Сешанбе, Март 4, 2025

Модар –гавҳари ноёб, ёвару раҳбар ва чашмкушояндаи дунёи ҳастии инсон

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Сшб, 03/04/2025 - 09:28

 Бахшида ба иди модарон ва бонувон.
«Модарон меҳрафзо ва машъали тобон, занон хонахудои дудмон ба шумор мераванд. Номи зан-модар муқаддасу гиромӣ аст, занон бо меҳри модариашон ба тарбияи фарзандон ва устувор намудани хонадон машғул гардида, таҳкими оила ва баланд бардоштани мақому манзалати хонадонро шараф ва номуси хеш мепиндоранд ва бо офият, самимият, лутфу муҳаббат ва садоқату шарофаташон номи зан-модарро муқаддас ва гиромӣ медоранд».
        Эмомалӣ Раҳмон

НАВРӮЗ – РӮЗИ НАВ ВА ИДИ ҚАДИМТАРИНИ АҶДОДИИ МОСТ

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Сшб, 03/04/2025 - 10:00

Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар баробари дигар анъанаву ойинҳои миллӣ, таваҷҷуҳ ба ҷашнҳои бостонӣ ҳам беш аз беш афзуд. Ҳоло аксари ин ҷашнҳои қадимӣ ба таври расмӣ гиромӣ дошта мешаванд. Имрӯз кам нафаре пайдо мешавад, номҳои  Сада, Наврӯз, Тиргон ва Меҳргонро нашунида, ва дар чорабиниҳои бахшида ба ин ҷашнҳо иштирок накарда бошад. Чунки дар иҷрои барномаҳои фарҳангӣ тамоми қишрҳои ҷомеа ва пеш аз ҳама омӯзгорону донишомӯзони муассисаҳои таълимӣ-илмӣ ва ходимони илмии АМИТ ҳам саҳми барҷаста доранд.