Ҳимояи диссертатсия

26 апрели соли 2019, соати 15:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.KOA-021 назди Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимояи диссертатсияи Воҳидзода Умеда Сафарӣ дар мавзӯи «Таъминоти бехатарии иқтисодӣ дар шароити тараққиёти нобаробари минтақаҳои Тоҷикистон» (дар асоси маводҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон) барои дарёфти дараҷаи номзади илмҳои иқтисодӣ аз рӯи ихтисоси 08.00.05- Иқтисодиёт ва идораи хоҷагии халқ (амнияти иқтисодӣ) баргузор гардид.

Ҳимояи диссертатсия

26 апрели соли 2019, соати 13:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.KOA-021 назди Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимояи диссертатсияи Давлатзода Садриддин Хол дар мавзӯи «Такмил додани ташкили истеҳсолоти аграрӣ дар асоси принсипҳои устувори истифодаи замин»(дар асоси маводҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон) барои дарёфти дараҷаи номзади илмҳои иқтисодӣ аз рӯи ихтисоси 05.02.22 – ташкили истеҳсолот (тибқи соҳаҳо) баргузор гардид.

Шӯрои олимон

Рузи 26 апрели соли 2019 дар Институти иктисодиёт ва демографияи АИ ҶТ Шӯрои олимон баргузор гардид.
Рӯзномаи ҷаласаи Шӯрои олимон аз масъалахои зерин иборат буд.
1. Рафти иҷрои нақшаҳои умумӣ ва инфиродии докторантҳо, унвонҷӯён, аспирантон ва магистрантон дар семоҳаи аввали соли 2019
2. Ҳисоботи илмии бахши назарияи иқтисодии шуъбаи таҳқиқотҳои назариявӣ, таърихи иқтисод ва афкори иқтисодӣ.
3. Масъалаҳои ҷорӣ
3.1. Дар бораи ба нашр тавсия намудани монографияи илмии Маҷидова С.К., н.и.и., х.к.и.-и шуъбаи таҳқиқотҳои минтақавӣ ва ҷойгиркунии қувваҳои истеҳсолкунанда «Конкурентоспособность сельскохозяйственного производства: кластерный подход».
3.2. Пешниҳоди лоиҳаҳои илмӣ барои солҳои 2021-2025 (мудирони шуъбаҳои илмӣ)
3.3. Мактуби Роҳбари Дастгоҳи Иҷроияи ПҶТ аз 18 марти соли 2019 №32/10-45 оид ба пешниҳоди ҳуҷҷатҳо барои бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонидан.
3.4. Шаҳодатномаи Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бақайдгирии давлатии захираи иттилоотӣ (База статистической информации сельских и поселковых джамоатов-Махзани маъулоти ҷамоатҳои шаҳраку деҳот)

Конференсияи байналмилалӣ

Рӯзи 04 апрели соли 2019 ходимони илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи АИ ҶТ дар ҳайати – муовини директор оид ба корҳои илм ва таълим, д.и.и., профессор Мирсаидов А.Б., котиби илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи АИ ҶТ– Ҷалилов Д.Р. ва ходими пешбари илмии шуъбаи демография, н.и.т. Норқулов Ҳ.Ҳ. ҷиҳати иштирок дар кори конференсияи байналмилалӣ дар мавзӯи «Рушди саёҳӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамчун омили беҳдошти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии аҳолии минтақа», ки дар Донишгоҳи давлатии Бухорои Ҷумҳурии Узбекистон баргузор гардида буд, ба вилояти Бухорои Ҷумҳурии Узбекистон сафари хизматӣ намуданд. Инчунин, дар рафти сафари хизматӣ байни Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Бухорои Ҷумҳурии Узбекистон созишнома доир ба ҳамкориҳои илмӣ баста шуд.

photo_2019-04-04_10-25-35

5896547