Афзалиятҳои рушди бахши молиявӣ дар давраи гузариш ба иқтисоди рақамӣ
Санаи 7-уми декабр бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ доир гардид. Аз соли 2011 то инҷониб дар асоси қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 7-уми декабр ҳамасола ҳамчун Рӯзи кормандони мақомоти молия қайд карда шуда, чун ҷамъбасти солонаи дастовардҳои молиячиён ва муассисаҳои молиявӣ мансуб меёбад.