12 декабри соли 2023 дар филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе вохӯрии директори иҷроияи филиал Ғаниев Р.Ғ. бо директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Шариф Раҳимзода ва раиси Ассотсиатсияи миллии менеҷерҳо ва маркетологҳо, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Базаров Ш.Ш. доир гардид. Дар ҷамъбасти мулоқот Ёддошти тафоҳум ва ҳамкорӣ ба имзо расид, ки ба шарикии дарозмуддат ва мутақобилан судманд нигаронида шудааст. Интизор меравад, ки санади мазкур ба ҳамоҳангии таълим, илм ва бизнес-навовариҳо мусоидат намуда, барои татбиқи ҳамаҷонибаи нерӯи ҷавонони мо заминаи воқеӣ фароҳам меорад.
Пас аз имзои Ёддошти тафоҳум меҳмонон бо донишҷӯёни филиал оид ба масъалаҳои мубрами дар муқаррароти Ёддошти тафоҳум зикргардида суҳбат намуданд. Қайд карда шуд, ки истеъдод, дониш, маҳорат ва қобилияти ҷавонони донишҷӯ дар роҳи расидан ба ҳадафҳои стратегии кишвар ва рушди босуръати он манбаи арзишманд мебошад.
+992 (37) 221-67-50 Асосӣ | Харитаи сомона | Тамосҳо |