АВВАЛ АНДЕША, БАЪД ГУФТОР! Вокуниши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба нигоштаи нодурусту бардурӯғи Радиои «Озодӣ»

Май 14, 2020 10:57
ДУШАНБЕ, 14.05.2020 /АМИТ «Ховар»/.7 май хабарнигори Радиои «Озодӣ» Искандари Фирӯз таҳти унвони «Гӯшае аз хона — музейи Садриддин Айниро дар Душанбе вайрон мекунанд» нигоштаеро интишор намуда буд ва дар он зикр мекард, ки гӯё имрӯзҳо «қисме аз хона — музейи Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон ва поягузори адабиёти муосири тоҷикро дар Душанбе вайрон мекунанд».
Азбаски Осорхонаи адабии Садриддин Айнӣ дар тобеияти осорхонаҳои муттаҳиддаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон қарор дорад, АМИТ «Ховар» барои рӯшанӣ андохтан ба қазияи мазкур ба Академияи миллии илмҳо муроҷиат намуд.Cармутахассиси Шуъбаи табъу нашри Академияи миллии илмҳои ТоҷикистонМухбирҷон КЕНҶАЕВ нигориши «Озодӣ»-ро чунин шарҳ дод:
— Хабари мазкур, ки аслан беасосу бепоя мебошад, дар худ ягон далелу асноди аниқ надорад. Шералӣ Каримов, директори Осорхонаи адабии Садриддин Айнӣ зимни суҳбат гуфт, ки ин гапҳо ягон асоси воқеӣ надоранд. Касе ба маъмурияти осорхона барои аз байн бардоштани бино ба таври шифоҳӣ ва ё ин ки дар шакли хаттӣ то имрӯз огоҳнома надодааст. Ҳоло кормандони осорхона бинобар хуруҷи бемории COVID-2019 қисман то охири моҳ дар таътили муваққатӣ қарор доранд ва бо беҳтар шудани авзо ба кори муътадилу доимии худ шурӯъ хоҳанд кард.
Ҳамзамон мо зарур донистем, ки бо муовини сармеъмори шаҳри Душанбе Шодимурод Аловуддинов дар масъалаи мазкур ҳамсуҳбат шавем. Мавсуф иброз дошт, ки масъалаи тахриби Осорхонаи устод Айнӣ умуман дар Нақшаи кулл вуҷуд надорад. Тибқи нақшаи генералӣ, ки аз ҷониби роҳбарияти шаҳрдорӣ тасдиқ гардидааст, дар мавзеи мазкур ҳоло корҳои бартарафсозии биноҳои маскунии кӯчаҳои атрофи маҳалла мутобиқи нақшаи тасдиқшуда, ба ғайр аз бинои Осорхонаи адабии Садриддин Айнӣ идома доранд. Дар қисмати ҳамшафати осорхона бо ибтикори Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Декор-инвест” бунёди меҳмонхонаи панҷситорадор дар шаҳраки муосире, ки бунёд мегардад, феълан идома дорад.
Осорхонаи мазкур азбаски яке аз ёдгориҳои таърихию адабии сатҳи ҷумҳуриявӣ маҳсуб меёбад, бинобар ин дар ҷойи худ маҳфуз нигоҳ дошта шуда, зарурати боз ҳам ободу зебо кардани он пеш омадааст. Зеро устод Айнӣ барои миллати мо чун Қаҳрамони Тоҷикистон хидматҳои зиёд кардаанд.
Роҳбари Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ низ зикр намуд, ки ҳамаи овозаҳо дар хусуси аз байн бурдани бинои Осорхонаи устод Айнӣ ягон асоси воқеӣ надоранд ва нодурустанд. Осорхона ҳамеша ҳамчун яке аз ёдгориҳои адабию фарҳангӣ таҳти ҳимояи давлат қарор дошт ва дорад. Баръакс он бо ташаббуси роҳбарияти давлату садорати шаҳрдорӣ ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон пайваста ва сол аз сол ободу зебо гардида истодааст.
Ҳамзамон, Фарҳод Раҳимӣ иброз дошт, ки Осорхонаи адабии устод Садриддин Айнӣ соли 1978 ба муносибати 91-солагии зодрӯзи нахустпрезиденти Академияи илмҳои Тоҷикистон, сардафтари адабиёти муосири тоҷик, устод Садриддин Саидмуродзода Айнӣ таъсис ва бунёд гардида буд. Ҳангоми дар вазифаи президенти Академияи илмҳои ҷумҳурӣ интихоб ва таъйин шуданашон устоди зиндаёд дар бинои ҳавлии мазкур (ҳоло осорхона) се соли охири ҳаёти пурбаракати худро сипарӣ намудаанд.
Инчунин, академик Раҳимӣ гуфт, ки 15 апрели соли 2018 бахшида ба 140-солагии устод Садриддин Айнӣ бо дастури бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири арҷ гузоштан ба шахсияти Қаҳрамони Тоҷикистон, нахустпрезиденти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нависандаи халқии Тоҷикистон, устод Садриддин Айнӣ осорхонаи мазкур бори охир таъмиру таҷдид гардида буд. Дар ин самт шахсан саҳми Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, инчунин роҳбарияти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва Ширкати «Алюминийи Тоҷик» («ТалКо») хеле калон аст.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва роҳбарияти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон тасмим гирифтаанд, ки барои кормандони илмию таҳқиқотии осорхона бинои нав бунёд намуда, атрофи осорхонаро ба таври замонавӣ панҷарапӯш намуда, ҳамзамон корҳои ободонӣ ва гулзоркуниро дар осорхона ба таври мунтазам ва доимӣ ба роҳ монанд.
Ғайр аз ин чанде пеш Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода низ аз Осорхонаи адабии устод Садриддин Айнӣ дидан намуда, ҷиҳати боз ҳам ободу зебо намудани он ба масъулин дастур додааст.
Хулоса, хабари мазкур, ки дар ин шабу рӯзҳои бе ин ҳам душвор интишор шудааст, ягон асоси таҳлилӣ ва воқеӣ надорад.

БО БОВАРӢ БА ОЯНДАИ НЕК БАР ЗИДДИ ИН БЕМОРИИ СИРОЯТИИ НАВ МУБОРИЗА БАРЕМ! Муроҷиатномаи олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба мардуми ҷумҳурӣ

Май 13, 2020 14:50
ДУШАНБЕ, 13.05.2020 /АМИТ «Ховар»/.Дар робита ба пањншавии бемории коронавируси намуди нави COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба мардуми кишвар муроҷиатнома қабул намуданд, ки матни он имрӯз ба АМИТ «Ховар» расид.
Ҳамватанони азиз!
Бародарону хоҳарон!
Имрӯзҳо зуҳур ва авҷгирии бемории сироятии даҳшатнок бо номи COVID-19 кулли кишварҳои ҷаҳонро фаро гирифта, ҳар рӯз ҷони ҳазорон нафарро меситонад ва сабаби торафт заиф гардидани иқтисодиёти ҷаҳонӣ мегардад.
Ин «вабои аср» дар Тоҷикистони азизи мо низ зуҳур карда, имрӯзҳо сабаби нигаронии Ҳукумати мамлакат ва тамоми мардуми ҷумҳурӣ гардидааст.
Ҳукумати Тоҷикистон бо андешидани чораҳои қатъӣ тавассути бастани марзҳо, манъи парвозҳои байналмилалӣ ва карантин намудани мусофирони аз берун воридшаванда тавонист муддате пеши роҳи паҳншавии бошитоби ин вирусро бигирад. Аммо таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки то ҳол ҳеҷ як роҳи самараноки пешгирии паҳншавии ин вирус ба ҷуз аз риояи қоидаҳои беҳдоштӣ вуҷуд надорад. Ҳамагон шоҳиди ҳол ҳастанд, ки эпедимияи короновируси марговар охири моҳи декабри соли 2019 аз шаҳри Ухани музофоти Хубейи Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз шуд ва ҳатто кишварҳои абарқудрати Амрико, Аврупо ва Осиё пеши роҳи паҳншавии онро гирифта натавонистанд.
Вирус ва бактерияҳои касалиовар дар кураи Замин қабл аз пайдоиши инсон арзи ҳастӣ намуда, бидуни организмҳои дигар ҳаёт ба сар бурда наметавонанд. Таърих гувоҳ аст, ки инсоният тӯли ҳастии худ борҳо ба пандемияи бемориҳои хавфноки сирояткунанда мувоҷеҳ гардидааст. Аз ин рӯ, дар замони муосир инсоният сар задани пандемияро ҳамчун раванди ногузир қабул намуда, барои пешгирии он бояд ҳамеша омода бошад.
Набояд фаромӯш кард, ки дар натиҷаи нобасомониҳои солҳои 90-уми қарни гузашта, дар ибтидои даврони соҳибистиқлолӣ вазъи эпидемиологӣ дар мамлакат мураккаб гардида, якчанд бемориҳои сироятӣ, аз қабили вараҷа, домана, лейшманиоз, табби хунини Конго-қримӣ ва ғайраҳо авҷ гирифта буд. Бо талошҳои пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои муассири мубориза бар зидди ин бемориҳо таҳия ва амалӣ карда шуда, вазъи эпидемиологии мамлакат ба эътидол оварда шуд.
Ҳамагон огоҳӣ доранд, ки манбаи асосии бемории СOVID-19 ва ҳомили ин беморӣ шахси бемор, ки ҳанӯз нишонаҳои клиникӣ дар он зоҳир наёфтааст, ба шумор меравад. Коронавирус бо роҳи қатрагӣ-ҳавоӣ, гардӣ-ҳавоӣ ва алоқавӣ (даст фишурдан, даст расонидан ба ашёи сироятнок ва ғ.) паҳн гардида, бештар роҳҳои нафасро сироят менамояд.
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ин рӯзҳои ҳассос аз тамоми ҳамватанони азиз даъват менамояд, ки тавсияҳои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қатъиян риоя намоянд.
Истифодаи ҳатмии ниқобҳои тиббӣ, мунтазам шустани дастон бо собун ва истифода аз маҳлулҳои антисептикӣ, поккории манзили зист ва атрофи он, риояи фосилаи 1,5-2 метр ҳангоми гаштугузор ва суҳбат дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, бе зарурат аз хона набаромадани махсусан шахсони аз 60-сола боло, канораҷӯӣ намудан аз иштирок дар чорабиниҳои оммавӣ, ба рӯю бинӣ, чашм ва даҳон даст нарасонидан, бо даст салом накардан ва худдорӣ аз бӯсобӯсӣ ва оғӯш гирифтан тадбирҳои муҳими пешгирӣ аз сироятёбӣ ба коронавирус мебошанд.
Мутахассисон ва коршиносони тамоми дунё ба ин назаранд, ки шарти муҳими пешгирӣ аз сироятшавӣ ва табобат ёфтан аз бемории COVID-19- ин роҳ надодан ба тарсу ваҳм ва таҳлука аст. Ба ақидаи онҳо, 85% мардум бе ягон мушкилӣ дар шароити хона, ҳатто нафаҳмида, ки ба ин беморӣ дучор шудаанд, онро паси сар мекунанд.
Ҳамдиёрони азиз!
Биёед дар ин рӯзҳои мушкил ба ҳар гуна овозаю ҳангомаҳо дар атрофи ин беморӣ бовар накунем, зеро таҳлукаю изтироб пайомадҳои манфии рӯҳию равонӣ доранд, масунияти организмро заиф мегардонанд ва сабаби авҷ гирифтани бемориҳои дигар мегарданд.
Мо дар ин давраи барои мамлакат хеле ҳассос бояд якҷо бошем, оромию ваҳдати миллиро ҳифз намоем ва дар атрофи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар душвортарин рӯзҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба хиради азалии мардум ва таҳаммулпазирии он бовар дошт ва Тоҷикистонро аз вартаи нобудӣ наҷот дод, муттаҳид бошем. Фақат бо ҳамин роҳ ва албатта, кӯшишу заҳмати шабонарӯзии табибони ҳозиқамон- ворисони Абуалӣ Ибни Сино метавонем аз ин вабои аср наҷот ёбем.
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз табибон, ҳамшираҳои шафқат ва ҳамаи онҳое, ки дар ин рӯзҳои сахт дар беморхонаҳо барои наҷоти ҳар як инсони сироятшуда мубориза мебаранд, изҳори сипос менамояд. Дар ин рӯзҳои барои ҷомеаи мо сахт ва мушкил табибони мо вазифаи муқаддаси касбии худро бо масъулияти баланд иҷро менамоянд ва ҷони худро ба гарав гузошта, ҳамарӯза садҳо нафар ҳамватанони моро аз марг наҷот медиҳанд. Хизмати содиқонаи табибон ва қаҳрамонии ҳамарӯзаи онҳоро ҳар як фарди тоҷикистонӣ қадр менамояд ва арҷ мегузорад.
Мубориза бо пандемия мисли мубориза бо дигар хатарҳои глобалӣ азму кӯшиши ҳамагониро талаб мекунад. Академияи миллии илмҳо аз ҳама мардуми шарифи Тоҷикистон даъват менамояд, то барои пешгирӣ аз паҳншавии «COVID-19» вобаста ба имкониятҳои худ саҳмгузор бошанд. Олимони Академия ҳам дар ин кори хайр саҳми фаъол мегузоранд.
Дар озмоишгоҳҳои муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон корҳои илмӣ — таҳқиқотӣ вобаста ба пешгирӣ ва муолиҷаи COVID-19 идома доранд. Олимони Академияи мо истеҳсоли маҳлулҳои безараркунандаро ба роҳ монда, ба омӯзиши гиёҳҳои шифобахши ҷумҳурӣ, ки хосиятҳои зиддимикробӣ ва зиддивирусӣ доранд, машғуланд.
Ҳоло Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо аъзои Ассотсиатсияи академияҳои байналмилалии илмҳо ва қариб ҳамаи академияҳои илмҳои ҷаҳон ҳамкории ҳамарӯзаро дар самти мубориза бар зидии бемории COVID-19 ба роҳ мондааст. Айни замон дар ҳамкорӣ бо Академияи миллии илмҳои Беларус ва Академияи илмҳои табиатшиносии Чин Шӯрои вирусологӣ таъсис дода, ҳамарӯза табодули иттилоот ва корҳои илмию таҳқиқотиро дар ин самт ба роҳ мондаем, ки аз натиҷаи он мунтазам ба мардуми мамлакат иттилоъ хоҳем дод.
Ҳамватанони азиз!
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми тадбирҳои заруриро андешида истодааст, ки паҳншавии ин бемории хатарноки сироятиро пешгирӣ намуда, муолиҷаи мубталоёнро самаранок ба роҳ монад. Бо ин мақсад аз таҷрибаи муфиди дигар кишварҳо васеъ истифода шуда истодааст, беморхонаҳо бо таҷҳизоти тиббӣ ва дорувории зарурӣ таъмин карда мешаванд, биноҳои нави муҷаҳҳаз барои қабули мубталоёни эҳтимолӣ ба ин беморӣ омода шуда истодаанд. Олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон тамоми тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Тоҷикистонро якдилона дастгирӣ менамоянд ва аз сокинони мамлакат даъват ба амал меоранд, ки дар роҳи амалӣ намудани онҳо саҳмгузор бошанд.
Халқи тоҷик дар тӯли асрҳо на як бору ду бор бо ин гуна хатарҳо рӯ ба рӯ шудааст, эпидемияҳои ваҳшатнокеро низ таҷриба намудааст. Мо бовар дорем, ки ин рӯзҳои душворро бо якдигарфаҳмию сабру тоқат, эҳтиром ва кумаки якдигарӣ, эҳсоси раҳму шафқат нисбат ба мубталоёни ин беморӣ ва шахсони ба ёрии тиббӣ ниёзманд пушти сар хоҳем кард.
Сабру таҳаммул, меҳру муҳаббат нисбат ба наздикон, пиронсолон, барҷомондагон ва ниёзмандон суннати деринаи мардуми мост.
Маҳз муттаҳидӣ, якдилӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, дастгирӣ ва кумаки якдигарӣ, ба таҳлука дода нашудан, ки хоси мардуми мост, имконият фароҳам меоранд, ки аҳолии мамлакат ҳар чи зудтар аз ин беморӣ раҳо ёбад.
Аз ҳамватанони азиз даъват ба амал меорем, ки дастаҷамъона, бо азму рӯҳияи қавӣ, боварӣ ба ояндаи нек бо ин бемории сироятии нав мубориза барем ва барои ба ҳаёти муқаррарӣ баргаштани сокинони мамлакат кумак расонем.