ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН «ДАР БОРАИ САМТҲОИ АСОСИИ СИЁСАТИ ДОХИЛӢ ВА ХОРИҶИИ ҶУМҲУРӢ»Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Трансформатсияи индустриалии минтақаҳои деҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Ҷум, 05/27/2022 - 15:40

Санаи 27 майи соли 2022 дар Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар доираи татбиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва дар асоси қарори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз 25 майи соли 2022 №74 «Дар бораи Нақшаи баргузории чорабиниҳои илмӣ ва илмию техникӣ дар АМИТ барои соли 2022» конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Трансформатсияи индустриалии минтақаҳои деҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.

Конференсияи минтақавии «Идоракунии самаранок барои рушди иқтисодӣ»

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Чшб, 05/25/2022 - 15:14

Рӯзҳои 24-25 майи соли 2022 дар шаҳри Тошканти Ҷумҳурии Ӯзбекистон конференсияи минтақавии «Идоракунии самаранок барои рушди иқтисодӣ» баргузор гардид, ки дар кори он директори Институт – д.и.и., профессор Ш.Раҳимзода дар мавзӯи «Управление процессами сокращения бедности в Таджикистане» ва мудири шуъбаи таҳқиқоти институтсионалӣ, н.и.и., дотсент Бабаджанов Р.М. дар мавзӯи «Получение и использование фактических данных для сокращения бедности» суханронӣ намуданд.

Паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон

Ношир: WWW.IED.TJ Санаи интишор: Дшб, 05/23/2022 - 08:00

Ҷавонони азиз!

Бисту сеюми майи ҳар сол дар кишвари мо Рӯзи ҷавонон ҳамчун яке аз санаҳои муҳимми даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон таҷлил мегардад.

Бинобар ин, ҳамаи шумо – ҷавонони ватандӯсту хештаншиноси замони истиқлолро самимона табрик гуфта, бароятон комёбиву сарбаландӣ ва ба Ватани маҳбубамон, ки кишвари ҷавонӣ ва ҷавонон аст, сулҳу суботи ҷовидонӣ орзу менамоям.

Имрӯз ҷавонони мо такягоҳи воқеӣ, умед ва ифтихори ҷомеа ва давлати Тоҷикистон ба шумор мераванд.

Семинари ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи: «Саҳми академик Раҳимов Рашид Каримович дар рушди илми иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Ҷум, 05/20/2022 - 15:09

Санаи 20 майи соли 2022 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд дар Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд семинари ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи: «Саҳми академик Раҳимов Рашид Каримович дар рушди илми иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид, ки дар кори он ходимони илмии Институт бо роҳбарии директори Институт – д.и.и., профессор Ш.Раҳимзода, мудири шуъбаи таҳқиқоти муқоисавии иқтисодӣ, узви вобастаи АМИТ, д.и.и., профессор Саидмуродзода Л.Ҳ., мудири шуъбаи таҳқиқоти институтсионалӣ, н.и.и., дотсент Бабаджанов Р.М., ходими пешбари илмии шуъбаи таҳқиқоти и

Саҳифаҳо

Обуна ба Диҳиши саҳифаи асосӣ