ХУШХАБАР

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Пшб, 11/27/2025 - 11:07

27-уми ноябри соли 2025, дар Муассисаи давлатии «Театри давлатии академии драмавии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ», бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур бахшида ба таҷлили 31-солагии таъсисёбии ҲХДТ ва бо мақсади қадрдонии ғолибони даври ноҳиявии озмуни умумишаҳрии ҳизбии «Кумитаи иҷроияи ибтидоии фаъол», «Ташкилоти ибтидоии фаъол», «Вакили ташаббускор», «Корманди шоиста», «Беҳтарин таблиғотчии ҳадафҳои барномавӣ» ва «Хабарнигори  варзида», таҳти унвони «ҲХДТ – меъмори давлатдории навини тоҷикон» ҳамоиши тантанавӣ доир гардид.
Дар он роҳбари Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ – Хонзода Абдураҳмон Умар, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе – Шоҳиён Абдураҳим Маҳмадулло, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур – Каримзода Нилуфар Раҳмоналӣ, муовини раиси ноҳияи Шоҳмансур – Зуҳурзода Заррина, роҳбарон ва намояндагони кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳияи Шоҳмансур, вакилони маҷлисҳои вакилони халқи шаҳриву ноҳиявӣ, аъзои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан», курсантони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма ҳузур доштанд.
Дар ин чорабинии ҳизбӣ барои иштироки фаъолона дар даври ноҳиявии озмуни умумишаҳрии ҳизбӣ, дар номинатсияи «Ташкилоти ибтидоии фаъол» саҳми арзанда гузоштан дар тадбиқи бандҳои Барномаи ҲХДТ, масъулиятнокӣ дар иҷрои супоришҳои сохторҳои болоии ҳизб ва тақвияти фаъолияти дохилиҳизбӣ Ташкилоти ибтидоии «Навоварон»-и Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Хирадмандон»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ДИПЛОМ сарфароз гардонида шуд.
 

Меню: