ТАҚВИЯТИ КОРҲОИ ИЛМӢ-ТАҲҚИҚОТИИ ОЛИМОНИ ҶАВОН, ДОКТОРАНТОНУ УНВОНҶӮЁН ВА МАГИСТРАНТОН

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Ҷум, 02/20/2026 - 10:24

Санаи 20-уми феврали соли 2026 дар толори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо мақсади иҷроиши нақшаи чорабиниҳои Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷиҳати мақсаднок роҳандози намудани фаъолияти илмӣ-таҳқиқотии олимони ҷавон, докторантони анъанавӣ, унвонҷӯён, докторантон (PhD) ва магистрантон семинари методӣ бобати истифодаи самараноки имкониятҳои зеҳни сунъӣ, бақайдгирии саривақтӣ дар махзани ягонаи электронии РИНС ва тарзи дуруст овардани иқтибосоварии олимон баргузор гардид. 
Семинари методиро котиби илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, н.и.и. Обидова М.Р. ҳусни ифтитоҳ бахшида, зикр намуд, ки чорабинии имрӯза бо мақсади боз ҳам ҷоннок намудани корҳои илмии олимони ҷавон равона мегардад.  
Дар навбати худ, мудири шуъбаи таҳқиқоти иқтисодиёти бахши воқеӣ, н.и.и., дотсент Қодиров Ф.А. зимни рӯнамо (презентатсия) мубрамияти масъаларо таъкид намуда, муҳтавои онро дар шароити муосири пешрафти илму техника баён намуд. 
 Зимни пешниҳоди рӯнамо махзанҳои илмии электронӣ, имкониятҳо ва муаммоҳои зеҳни сунъӣ дар ҷараёни омода намудани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, истифодаи самараноки имкониятҳои барномаҳои гуногун зикр гардид, ки писанди тамоми иштирокчиён гардид.
Дар охир, чорабинӣ бо музокироти илмӣ ва баҳсу тавзеҳоти асоснок хотима бахшид. 
 

Меню: