ҶОЙГОҲИ НАВРӮЗ ДАР ТАМАДДУНИ БАШАР
Мардумони ориёӣ, ба хусус тоҷикон барои тамаддуни башарӣ мероси бузурги илмию фарҳангиӣ боқӣ гузоштаанд. Бахусус гузаштагони миллати тоҷик дар бахшҳои шаҳрсозию меъморӣ (тахти Ҷамшед, катибаҳои Дориюши Кабир дар кӯҳи Бесутун, қасру кӯшкҳои Сосониён дар Мадоин, мақбараву мадориси Бухорову Самарқанд, Марву Машҳад, Саразму Тахти Сангин, Тоҷмаҳали Ҳиндустон) оламиёнро ба ҳайрат гузоштаанд.