Рӯзи 27-уми сентябри соли 2024 дар Институти иктисодиёт ва демографияи АМИТ ҷаласаи Шурои олимон баргузор гардид.
Рӯзномаи ҷаласаи Шурои олимон аз масъалаҳои зерин иборат буд.
1. Ҳисобот дар бораи натиҷаҳои фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ва илмӣ-ташкилии ИИваД дар нӯҳ моҳи соли 2024.
2. Тасдиқи мавзӯъҳои илмии унвонҷӯёни соли якуми таҳсил.
3. Гузаронидани аттестатсияи докторантони Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ - соли таҳсили 2022-2025.
4. Дар бораи тасдиқ намудани Кумитаи тадорукотӣ ҷиҳати ташкил ва гузаронидани конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Нақши диаспораҳо ва муҳоҷират дар рушди иҷтимоӣ-иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон».
5. Оид ба рафти иҷрои мавзӯи илмӣ-таҳқиқотӣ барои солҳои 2021-2025 «Таҳияи макромодели иқтисодиёти хурди кушоди Тоҷикистон» (рақами бақайдгирӣ №0121ТJ1113 аз 15.03.2021).
6. Дар бораи ба нашр тавсия намудани монографияи илмии шуъбаи таҳқиқоти назариявӣ ва робитаҳои иқтисоди хориҷӣ бо номи «Исследование вопросов инновационного развития экономики Республики Таджикистан».
7. Дар бораи ба нашр тавсия намудани монографияи илмии шуъбаи моделсозӣ ва дурнамогирии равандҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ бо номи «Саноатикунонии босуръат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: вазъ ва дурнамо».
8. Дар бораи ба нашр тавсия намудани монографияи илмии шуъбаи таҳқиқоти институтсионалӣ бо номи «Основные направления совершенствования институциональной инфраструктуры индустриального развития регионов».
9. Дар бораи ба нашр тавсия намудани монографияи илмии ходими пешбари илмии шуъбаи таҳқиқоти рушд ва ҷойгиркунии қувваҳои истеҳсолкунанда - н.и.и., дотсент Абдуалимов Баҳром Абдулазимович бо номи «Заминистифодабарии устувор – асоси таъмини бехатарии озуқавории мамлакат».
10. Дар бораи ба нашр тавсия намудани монографияи ходими пешбари илмии шуъбаи таҳқиқоти демографӣ - н.и.и. Бобозода Анвар бо номи «Равандҳои муосири муҳоҷирати аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон: мушкилиҳо ва роҳҳои ҳалли он (дар таҳрири нав)».
11. Дар бораи ба нашр тавсия намудани монографияи илмии д.и.и., профессор Мирсаидов А.Б. бо номи «Таъминоти институтсионалии истифодаи оқилонаи захираҳои истеҳсолӣ дар бахши воқеии иқтисодиёти минтақа».
12. Масъалаҳои ҷорӣ