Шурои олимон
Рӯзи 03-юми декабри соли 2024 дар Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ ҷаласаи Шурои олимон баргузор гардид.
Рӯзномаи ҷаласаи Шурои олимон аз масъалаҳои зерин иборат буд.
Рӯзи 03-юми декабри соли 2024 дар Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ ҷаласаи Шурои олимон баргузор гардид.
Рӯзномаи ҷаласаи Шурои олимон аз масъалаҳои зерин иборат буд.
Санаи 28 - уми ноябри соли 2024 дар толори Шурои олимони Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ натиҷаҳои бунёдиву амалии татқиқоти илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ ва самараҳои иқтисодиву иҷтимоии онҳо мавриди баррасиву муҳокима қарор гирифтанд. Дар баррасии ҳисоботи солона ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, раиси Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ, д.и.ф., профессор Саломиён Муҳаммаддовуд Қаюм иштирок ва сухани ифтитоҳӣ намудаанд.
22 ноябри соли 2024 дар толори Шурои олимони Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Нақши диаспораҳо ва муҳоҷирон дар рушди иҷтимоӣ-иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барпо гардид, ки дар кори он намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ, пажуҳишгоҳҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, олимону коршиносони самти муҳоҷират, ташкилотҳои байналхалқӣ, ҷамъиятӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Санаи 21 ноябри соли 2024 дар толори Шурои олимони Инсттути иқтисодиёт ва демографияи АМИТ мизи мудаввар баргузор гардид, ки дар кори он Ходими калони илмии шуъбаи таҳқиқоти демографӣ, Салимов Ю. дар мавзӯи «Парчами миллӣ - таҷассумгари давлатдории тоҷикон ва рамзи ҳастии миллат дар замони муосир» баромад намуданд. Дар рафти чорабинӣ таъкид намуданд, ки парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рамзҳои муҳимтарини давлатӣ буда, 24 ноябри соли 1992 тасдиқ гардида, то имрӯз рамзи ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ ва истиқлолияти давлатии мо ба ҳисоб меравад.
Санаи 20 - уми ноябри соли 2024 дар Раёсати АМИТ натиҷаҳои бунёдиву амалии татқиқоти илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ ва самараҳои иқтисодиву иҷтимоии онҳо мавриди барассиву муҳокима қарор гирифтанд. Роҳбарони лоиҳаҳои илмиву татқиқотии зерин аз натиҷаҳои татқиқот дар соли 2024 маърўза намуданд:
1. Масъалаҳои назариявӣ-методологии рушди инноватсионии иқтисодиёт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (рақами бақайдгирӣ №0121ТJ1116, аз 15.03.2021), зери роҳбарии д.и.и., дотсент Каримова М.Т.