ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН «ДАР БОРАИ САМТҲОИ АСОСИИ СИЁСАТИ ДОХИЛӢ ВА ХОРИҶИИ ҶУМҲУРӢ»Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрии президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, д.и.и., профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо ҳайати кормандони Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Ҷум, 02/16/2024 - 14:00

   Санаи 16-уми феврали соли 2024 дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон вохӯрии президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, д.и.и., профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо ҳайати кормандони Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ баргузор гардид. 

НАҚШИ БОНУВОНУ ЗАНОН ДАР МЕҲВАРИ ПАЁМ

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Дшб, 02/12/2024 - 10:57

Санаи 12-уми феврали соли 2024 ҷаласаи Шурои бонувон дар соли 2024 баргузор гардид, ки дар кори он бонувон-ходимони илмии Институт иштирок намуданд. Дар ҷаласаи мазкур раиси Шурои бонувони АМИТ, д.и.ф., профессор Маҳмадҷонова Муҳиба Талъатҷоновна доир ба нуқтаҳои гуногуни Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози ақида намуда, нақши занону бонувонро дар меҳвари Паём муҳим арзёбӣ намуданд. Ҳамзамон зикр шуд, ки Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ ва сарнавиштсози мамлакат ба ҳисоб меравад.

Нишасти матбуотӣ дар АМИТ

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Пшб, 02/08/2024 - 10:16

Санаи 08-уми феврали соли 2024 дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки роҳбарону намояндагони сохторҳои гуногун, рӯзноманигорони телевизиону радио ва нашрияҳои ҷумҳурию шабакаҳои иҷтимоӣ нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
Дар оғоз Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон профессор Хушвахтзода Қ.Х. ҳузури намояндагони васоити ахбори оммаро ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, бо сухани муқадимавии хеш ба кори нишаст оғоз бахшид.

ТАЪЗИЯ

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Дшб, 02/05/2024 - 10:59

Раёсат ва Иттифоқи касабаи кормандону ходимони илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, бинобар даргузашти мудири шуъбаи таҳқиқоти институтсионалӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Бабаджанов Рустам Мирзоевич ҳамдардӣ баён намуда, ба аҳли оила ва наздикони марҳум сабри ҷамил хоҳонанд.

Саҳифаҳо

Обуна ба Диҳиши саҳифаи асосӣ