ҲАФТАИ ИЛМ ДАР ИНСТИТУТИ ИҚТИСОДИЁТ ВА ДЕМОГРАФИЯИ АМИТ
Дар Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамасола бахшида ба Рӯзи илм семинарҳои илмӣ-назариявӣ ва мизҳои мудаввар гузаронида мешаванд.
Дар Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамасола бахшида ба Рӯзи илм семинарҳои илмӣ-назариявӣ ва мизҳои мудаввар гузаронида мешаванд.
Санаи 05-уми апрели соли 2024 дар Акдемияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф солҳои 2020-2040», «Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», эълон гардидани соли 2024 ҳамчун «Соли маърифати ҳуқуқӣ» конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.
Рӯзи 02-юми апрели соли 2024 дар дар ҷаласаи Шурои диссертатсионии 6D.КОА-017-и назди Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳимояи рисолаи доктории докторанти Институт Бобозода Комил Олимҷон дар мавзӯи «Ташкили фаъолияти истеҳсолии инфрасохтори нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (назария, методология, амалия) аз рӯи ихтисоси 08.00.06.04 - Ташкил ва идоракунии корхонаҳо, низомҳо ва комплексҳо, таҳти мушовирии д.и.и., профессор Рауфӣ А. баргузор гардид.
Рӯзи 29-уми марти соли 2024 дар Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ ҷаласаи Шурои олимон баргузор гардид.
Рӯзномаи ҷаласаи Шурои олимон аз масъалаҳои зерин иборат буд.
Санаи 28 марти соли 2024 дар толори Шурои олимони Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мизи мудаввари илмӣ-амалӣ дар мавзўи «Рушди бозори меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши дотсент Р.М.Бабаджанов дар таҳқиқи он» баргузор гардид.
Дар кори мизи мудаввар ходимони илмии Институт, даъватшудагон аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи Тоҷикистону Россия (Славянӣ), Донишгоҳи Технологии Тоҷикистон, Донишгоҳи молия ва иқтисоди Тоҷикистон, Институти меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ва дигарон иштирок карданд.