ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН «ДАР БОРАИ САМТҲОИ АСОСИИ СИЁСАТИ ДОХИЛӢ ВА ХОРИҶИИ ҶУМҲУРӢ»Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Конференсияи илмӣ-назариявӣ бахшида ба «Рӯзи илми тоҷик»

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Ҷум, 04/14/2023 - 15:55

14 апрели соли 2023 дар толори Шӯрои олимони Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ шуъбаи таҳқиқоти муқоисавии иқтисодии Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар доираи Нақшаи чорабиниҳои илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ аз 31 марти соли 2023 бахшида ба «Рӯзи илми тоҷик» конференсияи илмӣ-назариявиро дар мавзӯи «Зарурат ва шартҳои татбиқи ислоҳоти пулию қарзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»» баргузор намуд. 

Чорабинии идона бахшида ба ҷашни байналмилалии "Наврӯз"

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Дшб, 03/27/2023 - 14:58

Рӯзи 19 марти соли 2023 ходимони илмии Институт дар ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, ки дар истироҳатгоҳи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон воқеъ дар дараи Ромит баргузор гардид, иштирок намуданд. Дар чорабинии мазкур аз тарафи бонувони Институт бо истифода аз анъанаҳои миллӣ ва мардумӣ дастархони  идона бо номи Ҳафт сину Ҳафт шин ороста гардид. Инчунин, дар чорабинии мазкур қисмати фарҳангӣ низ гузаронида шуд.

Конференсияи байналмилалӣ

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Ҷум, 03/10/2023 - 16:31

Санаи 10 марти соли 2023 дар доираи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вохӯрии панҷуми машваратии Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ Конференсияи байналмилалии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ: сиёсати ҳамҷаворӣ, ҳамёрӣ, дӯстии абадӣ ва рушди муштарак» баргузор гардид. Дар кори конференсия роҳбарону коршиносони марказҳои таҳлилии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва намояндагони васоити ахбори оммаи ватанӣ ва хориҷӣ ширкат варзиданд.

Саҳифаҳо

Обуна ба Диҳиши саҳифаи асосӣ