Тоҷикона мепӯшем!

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Ҷум, 05/12/2023 - 14:45

Санаи 12-уми майи соли 2023 дар саҳни ҳавлии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ибтикори КИИ «Хирадмандон» - и ҲХДТ дар АМИТ ва бахшҳои маҳаллии Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши фарҳангии «Тоҷикона мепӯшем» баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур бонувон-ходимони илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ низ, иштироки фаъол намуданд.
Бонувони дар соҳаи илм фаъолбуда, новобаста аз синну сол либоси миллӣ ба бар карда, дар намоиш на фақат анъанаи либоспӯшӣ, балки ниҳоди басе соҳибҳувиятеро аз тариқи таҳаммулпазирӣ, хештаншиносӣ ва дарки ҳасосият дар зебошинохтии муосир намоиш доданд. Лозим ба ёдоварист, ки бонуи бо номи «тоҷик» муаррифишуда аз лиҳози зоҳиру ботин ҷолибу дилангез буда, зеҳнан намунаи ибрат маҳсуб мешавад. 

Меню: