Парчамат парафшон бод, Тоҷикистони азиз!

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Пшб, 11/24/2022 - 11:53

Имрӯз мо дар арафаи таҷлили иди пуршукӯҳ, яъне рӯзи қабули яке аз рамзҳои давлатӣ, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем.
Тибқи муқаррароти моддаи 3-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ аст».
Бояд қайд намуд, ки қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таърихи худро дорад. Парчами нави давлатии Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар сессия Шурои Олӣ 24-ноябри соли 1992 тасдиқ карда шудааст.
Президенти мамлакат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади эҳтиром ва қадршиносӣ инчунин садоқат ба яке аз рамзҳои асосии давлат – Парчами Тоҷикистон, бо фармони худ аз 20-уми ноябри соли 2009 рузи 24-уми ноябрро рӯзи Парчами  давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон доштанд ва бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории худ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи рӯзҳои ид»-ро ба парлумони ҷумҳурӣ пешниҳод намуданд.
Боиси хушнудист, ки бо қабули Қонуни мазкур ҳар сол 24 ноябр ҳамчун Рӯзи иди Парчами давлатӣ бо ифтихору сарбаландӣ аз давлату давлатдории миллати тамаддунсози худ ҷашн гирифта мешавад.
Парчами миллии мо нишона аз таърихи чандин ҳазорсолаи халқи тоҷик буда, гузаштагони мо ҳазорсолаҳо аз ин пеш дар зери Парчами худ саф кашида, ватану миллат, номусу озодӣ, забону фарҳанг ва марзу буми аҷдодиро ҳимоя карданд. 
Аввалин Парчами қадимаи тоҷикон «Дирафши Ковиён» ном дошт, ки он ҳамчун рамзи Ваҳдат ва ягонагии давлатдории ориёӣ қабул карда мешуд. Хушбахтона ба шарофати истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистон соҳиби Парчами миллӣ, яъне таҷассумгари гузаштаи шоҳиён ва ояндаи дурахшони тоҷикон гардиданд. Дар ҷаҳони муосир доштани парчами миллӣ ин нишонаи истиқлолият аст. Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ рамзҳои асосии ҳар як давлат буда, нишонаи соҳибихтиёрӣ ва соҳибистиқлолии ҳамон давлату миллат маҳсуб мешаванд. Воқеан, Парчам дар фаъолияти давлатдорӣ, аз он ҷумла, дар гузаронидани чорабиниҳои расмию ғайрирасмии сиёсию фарҳангӣ, варзишӣ, ҳамчунин дар муносибатҳои байналмилалӣ ва дар ҳаёти ҳаррӯзаи ҳар як фарди ҷомеа мавқеъ ва нақши хоси худро доро мебошад.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз матои росткунҷа иборат буда, аз се хати уфуқӣ боло – сурх, миёна – сафед ва поён – сабз иборат мебошад. Дар маркази парчам тоҷи зарҳалишуда ва дар шакли нимдоира 7 адад ситораҳои панҷгуша тасвир ёфтаанд.
Бо ташаббуси бевоситаи Президенти мамлакатамон Эмомалӣ Раҳмон дар пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе, Ливои пуршарафи озодию соҳибистиқлолии Тоҷикистон бо баландии 165 метр сохта, баландии матои рангинкамони он ба 60 метр ва паҳноиаш ба 30 метр баробар мебошад, ки баландтарин манораи Парчам дар ҷаҳон аст.
Фархунда бод Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамкорони гиромӣ!

Ходими пешбари илмии шуъбаи
тадқиқоти инфрасохторӣ, н.и.и. 
Мирзоева Ҷ.П.
 

Тоҷикӣ

Меню: