Санаи 6-уми феврали соли 2025 вохӯрии роҳбарияти Институти иқтисодиёт ва демография Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ҳайати миссияи Бонки Умумиҷаҳонӣ бо мақсади ҷамъоварии иттилоот барои омода намудани Ҳисобот оид ба рушди иқтисод ва шуғли аҳолӣ - Баҳром Зияев (иқтисодчии пешбар), Франсиско Мораес Лейтао Кампос (иқтисодчии пешбар), Анна Сухова (иқтисодчии калон), Алишер Раҷабов (иқтисодчии калон), Тигран Шмис (иқтисодчии калон) ва Зуҳро Қурбонова (коршинос) баргузор гардид.
Дар рафти сӯҳбат масъалаҳои арзёбии имкониятҳои рушди иқтисод ва таъмини шуғли пурмаҳсул ва омилҳои таъсиррасон мавриди муҳокима қарор гирифт. Дар ин раванд, ба ҷанбаҳои гуногунпаҳлу, аз ҷумла ҷамъоварию коркарди иттилоот, самтгирии стратегии рушд ва афзалиятҳои соҳавию минтақавӣ таваҷҷуҳ дода шуд.
Вобаста ба дурнамои тақвияти ҳамкориҳо баррасии масъалаҳое зикр гардид, ки дарёфти роҳи муносиби пешбурд ва васеъ намудани низоми мубодилаи афкорро тақозо менамоянд.
Вохӯрӣ дар фазои солими корӣ ва мутақобилан судманд сурат гирифт.
+992 (37) 221-67-50 Асосӣ |
Харитаи сомона |
Тамосҳо |