Конференсияи минтақавии «Идоракунии самаранок барои рушди иқтисодӣ»
Рӯзҳои 24-25 майи соли 2022 дар шаҳри Тошканти Ҷумҳурии Ӯзбекистон конференсияи минтақавии «Идоракунии самаранок барои рушди иқтисодӣ» баргузор гардид, ки дар кори он директори Институт – д.и.и., профессор Ш.Раҳимзода дар мавзӯи «Управление процессами сокращения бедности в Таджикистане» ва мудири шуъбаи таҳқиқоти институтсионалӣ, н.и.и., дотсент Бабаджанов Р.М. дар мавзӯи «Получение и использование фактических данных для сокращения бедности» суханронӣ намуданд.