Андешаҳо пиромуни Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ аз 28 декабри соли 2024
Мардуми кӯҳанбунёду заҳматкаши Тоҷикистон ҷашнҳои 33 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-юмин солгарди қабули нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли худро бо ифтихору шукргузорӣ аз ватану ватандорӣ таҷлил нумуданд. Конститутсия ҳамчун санади тақдирсози давлати тоҷикон рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеаи кишварамонро фароҳам овардааст.