Ҷумъа, Ноябр 15, 2024

Эмомалӣ Раҳмон – барпокунандаи давлати навини соҳибистиқлол ва пайвандгари мардуми шарифи Тоҷикистон

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Ҷум, 11/15/2024 - 13:29

 Ба истиқболи 16-ноябр Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» рӯзи 16-ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шудааст. 15-апрели соли 2016 вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қонуни мазкур рӯзи президентро ворид гардонданд, ки дар асоси он ҳар сол дар кишвари азизу маҳбуби халқи тоҷик таҷлили он ҷашни муҳим ва бузургдошт ба роҳ монда шудааст.

ИҶЛОСИЯИ XVI-И ШУРОИ ОЛӢ, САРВАРИ ДАВЛАТ ВА РУШДИ ИҚТИСОДИЁТ

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Ҷум, 11/15/2024 - 15:00

Иқтисодиёти Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон, ки мутобиқ ба Энсиклопедияи советии тоҷик “республикаи индустриалию аграрӣ”[1]буду дар Маҷмуи маҳсулоти ҷамъиятии он ҳиссаи саноат зиёда аз 56,0 фоизро ташкил медод, шурӯъ аз соли 1985 вобаста ба саршавии раванди шикасти Иттиҳоди Шуравӣ ба мушкилӣ дучор шуда коҳиш меёфт.