ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН «ДАР БОРАИ САМТҲОИ АСОСИИ СИЁСАТИ ДОХИЛӢ ВА ХОРИҶИИ ҶУМҲУРӢ»Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тоҷикона мепӯшем!

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Ҷум, 05/12/2023 - 14:45

Санаи 12-уми майи соли 2023 дар саҳни ҳавлии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ибтикори КИИ «Хирадмандон» - и ҲХДТ дар АМИТ ва бахшҳои маҳаллии Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши фарҳангии «Тоҷикона мепӯшем» баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур бонувон-ходимони илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ низ, иштироки фаъол намуданд.

Раванди лексия-дарси кушод дар мавзӯи «Сиёсати пулию қарзӣ ва нақши он дар рушди иқтисодиёт»

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Чшб, 05/10/2023 - 16:16

Санаи 10-уми майи соли 2023 дар факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон лексия-дарси кушоди директори Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ, д.и.и., профессор Шариф Раҳимзода дар мавзӯи «Сиёсати пулию қарзӣ ва нақши он дар рушди иқтисодиёт» баргузор гардид. 
Дар лексияи мазкур ҳайати устодону профессорони факултети мазкур бо роҳбарии ректори Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, д.и.и., профессор Файзулло М. ва донишҷӯён иштирок намуданд.

Мизи мудаввар дар мавзӯи «Рушди ҳамкориҳои илмӣ-техникӣ миёни муассисаҳои илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркманистон: мушкилот ва дурнамо»

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Дшб, 05/08/2023 - 09:04

Санаи 08 майи соли 2023 дар маҷлисгоҳи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки олимону муҳаққиқон аз муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Туркманистон мизи мудаввар дар мавзӯи «Рушди ҳамкориҳои илмию техникӣ байни муассисаҳои илмии Тоҷикистон ва Туркманистон: мушкилот ва дурнамо» баргузор гардид.

Боздиди бонувон-ходимони илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ аз «Комбинати Шири Душанбе»

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Шнб, 05/06/2023 - 14:34

Бо мақсади омӯзиши пайвасти илм бо истеҳсолот ва рушди механизмҳои инноватсионӣ, санаи 06 майи соли 2023 як гурӯҳ бонувон-ходимони илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ аз «Комбинати Шири Душанбе» боздид намуданд.

Cеминари илмӣ-назариявӣ

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Ҷум, 05/05/2023 - 09:14

05 майи соли 2023 дар толори Шӯрои олимони Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ семинари илмӣ-назариявии доимоамалкунанда баргузор гардид, ки дар он ходими пешбари илмии шуъбаи таҳқиқоти демографии Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ, н.и.и. Бобоев Анвар Абдуллоевич дар мавзӯи «Нақши диаспораҳо ва муҳоҷирон дар рушди устувори иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон» баромад намуданд.

Саҳифаҳо

Обуна ба Диҳиши саҳифаи асосӣ