ЗАБОН - ҲАСТИИ МИЛЛАТ

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Сшб, 10/01/2024 - 10:08

Донишмандони забоншиноси мо дар хотир бояд дошта бошанд, ки қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ танҳо барои олимон нест, балки дастури амалиест, ки ҳадафи он саводнок кардани тамоми мардум буда, бояд ба ҳамаи табақаҳои ҷомеа дастрасу фаҳмо бошад.
                                                                                                                                                       Эмомалӣ Раҳмон

Санаи 01.10.2024 дар толори Шурои олимони Институт дар асоси Нақшаи чорабиниҳои илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ барои соли 2024 ва гиромидошти Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ходимони илмии муассиса дар мавзӯи «Забон - ҳастии миллат» семинари илмӣ баргузор гардид, ки дар он ходими калони илмии шуъбаи таҳқиқоти институтсионалӣ Шарафиддинова Гулчеҳра Ёдгоровна баромад намуданд.
Зикр карда шуд, ки имрӯз забони давлатӣ дар кишвари мо ҳамчун омили ҳамбастагии миллатҳо ва халқиятҳо эътироф гардидааст.
Маҳз бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз забони тоҷикӣ мавриди ғамхориву пуштибонии ҳаматарафаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифтааст.
 Воқеан, Пешвои миллат, чун вориси бонангу баномус оид ба рушди забони давлатӣ пайгирона талош меварзад ва ҳамеша таъкид мекунад, ки худшиносӣ, ифтихори ватандорӣ аз муҳаббат ба забони модарӣ шурӯъ мешавад. 

Барои ман забони тоҷикӣ натанҳо воситаи гуфтугӯю муошират ба шумор меравад, балки болотар аз он, шиносномаи миллати азизам, руҳи поки гузаштагонам ва оинаи осори ниёгонам мебошад.
                                                                                                                                                  Эмомалӣ Раҳмон

Меню: