ки дар кунҷи Аврупо пинҳон гаштаанд, ба давлати худ, ба миллати худ таваҷҷуҳ кунед. Онро дар муқоиса гузоред… Ростӣ,  ҳар тоҷики бо нангу номусе аз чунин ҳамватанони беномуси худ хиҷолат мекашад. Хиҷолат мекашад, ки онҳо ҳам худро тоҷик мегуянд. Хиҷолат мекашад, ки онҳоро ҳамчун тоҷик мешиносанд.

  Ягон чинӣ, амрикоӣ, турк, рус, олмонӣ, яҳудӣ, турк, муғул, касе, ки набошад, дар муносибат ба миллати худ, дар лаҳзаи фоҷеавӣ, сарфи назар аз ақидаҳои сиёсӣ, динӣ, мазҳабӣ ба ин дараҷаи бенангиву беномусӣ паст нафаромадааст.

Ин ҳамон шуури таърихии бедавлатист. Ин идомаи ҳамон ақидаҳои хоинонаи ватанфурушиву ғуломии бешармонаи бошурона аст. Ин маънавиёт ва вазъи ахлоқии намояндагӣ аз миллат аст, ки бо баҳонаҳои «банд будан ба корҳои ҳизбӣ» (гузашта аз он террористӣ) ва «масруф будан» дар ҷанозаи модари зор ва падари бузургвори хеш, ки боиси ба дунё омадани онҳо шудаву бо заҳмат ин нохалафонро калон кардааст,  ширкат накардан аст.

  Фарз мекардем, ки тамоми мардуми олам тоҷикиро медонистанд. Интернетро мехонданд. Мефаҳмиданд, ки тоҷикон ба мурдаҳои падару модар, хешу табор, ҳамватанони худ чи гуна муносибат мекунанд. Аз фоҷеаи миллати худ барои хеш сиёсат сохтанӣ мешаванд, руирост дуруғ мегуянд, дидаву дониста фиреб мекунанд, томот мебофанд, туҳмат мекунанд, аз камбудиҳои ба ҳама маълуме, ки ҳаргиз зиндагӣ бе он намешавад, ба ҷойи кумак, ғамхорӣ, таслият сиёсат сохтанӣ мешаванд, яқинан аз мо тоҷикон рӯ мегар-донданд. Бо мо салом намекарданд.  Хайрият, хайрият, ки на ҳама мардуми олам тоҷикиро медонанд.

  Аз ҷониби дигар, мо тоҷикон, асосан мардуми бумӣ, соҳибмаърифат, дилсоф ва аз ҳамин лиҳоз андаке сода ҳам ҳастем. Душманон якумр аз ҳамин хислати мо суиистифода кардаанд ва мекунанд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки созмонҳои террористӣ онҳоро хуб истифода мебаранд, аз беморхонаҳо, шаҳру деҳот аз мавзеи мусибат хабарҳо ба табъ мерасанд. Инҳоро баъзан шаҳрвандон аз рӯйи ҳамдардӣ, дилсӯзӣва гоҳо содалавҳӣ менависанд, мегӯянд. Онҳо намедонанд, ки мақсади ин шабакаҳои террористӣ(Ахбор. ком, Паём. нет, Ислоҳ. нет, Кимиёи Саодат, Востокнюз, Озодандешон ва монанди инҳо) игвоангезӣ аст. Сиёсӣ аст. Супоришӣ аст. Пулкоркунӣ аст. Дарди мардумро кам кардан нест. Ба мардум кумак кардан, ёрӣ расонидан нест. Хулқу атвори ин модарбахаторафтагон ва падарбезоронро ҳам гуфтем. Албатта, ҳар кас ихтиёр дорад. Аммо инсони ҳақиқӣ розро ба қадрдон мегӯяд, на ба раҳгузари ватанфуруши қалтабон (разил, чоплус, даюс). Ин маслиҳатро ҳам набояд фаромуш кард.   

Дар олам, дар мулки сармоя, дар Аврупо нафаскашӣ ҳам пул меистад. Оби ошомиданӣ, ки гушаву канори Тоҷикистон сарчашмаи он аст, аз нархи нафту газ якуним-ду баробар гарон аст. Сайтҳои  моҷароҷуи Ахбор. ком, Паём. нет, Ислоҳ. нет, Кимиёи Саодат, Востокнюз, Озодандешон, Рисолат.тҷ. ва даҳҳои дигар, ки дар хизмати террористони наҳзатӣ ҳастанд ва ин қадар ҷон мекананд, магар аз кисаи Кабириву Салимпур пул мегиранд? Албатта, не. Ин хоинӣ қимат дорад. Пул меистад. Кишваре, ки давлати моро як бор ба хоку хун кашид ва кишварҳое, ки даъвои қудрати бузурги оламро доранд, ба ин ватанфурушон пул медиҳанд. Пулро мақсаднок медиҳанд. Ана ҳозир аз ҳисоби фоҷеаи мардуми худ гурҳоро сузонданӣ мешаванд, ки дегҳояшон ҷӯшанд. Аммо яқин дониста бошанд, ки ин мушкил мегузарад. «Расид мужда, ки айёми ғам нахоҳад монд. Чунон намонд вачунин ҳам нахоҳад монд». «Зимистон мегузарад рӯйсиёҳӣ ба зуғол мемонад». «Меравад рӯзи гушнагӣ, мемонад к…ни сӯхтагӣ».  Омода бошед!

      

Азимҷон Раҳмонзода, муовини директори Институти Осиё ва Аврупои АМИТ

Зиёев Субҳиддин, ходими пешбари Институти Осиё ва Аврупои АМИТ 

Фирдавс Мирзоёров, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон