ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН «ДАР БОРАИ САМТҲОИ АСОСИИ СИЁСАТИ ДОХИЛӢ ВА ХОРИҶИИ ҶУМҲУРӢ»Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шӯрои олимон

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Ҷум, 05/26/2023 - 14:17

Рӯзи 26 майи соли 2023 дар Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ ҷаласаи Шӯрои олимон баргузор гардид.

Конференсияи минтақавии «Идоракунии самаранок барои рушди иқтисодиёт»

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Чшб, 05/17/2023 - 15:26

Рӯзҳои 17-18 майи соли 2023 дар шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон конференсияи минтақавии «Идоракунии самаранок барои рушди иқтисодиёт дар Осиёи Марказӣ» баргузор гардида истодааст, ки дар кори он директори Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ, д.и.и., профессор Ш.Раҳимзода ва мудири шуъбаи таҳқиқоти институтсионалӣ, н.и.и., дотсент Бабаджанов Р.М. иштирок ва суханронӣ намуданд.

Тоҷикона мепӯшем!

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Ҷум, 05/12/2023 - 14:45

Санаи 12-уми майи соли 2023 дар саҳни ҳавлии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ибтикори КИИ «Хирадмандон» - и ҲХДТ дар АМИТ ва бахшҳои маҳаллии Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши фарҳангии «Тоҷикона мепӯшем» баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур бонувон-ходимони илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ низ, иштироки фаъол намуданд.

Раванди лексия-дарси кушод дар мавзӯи «Сиёсати пулию қарзӣ ва нақши он дар рушди иқтисодиёт»

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Чшб, 05/10/2023 - 16:16

Санаи 10-уми майи соли 2023 дар факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон лексия-дарси кушоди директори Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ, д.и.и., профессор Шариф Раҳимзода дар мавзӯи «Сиёсати пулию қарзӣ ва нақши он дар рушди иқтисодиёт» баргузор гардид. 
Дар лексияи мазкур ҳайати устодону профессорони факултети мазкур бо роҳбарии ректори Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, д.и.и., профессор Файзулло М. ва донишҷӯён иштирок намуданд.

Мизи мудаввар дар мавзӯи «Рушди ҳамкориҳои илмӣ-техникӣ миёни муассисаҳои илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркманистон: мушкилот ва дурнамо»

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Дшб, 05/08/2023 - 09:04

Санаи 08 майи соли 2023 дар маҷлисгоҳи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки олимону муҳаққиқон аз муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Туркманистон мизи мудаввар дар мавзӯи «Рушди ҳамкориҳои илмию техникӣ байни муассисаҳои илмии Тоҷикистон ва Туркманистон: мушкилот ва дурнамо» баргузор гардид.

Саҳифаҳо

Обуна ба Диҳиши саҳифаи асосӣ