Машварати коршиносони Консорсиуми марказҳои таҳлилии иқтисодии СҲШ (дар шакли видеоконференсия)

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Пшб, 02/12/2026 - 11:11

12 феврали соли 2026 таҳти раёсати намояндагони Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ машварати коршиносони Консорсиуми марказҳои таҳлилии иқтисодии СҲШ дар шакли видеоконференсия баргузор гардид. 
Дар машварат намояндагони Ҷумҳурии Беларус (Институти таҳқиқоти стратегии Беларус), Ҷумҳурии Ҳиндустон (Маркази омӯзиши СУС Институти савдори хориҷии Ҳиндустон), Ҷумҳурии Исломии Эрон (Вазорати фаъолияти иқтисодӣ ва молия), Ҷумҳурии Қазоқистон (ҶС «Институти таҳқиқоти иқтисодӣ»-и назди Вазорати иқтисоди миллӣ), Ҷумҳурии Халқии Хитой (Академияи тиҷорати байналхалқӣ ва ҳамкориҳои иқтисодии назди Вазорати тиҷорат), Ҷумҳурии Қирғизистон (Институти миллии ташаббусҳои стратегии назди Президенти Қирғизистон), Ҷумҳурии Исломии Покистон (Институти рушди иқтисодии Покистон), Федератсияи Россия (Академияи умумироссиягии савдои хориҷии Вазорати рушди иқтисоди Федератсияи Россия), Ҷумҳурии Тоҷикистон (Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон), Ҷумҳурии Узбекистон (Маркази тадқиқотҳои иқтисодӣ ва ислоҳоти назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Узбекистон).
Ҳамоиши мазкур бо сухани ифтитоҳии директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, д.и.и. Бобозода Комил Олимҷон оғоз гардид. Қайд гардид, ки Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ соли ҷорӣ роҳбарии Консорсиумро ба уҳда дорад. Дар суханронӣ оид ба дастовардҳо ва натиҷаҳои фаъолияти муштарак қайд карда шуда, ҳамчунин дурнамои ҳамкориҳои минбаъда ва тавсеаи иртиботи созанда ҷиҳати амалисозии вазифаҳои илмию таҳлилии муштарак муайян гардиданд. Дар ҷаласа ҳамчунин мавзуӣ таҳқиқоти Консорсиум ва нақшаи фаъолияти он дар соли 2026 баррасӣ карда шуданд. 
 

Меню: