«Хусусиятҳои фаъолияти бозори меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»

19 октябри соли 2018 дар толори Шўрои олимони Институти иќтисодиёт ва демографияи АИ ҶТ семинари илмӣ-назариявӣ баргузор гардид, ки дар кори он д.и.и., профессор Усмонова Т.Ҷ. дар мавзўи «Хусусиятҳои фаъолияти бозори меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад намуданд.

ҳимояи диссертатсияҳо

5 октябри соли 2018, соати 13:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.KOA-021 назди Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимояи диссертатсияи Сабуров Валишер Дӯстмаҳматович дар мавзӯи «Усулу воситаҳои мукаммалсозии идоракунии низоми минтақавии маъмурикунонии андоз» (дар асоси маводи вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон), барои дарёфти дараҷаи номзади илмҳои иқтисодӣ аз рӯи ихтисоси 05.13.10 – Идоракунӣ дар низомҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ баргузор гардид.

5 октябри соли 2018, соати 15:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.KOA-021 назди Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимояи диссертатсияи Раҳимов Зафар Сайдалиевич дар мавзӯи «Самаранокии иқтисодии истифодаи захираҳои энергия дар кишоварзӣ» (дар мисоли хоҷагиҳои кишоварзии вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон), барои дарёфти дараҷаи номзади илмҳои иқтисодӣ аз рӯи ихтисоси 05.02.22 – Ташкили истеҳсолот (аз рӯи соҳаҳо) баргузор гардид.