КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМӢ-АМАЛИИ МУШТАРАКИ ТОҶИКУ УЗБЕК
Дар санаи 1 июни соли 2022 дар Донишкадаи байналмилалии Осиёи Марказӣ якҷоя бо Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Нақши шарикии стратегии Тоҷикистон ва Узбекистон дар таъмини рушди устувор дар Осиёи Марказӣ” баргузор гардид. Ин чорабинӣ дар остонаи сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Узбекистон дар таърихи 2-3-юми июни соли равон сурат гирифт. Конференсияро директори Донишкадаи байналмилалии Осиёи Марказӣ Анвар Носиров ифтитоҳ намуд.