МАҶЛИСИ УМУМИИ СОЛОНАИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

10 январи соли 2019 соати 9:00 дар толори Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси умумии солонаи Академияи илмҳо баргузор гардид. Дар охири ҷаласа Садридинов Сайфидин – н.и.киш-зӣ, ходими пешбари илмии шуъбаи таҳќиќоти иќтисодиёти воќеии Институти иќтисодиёт ва демографияи АИ ҶТ – барои меҳнати софдилона ва фаъолияти пурсамар дар рушди илми иќтисодӣ ва кишоварзии кишвар ва Шарапова Мадина Валиевна – китобдори Институти иќтисодиёт ва демографияи АИ ҶТ – барои меҳнати софдилона ва фаъолияти пурсамар дар фаъолияти илмӣ-ташкилии Институт бо “Ифтихорнома”-ҳои  АИ ҶТ сарфароз гардонида шуданд.

 IMG_3323

IMG_3328

 

Маҷлиси умумии солонаи Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносии АИ ҶТ

09 январи соли 2019 дар толори Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси умумии солонаи Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносии АИ ҶТ баргузор гардид, ки дар кори он бо маърӯзаи илмӣ директори Институти иқтисодиёт ва демографияи АИ ҶТ, доктори илми иқтисод, профессор, узви вобастаи АИ ҶТ Саидмуродов Л.Ҳ. дар мавзӯи «Асосҳои иқтисодии Стратегияи рушди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» баромад намуданд.

Боздид аз НБО-и Роғун

Рӯзи 08 январи соли 2019 ходимони илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи АИ ҶТ бо мақсади аз наздик шинос шудан бо корҳои сохтмонию васлгарӣ ва ба истифода додани аввалин чархаи Нерӯгоҳи барқи обии Роғун аз ин сохтмони бузурги аср дидан намуданд.

IMG_20190108_103425

20190108_113654

IMG_20190108_131200_1