Шурои олимон
Рӯзи 27-уми сентябри соли 2024 дар Институти иктисодиёт ва демографияи АМИТ ҷаласаи Шурои олимон баргузор гардид.
Рӯзномаи ҷаласаи Шурои олимон аз масъалаҳои зерин иборат буд.
Рӯзи 27-уми сентябри соли 2024 дар Институти иктисодиёт ва демографияи АМИТ ҷаласаи Шурои олимон баргузор гардид.
Рӯзномаи ҷаласаи Шурои олимон аз масъалаҳои зерин иборат буд.
Санаи 13-уми сентябри соли 2024 дар толори Шурои олимони Институт дар асоси Нақшаи чорабиниҳои илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ ҷиҳати омодагӣ ба ҷашни Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.06.2024 дар мавзӯи «Таъсири инноватсия ба равандҳои демографии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мизи мудаввар баргузор гардид, ки дар он мудири шуъбаи таҳқиқоти демографӣ, н.и.и. Субҳонов А.И. ва ходими пешбари илмии шуъбаи мазкур, н.и.и., Қодиров Ш. баромад намуданд.
Имсол мардуми шарифи Тоҷикистон ҷашни муқаддасу миллӣ – 33 солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистони маҳбубамонро дар фазои сулҳу суботи комили кишварамон таҷлил менамояд. Истиқлол барои мо иззату шарафи инсонӣ, нангу номуси миллӣ ва гузашта аз ин, бузургтарин дастовард ва муқаддастарин неъмат ба ҳисоб меравад. Қайд намудан ба маврид аст, ки чунин як гавҳари бебаҳо осон ба даст наомадааст ва ҳифзи он вазифаи муқаддаси ҳар як фарди тоҷику тоҷикистонӣ аст.
05 сентябри соли равон ба муносибати ҷашни 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шањраки академии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият, директорон ва олимону кормандони муассисаҳои имлию таҳқиқотӣ роҳпаймоии идона баргузор гардид.
Санаи 04-уми сентябри соли 2024 дар асоси банди 2-и қарори протоколи №29 ҷаласаи назоратии назди президенти Академияи миллии Тоҷикистон дар толори Шурои олимони Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ дар мавзӯи «Возрождение нефтегазового комплекса Таджикистана – это новый импульс обеспечения энергетической безопасности к преддверию 35-летию независимости Таджикистана» семинари илмӣ баргузор гардид, ки дар он муовини директори Институт оид ба масъалаҳои умумӣ Турсунов Исмат Ҷумаевич баромад намуданд.