+992 (37) 221-67-50 Асосӣ | Харитаи сомона | Тамосҳо |
Ҷаласаи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Узбекистон оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ
Рӯзи 12 марти соли 2024 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Узбекистон оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ баргузор гардид. Мулоқоти ҳайатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар шакли маҳдуд оғоз гардида, дар ҳайати васеъ идома ёфт.
Ҷаласа таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Абдулло Орипов баргузор гардид.
«Рӯзи Модар»
07 марти соли 2024 бо иштироки бонувони Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба таҷлили «Рӯзи Модар» чорабинии идона баргузор гардид. Директори Институт, д.и.и., профессор Шариф Раҳимзода тамоми занону бонувони Институтро бахшида ба «Рӯзи модар» табрик намуда, зикр карданд, ки Модар шахсест, беназир, фариштаест дар рӯи замин ва ҳуррест дар Боғи Ҷаннат. Меҳру муҳаббати Модар такрорнопазир аст. Ӯ муқаддастарин мавҷудоти рӯи олам аст, назирашро каси дигар надорад.
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар
Модарону бонувони арҷманд ва хоҳарону фарзандони aзиз!
Ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи модар, яъне ҷашне, ки барои ҳамаи мо бисёр азиз мебошад, самимона табрик мегӯям.
Ба ҳар яки шумо, пеш аз ҳама, саломативу хушбахтӣ, хонаи обод ва рӯзгори осуда орзу менамоям.
Басо рамзист, ки ин рӯзи муборак ҳар сол дар рӯзҳои нахустини бедоршавии табиат, бо накҳату нафосати баҳорӣ ва дар арафаи Наврӯзи байналмилалӣ таҷлил мегардад.
Зеро Зан – Модар сарчашмаву офарандаи ҳаёт, рамзи покиву зебоӣ, махзани меҳру вафо ва таҷассуми зиндаи муҳаббату самимият мебошад.
МУҶАССАМАИ ГӮЁИ ЗИНДАГӢ
Санаи 06-уми марти соли 2024 дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи модар таҳти унвони «Муҷассамаи гӯёи зиндагӣ» чорабинии бошкӯҳи фарҳангӣ баргузор гардид.