Ваҳдати миллӣ- эҳёгари сулҳ
Сулҳу ваҳдат ифтихори миллати соҳибдилам,
Васфи онҳоро намояд, решаи ҷону дилам.
Дар миёни қавмҳо пайвастагӣ моро аз он,
Даҳр бинмояд ситоиш мардуми барнодилам.
Сулҳу ваҳдат ифтихори миллати соҳибдилам,
Васфи онҳоро намояд, решаи ҷону дилам.
Дар миёни қавмҳо пайвастагӣ моро аз он,
Даҳр бинмояд ситоиш мардуми барнодилам.
Рӯзи 24 июни соли 2022 дар Институти иктисодиёт ва демографияи АМИТ ҷаласаи навбатии Шурои олимон баргузор гардид.
Санаи 17-уми июни соли 2022 дар маҷлисгоҳи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалӣ зери унвони «Иҷлосияи XVI - уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - оғози марҳилаи нави давлатдории миллӣ» баргузор шуд. Конференсияро президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ намуданд.
Қаюмов Нуриддин 15 июни соли 1937 дар деҳаи Дар-дари ноҳияи Айнии вилояти Суғд таваллуд шудааст. Ӯ Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро соли 1961 хатм намуда, бештар аз 60 сол бо корҳои илмиву педагогӣ ва истеҳсолӣ машғул шудааст.
Тибқи Қарори Маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ аз 9 апрели соли 2022 №4 ва барқияи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе аз 25 майи соли 2022 №24 санаи 10 июни соли ҷорӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Навоварон»-и Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор гардид. Дар кори маҷлис Қурбонова Ширин – муовини раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбии «Хирадмандон»-и АМИТ иштирок ва суханронӣ намуданд.