Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон– ҳуҷҷати муҳими стратегӣ буда, дар он гузориши самтҳои асосии рушди кишвар таъмин гардидаст.
Дар баробари ин, Паёми соли 2024, чун анънана, дорои супоришҳои мушаххас мебошад, ки дар натиҷа таносуби муайянро дар байни стратегия ва тактика таъмин менамояд.
Муҳайё намудани зиндагии шоиста барои шаҳрвандони кишвар тӯли ҳадафи олии стратегӣ мебошад, аз ин рӯ - ҳамаи талошҳои Ҳукумат барои ноилшавӣ ба ин ҳадаф равона мегардад. Дар маҷмӯъ, ғояҳои асосии дар Паёми Президент баёнгардида барои ба таври куллӣ беҳтар намудани сифати зиндагии аҳолии кишвар нигаронида шудаанд.
Дар ин раванд вазифагузориҳо бо тақвияти механизмҳои рушди иқтисодиёти кишвар пайваст мебошанд.
Рушди иқтисоди кишвар дар соли 2025-ум дар сатҳи на кам аз 8 фоиз бояд таъмин гардад. Чунин суръатҳои рушд нисбати суръатҳои афзоиши аҳолӣ беш аз 3 маротиба баландтар аст, ки имконияти баландтар намудани сатҳи зиндагонӣ-ро пешниҳод менамояд. Дар ин раванд, зарурати ташаккул ва сафарбар намудани манбаҳои устувори рушд торафт афзун гардида, ривоҷи равандҳои инноватсионӣ ва ислоҳотҳои амиқро дар бахшҳои асосии иқтисодиёт тақозо мекунад.
Сарвари давлат самтҳои афзалиятноки рушдро муайян намуда, таваҷҷуҳро ба тақвияти заминаю сутунҳои асосии фаъолияти миёнамуддатро мушаххасу дақиқ таъмин намуд. Барномаи иқтисодии Паёми имсола нисбатан бештар ба вазифагузориҳои қарорҳои фундаменталии миёнамуҳлат пайваст буд, ки омили муҳими таъмини устувории рушд (бо назардошти зудтағйирёбанда будани вазъ дар бозорҳои ҷаҳон, афзоиши зарурати таъмини рақобатпазирии иқтисодиёт, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим) мебошад.
Дар силсилаи стратегия ва барномаҳои рушди кишвар сиёсати иқтисодии кишвар инъикоси худро меёбад. Амалишавии Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон (СМР) барои давраи то соли 2030 дар чорчӯбаи такмилёфтаи меъёрию ҳуқуқӣ (бо қабули силсилаи қонунҳои нави танзимкунандаи рушд ва таҳияи барномаҳои стратегӣ пайваст аст), гузориши ташаббусҳои нав (мисол, доир ба саноатикунонии босуръат, ташаккули иқтисодиёти сабз, рақамикунонии иқтисодиёт, рушди зеҳни cунъӣ), воридшавии васеътари Ҳадафҳои рушди устувор ба низоми идоракунӣ дар сатҳи кишвар ва минтақаҳо, тағйир ёфтани вазъ дар бозорҳои ҷаҳонӣ ва шарикони тиҷорату рушд баргузор мегардад, ки зарурати бозбинии раванди ислоҳоту навсозиҳоро афзун мегардонад.
Ҳамзамон, таҳлили амалисозии ду зинаи аввали иҷрои СМР дар доираи Барномаҳои миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 ва 2021 – 2025 зарурати баландтар намудани ҳамгироию ҳамоҳангсозии суръати пешбурду натиҷагирии ислоҳотҳо ва рушди бахшу соҳаҳои алоҳидаи иқтисодиётро талаб менамояд. Президенти мамлакат дар Паёми имсола таъкид гардонид, ки Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2026 – 2030 чун зинаи сеюми (ниҳоии) СМР то охири соли 2025 бояд таҳия ва пешниҳод гардад. Дар он ба «масъалаҳои рушди сармояи инсонӣ, тақвияти иқтидорҳои истеҳсолӣ ва истифодаи технологияҳои муосир, ташкили истеҳсоли молу маҳсулоти рақобатнок бо арзиши баланди иловашуда, пайванди илм бо истеҳсолот ва ташаккул додани иқтисоди ба дониш ва ихтироъкориву навоварӣ асосёфта таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад».
Пояи асосии иқтисоди ба дониш ва ихтироъкориву навоварӣ асосёфта бевосита ба рушди низомҳои - маориф ва тайёр намудани мутахассисон, илму техника ва навоварӣ, муҳити иқтисодӣ ва технологияҳои иттилоотӣ – коммуникатсионӣ такя менамояд. Президенти мамлакат баҳри тақвияти низомҳои мазкур супоришҳои мушаххас дод, аз ҷумла:
• солҳои 2025 – 2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон карда шуд, ки боиси такон бахшидан ба силсилаи фаъолиятҳо дар самти - таҳияи як қатор тадбирҳо оид ба таҳкими заминаи меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҷорӣ намудани технологияҳои нав; таҳкими асосҳои рақамӣ, аз қабили ташкили инфрасохтори муосири рақамӣ ва таъмини дастрасии ҳамаҷонибаи васеъ ба интернет, рушди низомҳои муосири алоқа, ташкили марказҳои маълумот ва платформаҳои рақамӣ; табдили соҳаҳои калидии иқтисодиёти ҷумҳурӣ, ки рақамикунонии онҳо метавонад ба рушди кишвар таъсири пай дар пай дошта бошад, аз ҷумла, гузариш ба ҳукумати рақамӣ, рақамикунонии соҳаи иҷтимоӣ, инчунин соҳаҳои асосии истеҳсолот, аз қабили энергетика, саноату кишоварзӣ ва таъсиси бахшҳои нав, масалан, технологияҳои молиявӣ мегардад. Дар ин раванд ишораҳо доир ба истифодаи васеи қарорҳои ҳушманд ва таъмини самаранокии истифодаи захираҳо хеле мухим аст;
• то 1-уми январи соли 2027-ум ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ (ба истиснои санҷишҳои мақомоти андоз) мораторий эълон карда шуд, ки ба ривоҷи фаъолияти соҳибкорӣ чун муҳаррики рушди иқтисод саҳмгузор мегардад. Ҳамзамон, таҳияи Стратегияи ҷалби сармояро барои давраи то соли 2040 чун яке аз омилҳои муҳими рушди иқтисодӣ, ки мунтазам бояд афзоиш ёбад, вазифагузорӣ шуд. Интизорӣ мешавад, ки суръатҳои афзоиши сармоягузорӣ баландтар аз суръатҳои афзоиши ММД таъмин мегардад. Ба воситаи бахши хусусӣ, ҷалби сармоягузории хусусӣ захираву имкониятҳои рушди назарраси соҳаи саноат дар сатҳи на камтар аз 20 фоиз бояд таъмин гардад. Дар ин раванд, интизориҳо бо афзоиши таваҷҷуҳ ба таъмини рушди зерсоҳаҳои афзалиятноки саноатӣ, махсусан бо зиёд гардонидани иқтидори содирот ва диверсификатсияи истеҳсолоти саноатӣ пайваст аст;
• сиёсати давлатии кишвар чун анъана ба иҷтимоёт нигаронида шудааст. Ин дар афзоиши мунтазами нафака, ёрдампулии иҷтимоӣ, стипендия ва маоши кормандони буҷетии бахши ҳифзи иҷтимоӣ, маорифу илм, тандурустӣ ва фарҳанг, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ ифода меёбад. Дар соли 2025 ин раванд боз идома меёбад. Ҳамзамон, маҷмӯи чорабиниҳо ба баландтар намудани дастрасӣ ба таҳсилот, хизматрасонихои тиббӣ мусоидат хоҳад кард;
• «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021 – 2030» бояд таҷдиди назар қарор гирифта шуда, ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод гардад. Дар маҷмӯъ, сармояи инсонӣ ва низоми маорифу илм ҳамчун тавлидкунандаи калидии кадрҳои соҳибихтисос барои кишвар хоҳад буд. Таваҷҷуҳ ба рушди сармояи инсонӣ ва захираҳои инсонӣ авлавияти баландтарин бояд бошад. Дар ин самт ворид шудан ба бозорҳои ҷаҳонии коркардҳои муосири илмӣ ва технологияҳо хеле муҳим аст. Кишвар дорои нерӯи рушдёфтаистода низоми маориф ва илм мебошад, ҷалби сармояи давлатӣ ва хусусӣ барои боз ҳам баландтар намудани ин иқтидор метавонад дар марҳилаи дарозмуддат нуқтаи муҳими рушди иқтисодӣ гардад.
Зарурати аз ҳоло шуруъ намудани фаъолият барои таъмини пешравии мамлакат ба сӯи ташаккул додани иқтисоди ба дониш ва ихтироъкориву навоварӣ асосёфта, ба назарамон, бо он пайваст аст, ки раванди мазкур тӯлони буда бо рушди инноватсионӣ вобаста аст. Интизориҳо дар ин самт ба ҳалли силсилаи масъалаҳо пайваст аст, аз ҷумла:
таъмини ҳамоҳангсозии рушди маҷмӯии соҳаҳои иқтисодиёти кишвар, сармоягузорӣ ва маблағгузории равандҳои инноватсионӣ ба ихтироъкориву навоварӣ асосёфта;
афзоиши иқтидори маорифу илм бо таваҷҷӯҳ ба таъмини тақвияти самти инноватсионии таҳсилот, рушди инфрасохтори иттилоотӣ;
беҳтар намудани муҳити институтсионалии рушди соҳибкорӣ - бо таъмини иштироки бахши хусусӣ дар банакшагирӣ, маблаггузорӣ ва таъмини иҷрои ташаббусҳо оид вориди навовариҳо ва истеҳсоли маҳсулоти илмталаб.
Имконияту натиҷаҳо дар самти мазкур аз ривоҷи фаъолияти дастаҷамъӣ дар силсилаи корҳои бо ҳам пайваст, аз ҷумла дар таъмини самаранокии таҳсилоту таълим, баландтар намудани сифати сармояи инсонӣ, рушди бозори меҳнати мутахассисони баландихтисос, маблағгузории тадқиқотҳои илмӣ-амалӣ аз тарафи давлат ва бахши хусусӣ, баландтар намудани тавонмандии мутобиқкунии технологияҳои муосир ба истеҳсолоти ватанӣ, ихтироъ намудани технологияҳои ватанӣ вобастагӣ дорад. Дар ин раванд, масъулияту салоҳияти кормандони муассисаҳои илмӣ - таҳқиқотӣ бояд баланд бошад.
Мудири шуъбаи моделсозӣ ва ояндабинии равандҳои
иҷтимоӣ-иқтисодии Институти иқтисодиёт
ва демографияи АМИТ, н.и.и. Муминова Ф.М.