Ҷумъа, Июн 7, 2024

ИЛМИ ИҚТИСОДИИ АКАДЕМИИ ВАТАНӢ ВА ТАЛАБОТИ ЗАМОН (дар ҳошияи вохӯрии Президенти мамлакат бо аҳли илм ва маорифи кишвар аз 30 майи соли 2024)

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Ҷум, 06/07/2024 - 13:48

 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суханронӣ дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар қайд карданд, ки «Мо бояд донем, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ илми ватанӣ дар масири пешрафти давлат ва иқтисодиёту иҷтимоиёти мамлакат чӣ хизмате анҷом дод. Ва мо чӣ тадбирҳое бояд андешем, ки илм дар кишвари мо ба талаботи замони тараққиёту таҳаввулоти зеҳниву технологӣ ҷавобгӯ бошад, роҳро барои рушду пешравии давлат ва ҷомеа ҳамвор созад, яъне ба давлат ва халқи Тоҷикистон хизмат намояд».