Ҷаласаи назоратии назди директор

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Сшб, 08/12/2025 - 10:52

Санаи 12-уми августи соли 2025 ҷиҳати иҷрои амрҳои президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз 23.07.2025, №30001/23-342 «Дар бораи Нақшаи чорабиниҳои АМИТ бахшида ба таҷлили 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», аз 08.08.2025, №30001/23-499 «Дар бораи таъсиси гурӯҳи корӣ оид ба санҷиши сатҳи ҳуҷҷатгузорӣ, иҷрои нақша-чорабиниҳои раёсат дар муассисаҳои зертобеи АМИТ» дар назди директори Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ, д.и.и. Бобозода К.О. бо иштироки мудирони шуъбаҳои илмӣ ва ходимони илмӣ ҷаласа баргузор гардид.
Дар рафти ҷаласа таъкид гардид, ки тибқи амри президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз 23.07.2025, №30001/23-342 моро мебояд, дар якҷоягӣ бо дигар муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Шуъбаҳои илмҳои ҷамъиятшиносии АМИТ бахшида ба таҷлили 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввари якҷоя доир намоем. Ҳамзамон, масъулони шуъбаҳои таҳқиқоти инфрасохторӣ ва таҳқиқоти демографӣ муваззаф гардиданд, ки тибқи бандҳои дуюм ва сеюми Нақша-чорабиниҳои илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ ҷиҳати омодагӣ ба ҷашни Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳоло омодагиро барои гузаронидани чорабиниҳои дар пешистода бинанд. Дар рафти ҷаласа директори Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ, д.и.и. Бобозода К.О. қайд намуданд, ки ҷиҳати иҷрои амри президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз 08.08.2025, №30001/23-499 раванди ҳуҷҷатгузорӣ дар шуъбаи муҳосиботи муассиса, иҷроиши сифатноки дастуру супоришҳои Раёсати АМИТ ва пеш аз ҳама тартибу интизоми корӣ аз ҷониби ходимони илмӣ ва мудирони шуъбаҳои ҷиддӣ ба роҳ монда шавад.   
 

Меню: