ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН «ДАР БОРАИ САМТҲОИ АСОСИИ СИЁСАТИ ДОХИЛӢ ВА ХОРИҶИИ ҶУМҲУРӢ»Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздиди ходимони илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ аз Маҷмааи нассоҷии ҶСП «Ҷунтай Данғара Син Силу Текстил»

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Пшб, 12/05/2024 - 11:58

Бо мақсади таҳлили рушди механизмҳои инноватсионӣ ва рушди индустриявии минтақаҳои кишвар, аз ҷумла, пайвасти илм бо истеҳсолот санаи 05-уми декабри соли 2024 гурӯҳи кории ходимони илмии Институт дар ҳайати директори Институт – д.и.и., профессор Ш.Раҳимзода, мудири шуъбаи таҳқиқоти муқоисавии иқтисодӣ, узви вобастаи АМИТ, д.и.и., профессор Саидмуродзода Л.Ҳ., мудири шуъбаи таҳқиқоти институтсионалӣ, н.и.и. Алимов А.Л., ходими пешбари илмии шуъбаи таҳқиқоти назариявӣ ва робитаҳои иқтисоди хориҷӣ, н.и.и.

Шурои олимон

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Сшб, 12/03/2024 - 12:04

Рӯзи 03-юми декабри соли 2024 дар Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ ҷаласаи Шурои олимон баргузор гардид.

Рӯзномаи ҷаласаи Шурои олимон аз масъалаҳои зерин иборат буд.

Баррасии ҳисоботи солона дар Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Пшб, 11/28/2024 - 14:02

   Санаи 28 - уми ноябри соли 2024 дар толори Шурои олимони Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ натиҷаҳои бунёдиву амалии татқиқоти илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ ва самараҳои иқтисодиву иҷтимоии онҳо мавриди баррасиву муҳокима қарор гирифтанд. Дар баррасии ҳисоботи солона  ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, раиси Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ, д.и.ф., профессор Саломиён Муҳаммаддовуд Қаюм иштирок ва сухани ифтитоҳӣ намудаанд. 

Конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Ҷум, 11/22/2024 - 15:10

 22 ноябри соли 2024 дар толори Шурои олимони Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон  конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Нақши диаспораҳо ва муҳоҷирон дар рушди иҷтимоӣ-иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барпо гардид, ки дар кори он намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ, пажуҳишгоҳҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, олимону коршиносони самти муҳоҷират, ташкилотҳои байналхалқӣ, ҷамъиятӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

ПАРЧАМИ МИЛЛӢ - ТАҶАССУМГАРИ ДАВЛАТДОРИИ ТОҶИКОН ВА РАМЗИ ҲАСТИИ МИЛЛАТ ДАР ЗАМОНИ МУОСИР

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Пшб, 11/21/2024 - 10:00

Санаи 21 ноябри соли 2024 дар толори Шурои олимони Инсттути иқтисодиёт ва демографияи АМИТ мизи мудаввар баргузор гардид, ки дар кори он Ходими калони илмии шуъбаи таҳқиқоти демографӣ, Салимов Ю. дар мавзӯи «Парчами миллӣ - таҷассумгари давлатдории тоҷикон ва рамзи ҳастии миллат дар замони муосир» баромад намуданд. Дар рафти чорабинӣ таъкид намуданд, ки парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рамзҳои муҳимтарини давлатӣ буда, 24 ноябри соли 1992 тасдиқ гардида, то имрӯз рамзи ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ ва истиқлолияти давлатии мо ба ҳисоб меравад.

Саҳифаҳо

Обуна ба Диҳиши саҳифаи асосӣ