Ҳимояи диссертатсияи Сабуров Маҳмадғаюр Рауфович

28 декабри соли 2018, соати 15:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.KOA-021 назди Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимояи диссертатсияи Сабуров Маҳмадғаюр Рауфович дар мавзӯи «Шуғли ғайрирасмӣ дар бахши кишоварзии иқтисодиёт ва роҳҳои асосии танзими он» (дар мисоли вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон), барои дарёфти дараҷаи номзади илмҳои иқтисодӣ аз рӯи ихтисоси 08.00.05.-Иқтисодиёт ва идоракунии хоҷагии халқ (иқтисодиёти меҳнат) баргузор гардид.

Ҳимояи диссертатсияи Зокирӣ Тоҷиддин Баҳриддин

28 декабри соли 2018, соати 13:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.KOA-021 назди Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимояи диссертатсияи Зокирӣ Тоҷиддин Баҳриддин дар мавзӯи «Такмили мезанизмҳои ташкилию иқтисодии идоракунии системаи фармоиши давлатӣ» (дар асоси маводи Ҷумҳурии Тоҷикистон), барои дарёфти дараҷаи номзади илмҳои иқтисодӣ аз рӯи ихтисоси 05.13.10.-Идоракунӣ дар низомҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ баргузор гардид.

Шӯрои олимон

Рузи 28 декабри соли 2018 дар Институти иктисодиёт ва демографияи АИ ҶТ Шӯрои олимон баргузор гардид.
Рӯзномаи ҷаласаи Шӯрои олимон аз масъалахои зерин иборат буд.
1. Ҳисобот дар бораи натиҷаҳои пешакии фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ва илмӣ-ташкилии Институт дар соли 2018 ва тасдиқи пешниҳод ба мақомоти дахлдор.
2. Дар бораи тасдиқ намудани Нақшаи чорабиниҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва илмӣ-ташкилии Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019.
3. Масъалаҳои ҷорӣ.

Мизи мудаввар

21 декабри соли 2018 дар толори Шӯрои олимони Институти иқтисодиёт ва демографияи АИ ҶТ мизи мудаввар дар мавзӯи: «Шуғлнокии самарабахши аҳолӣ ва усулҳои методикӣ-ҳисобии муайян намудани самараи иқтисодии он» баргузор гардид, ки дар он ба ҳайси маърӯзачӣ академики АИ ҶТ Раҳимов Р.К. баромад намуданд.

IMG_20181221_094453_HDR

IMG_20181221_092432

IMG_20181221_092601

Ҳимояи диссертатсияи Саидмуродов Шарифхон Маҳмадхонович

14 декабри соли 2018, соати 15:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.KOA-021 назди Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимояи диссертатсияи Саидмуродов Шарифхон Маҳмадхонович дар мавзӯи «Такмили методҳои паст намудани хавфу хатарҳои сармоягузорӣ дар корхонаҳои истеҳсолӣ» (дар асоси маводҳои корхонаҳои кишоварзии вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон), барои дарёфти дараҷаи номзади илмҳои иқтисодӣ аз рӯи ихтисоси 05.02.22.- Ташкили истеҳсолот (тибқи соҳаҳо) баргузор гардид.

Ҳимояи диссертатсияи Воҳидов Умар Маҳмадиевич

14 декабри соли 2018, соати 13:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.KOA-021 назди Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимояи диссертатсияи Воҳидов Умар Маҳмадиевич дар мавзӯи «Такмили усулҳои идоракунии гаронии андоз дар сатҳи субъектҳои хоҷагидорӣ» (дар мисоли корхонаҳои хурди Ҷумҳурии Тоҷикистон), барои дарёфти дараҷаи номзади илмҳои иқтисодӣ аз рӯи ихтисоси 05.13.10.- Идоракунӣ дар низмоҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ баргузор гардид.