Шӯрои олимон

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Сшб, 05/02/2023 - 08:56

Рӯзи 02 майи соли 2023 дар Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ ҷаласаи Шӯрои олимон баргузор гардид.

Рӯзномаи ҷаласаи Шӯрои олимон аз масъалаҳои зерин иборат буд.
1. Рафти иҷрои нақшаҳои умумӣ ва инфиродии докторантҳо, унвонҷӯён ва магистрантон дар семоҳаи аввали соли 2023
2. Оид ба рафти иҷрои мавзӯи илмӣ-таҳқиқотӣ барои солҳои 2021-2025 «Таҳияи нақшаи рушд ва ҷойгиркунии қувваҳои истеҳсолкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» (рақами бақайдгирӣ №0121ТJ1115, аз 15.03.2021)
3. Вазъи интишори монографияҳои илмии шуъбаҳо ва кормандони Институт дар панҷ соли охир
4. Оид ба муҳокимаи диссертатсияи унвонҷӯи Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ – Вализода Шавкат Шаробудин дар мавзӯи «Мукаммалгардонии низоми пардохтии ғайринақдӣ ҳамчун омили рушди иқтисодиёти рақамӣ» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодӣ аз рӯи ихтисоси 08.00.07 - Молия, гардиши пулӣ ва қарз, роҳбари илмӣ – д.и.и. Шарипов Б.М.
5. Оид ба муҳокимаи диссертатсияи унвонҷӯи Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Раҷабов Мухтор Аҳмадҷонович дар мавзӯи «Нерӯ ва рушди захираҳои инсонӣ дар низоми хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодӣ аз рӯи ихтисоси 08.00.06.04 - Ташкил ва идоракунии корхонаҳо, низомҳо ва комплексҳо, роҳбари илмӣ – н.и.и. Муминова Ф.М.
6. Оид ба муҳокимаи диссертатсияи унвонҷӯи Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Шарафидинова Гулчеҳра Ёдгоровна дар мавзӯи «Такмил додани ташкили истеҳсоли хизматрасониҳои таҳсилотӣ дар асоси таҳқиқоти маркетингӣ» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодӣ аз рӯи ихтисоси 08.00.06.04 - Ташкил ва идоракунии корхонаҳо, низомҳо ва комплексҳо, роҳбари илмӣ – д.и.и., профессор Мирсаидов А.Б.
7. Масъалаҳои ҷорӣ
7.1. Дар бораи ба нашр тавсия намудани васоити таълимии доктори фалсафа, PhD доктор аз рӯи ихтисос, доир ба иқтисодиёт, ходими калони илмии шуъбаи моделсозӣ ва дурнамогирии равандҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ Ғоибназаров Ғ.У. «Шаклҳои муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ: назария ва амалия».
 

Меню: