Сешанбе, Май 27, 2025

Конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Сшб, 05/27/2025 - 10:03

Санаи 27 майи соли 2025 дар Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар доираи татбиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва номгӯи чорабиниҳои Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Шурои олимон аз 28.01.2022, протоколи №1), конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Инъикоси равандҳои демографӣ дар барномаҳои давлатии рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ» баргузор гардид.

КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМӢ-АМАЛӢ

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Сшб, 05/27/2025 - 11:03

27 майи соли 2025 дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Пажуҳишгоҳи равандҳои сиёсӣ, дипломатия ва масоили ҷаҳонишавӣ конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Навсозии сиёсати иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: таҷрибаи байналмилалӣ ва хусусиятҳои миллӣ» баргузор гардид.